Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи Латвия ба Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо мешаванд

№62 (3208) 12.06.2014

10450322_660372087366314_7751283670250112636_o

Барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Тоҷикистон рӯзи даҳуми июни соли ҷорӣ бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар майдони назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои истиқболи расмӣ аз меҳмони олимақом дар назди Қасри Миллат ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзиншро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани Суруди миллии ду кишвар, гузашти сарони ду давлат аз назди қатор, арзи саломи меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон, ба ҷой овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат –Эмомалӣ Раҳмон ва Андрис Берзинш оғоз ёфт.

Хотиррасон бояд намуд, ки миёни Тоҷикистону Латвия фазои хуби сиёсӣ ва заминаи мусоиди қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавҷуд аст. Танҳо зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат, ки моҳи феврали соли 2009 ҷараён гирифта буд, чор санади ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, оид ба алоқаи ҳавоӣ ва машваратҳои сиёсии миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ба имзо расида буд.

Ҳамон вақт эълон гардида буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дарвозаи Латвия ба Осиёи Ҷанубӣ ва Латвия дарвозаи Тоҷикистон ба Аврупо гардад.

www.president.tj