Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳавасманди ҳамкорианд

№19 (3320) 12.02.2015

Нимаи дуюми рӯзи 10 феврали соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод, тиҷорат ва илму фарҳанг, баррасӣ шуд.

Ба масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуданд.

Таъкид гардид, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад.

www.president.tj