Тоҷикистону Покистон ҳамкории босамар доранд

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

18630897362_b969e509d6_oНуҳуми июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқоти судманди дуҷониба анҷом дод.

Масоили вобаста ба таҳким ва густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории босамари Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас, бо ҳузури ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ менамоем».

Тавре зикр гардид, заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистон аз 40 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун иборат аст. Бо изҳори қаноат аз суръати рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки тайи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 100 ҳазор то 100 млн. доллари амрикоӣ расидааст. Ҳар ду ҷониб изҳори бовар намуданд, ки бо чунин суръат ҳаҷми табодули тиҷоратӣ дар се соли оянда то ба зиёда аз 500 млн. доллари амрикоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Барои расидан ба ин ҳадаф фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мусоидат ба густариши равобити доираҳои соҳибкории ду кишвар, рушди фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетикаву саноат ва кишоварзӣ, истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон зарур дониста шуд.

Барои ҳар чӣ зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон ва дар шаҳри Исломобод ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор карда шавад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои вобаста ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, ҳамгироии босамари сохторҳои амниятию қудратии ду кишвар дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ сурат гирифт.

Зимни изҳороти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвари дӯст баҳои баланд доданд.

www.president.tj