Тоҷикистону Қатар: Намунаи беҳтарини ҳамкорӣ

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

18665311825_3eec7c0489_oДаҳуми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири неру ва саноати Давлати Қатар Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Содаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди робитаҳои Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Қатар барои қабули даъвати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати расмии ин кишвар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об -барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) дар шаҳри Душанбе арзи сипос кард.

Президенти кишвар ҳамчунин аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қатар, аз ҷумла фаъолияти босамари ҶДММ «Қатар Диар Реал Истейт Инвестмент Компани – Тоҷикистон» ва лоиҳаҳои шаҳраки «Диёри Душанбе» ва Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин тадбирҳоро «намунаи беҳтарини ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ» номид.

Муҳаммад ибни Солеҳ ас-Сода ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруду паёми Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сониро расонида, ҳавасмандии кишварашро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид дошт.

Гуфтугӯйи судманд атрофи нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба таъсиси Бонки тиҷоратии қатарӣ ва маблағгузории Фонди рушди қатарӣ ба лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифт.

Бо изҳори қаноат аз вуҷуди заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар, ҳамзамон зарурати ба имзо расонидани чанд санади иловагӣ, аз ҷумла дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата, таъкид гардид.

www.president.tj