Хотиррасон менамоем, ки мутобиқи моддаи 74-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошт.
Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаҳои 69 ва 70-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир намуд, ки мувофиқи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.
www.president.tj
ФАРМОНИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 69, 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои худро давом диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 18 ноябри соли 2013 №1