Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани Корхонаи нави сементбарории ноҳияи Ёвон
24 августи соли 2016
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Боиси хушҳолии мову шумост, ки ин лаҳзаҳо, баъди ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб дар ноҳияи Ёвон, дар маросими ифтитоҳи боз як корхонаи азими саноатӣ, яъне корхонаи «Ҷунгтсай Моҳирсемент» қарор дорем.
Ба ин муносибат кулли саноатчиёни мамлакат ва ҳамаи шумо, ҳозирину меҳмонони гиромиро шодбош гуфта, итминон дорам, ки корхонаи имрӯза дар қатори дигар корхонаҳои сементбарории мамлакат барои амалисозии нақшаҳои ободгарона дар кишвари азизамон ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ саҳми арзишманд хоҳад гузошт.
Рӯйдодҳои имрӯза гувоҳи тадриҷан ва зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафҳои муҳими рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошанд. Зеро мо мақсад гузоштаем, ки тавассути таъсиси корхонаҳои гуногуни саноатӣ коркарди ҳар чӣ бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила, Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати тараққикардаи саноативу аграрӣ табдил диҳем.
Ҳукумати мамлакат ба хотири амалӣ намудани ин ҳадаф, хусусан, солҳои охир, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон минтақаи бузурги саноатӣ бунёд карда истодааст.
Тавассути ба роҳ мондани фаъолияти бомарому самараноки корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳия на танҳо дар вилоят, балки дар миқёси мамлакат торафт тақвият ёфта истодааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 1990 дар ноҳия ҳамагӣ шаш корхонаи саноатӣ фаъолият дошт.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо андешидани маҷмӯи тадбирҳо шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ҳамасола зиёд гардида, имрӯз ба 37 расидааст.
Агар дар соли 1991 истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия 197 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2015-ум ба 713 миллион сомонӣ баробар гардида, беш аз сеюним баробар афзудааст, ки ин натиҷаи хеле назаррас мебошад.
Дар давоми соли 2016 ва семоҳаи аввали соли 2017 дар ноҳияи Ёвон ба фаъолият шурӯъ намудани боз як қатор корхонаҳои бузурги саноатӣ пешбинӣ шудааст, ки корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот дар баъзеи онҳо аллакай ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, бунёди маҷмааи корхонаҳои истеҳсоли криолит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор ба охир расидааст ва рӯзҳои наздик ҳар сеи онҳо ба фаъолият оғоз мекунанд.
Ба кор шурӯъ кардани корхонаҳои зикршуда якҷо бо корхонаи сементбарории имрӯза ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Ёвон ва умуман кишварро хеле зиёд намуда, барои шаҳрвандони кишвар боз ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё менамояд.
Дар ҳолати бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаҳои сементбарорӣ ҳаҷми истеҳсоли солонаи он дар мамлакат зиёда аз 5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Яъне, мо имкон дорем, ки дар баробари таъмини талаботи дохилӣ ба ин намуди масолеҳи серистеъмоли сохтмон содироти онро ба хориҷи мамлакат васеъ ба роҳ монем.
Ҳамчунин, рақобати солим ва ҳамкории корхонаҳои соҳа имкон медиҳад, ки сифати маҳсулот мунтазам баланд гардида, дар бозорҳои хориҷи кишвар ҷойи муҳим пайдо намояд.
Дар робита ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар чӣ васеътар ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва истифодаи имкониятҳои содиротии мамлакат иқтидори иқтисоди миллиро торафт баланд мебардорад ва ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мусоидат менамояд.
Ҳозирини арҷманд!
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки ифтитоҳи корхонаи имрӯза боз як қадами устувор дар роҳи саноатикунонии мамлакат ва бартараф кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти масолеҳи сохтмон, инчунин воридоти таҷҳизоту технологияҳои ҳозиразамон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба сармоягузорон ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин – кишвари дӯсту ҳамсояи мо, инчунин ба ҳамаи муҳандисону коргарон барои ҳамкории дӯстонаву созанда, заҳмати пурмаҳсулу софдилона ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонии корхона изҳори сипос менамоям.
Корхонаи имрӯза бо истифода аз технологияҳои муосир ва бо риояи талаботи меъёрҳои экологӣ сохтаву муҷаҳҳаз гардонида, барои бунёди он қариб як миллиард сомонӣ (баробар ба 120 миллион доллари амрикоӣ) сармояи мустақим сарф шудааст.
Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона як миллиону 200 ҳазор тонна семент буда, дар он 800 нафар мутахассисону коргарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Инчунин, то охири соли 2016 барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ дар назди корхона коргоҳи истеҳсоли халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бо сарфи қариб 80 миллион сомонӣ (10 миллион доллари амрикоӣ) ва таъсиси 100 ҷойи нави корӣ бунёд карда мешавад.
Илова бар ин, аз ҷониби ширкати зикршуда дар нимсолаи якуми соли 2017 ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ (15 миллион доллари амрикоӣ) корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва 130 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Чанд лаҳза пештар мо санги асоси ду корхонаи зикршуда ва як мактабро, ки корхона онро аз маблағҳои худ барои 1280 нафар хонанда бунёд мекунад, гузоштем.
Бояд зикр намуд, ки ҳар як коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин сарчашмаи нави ғанигардонии Буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Корхонаи сементбарории Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Ҷунгтсай Моҳирсемент» сездаҳумин корхонаи истеҳсоли семент дар кишварамон мебошад ва тавре ки гуфта шуд, баробари ба кор оғоз кардани он иқтидори умумии истеҳсоли семент дар мамлакат ба беш аз 5 миллион тонна расонида мешавад.
Дар натиҷаи афзоиш ёфтани истеҳсоли семент дар дохили кишвар воридоти он аз хориҷи мамлакат босуръат кам гардида, дар давоми се соли охир беш аз 8 баробар коҳиш ёфтааст.
Агар соли 2013 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион тонна семент ворид шуда бошад, пас дар соли 2014-ум 513 ҳазор тонна ва соли 2015 ҳамагӣ 133 ҳазор тонна ворид гардидааст.
Акнун зарур аст, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои сохташуда таъмин гардида, махсусан, ба масъалаи дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулот ва тадриҷан зиёд намудани содироти семент эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат ба хотири осон гардонидани фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои пешбурди кори онҳо ҳамаи имконияту воситаҳоро сафарбар карда истодааст. Зеро рушди сармоягузориву соҳибкории истеҳсолӣ яке аз роҳҳои муассир ва асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамкории созандаи давлат бо бахши хусусӣ имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мунтазам беҳтар карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки воридоти технологияҳои пешрафта, таҷҳизоти муосир, истифодаи самараноки афзалиятҳои иқтисоди миллӣ ва имкониятҳои сармоягузории кишвар, аз ҷумла бо роҳи то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, ба омил ва неруи инсонӣ, яъне, коргарону мутахассисони соҳибкасб вобастагии калон дорад.
Яъне, неруи инсонӣ метавонад шароити иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро куллан дигаргун сохта, ба рафъи мушкилоти ҷомеа мусоидат намояд.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти дурнамои рушди иқтисоди миллӣ ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон ва омодасозии мутахассисони баландихтисосу лаёқатманд барои ҳамаи соҳаҳо ва пеш аз ҳама, барои соҳаи саноат тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дар арафаи биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат ба фаъолият оғоз кардани коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ нишонаи пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ ва қадамҳои устувори мо ба самти рушди дарозмуддати кишвар мебошад.
Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, халқе, ки аз имтиҳонҳои сахту сангини таърих муваффақона гузашта, бо иродаи матин то ба ин рӯзҳои нек расидааст, бо азму талоши созандаи худ зери парчами сулҳу ваҳдат ба комёбиҳои аз ин ҳам бузургтар ноил хоҳад шуд.
Дар фарҷом бори дигар ҷашни муқаддаси миллӣ – биступанҷумин солгарди Истиқлолият ва ҳамчун самараи неки соҳибихтиёрӣ ба фаъолият оғоз кардани корхонаи нави семенбарориро ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ва кулли ҳамватанони азизамон табрик гуфта, ба ҳар якатон саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед!