Вохӯрӣ бо Чен Гопин

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

Чин 129 феврали соли 2016 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои амниятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Гопинро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат масоили густариши ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Хитой баррасӣ гардиданд.

- Мо кишвари Шуморо ҳамчун шарики боэътимод ва ҳамсояи наку медонем, зеро Тоҷикистонро ҷиҳати рушди бахшҳои муҳими ҷомеа ва таъмини амният ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамоед, — таъкид дошт дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо изҳори умед карданд, ки бо ҳамгироии муштарак ва бо такя ба муносибатҳои таърихии ҳусни накуи ҳамҷаворӣ метавонанд амнияту суботро дар ду кишвар ва минтақа нигоҳ доранд.

Ҳар ду ҷониб, ҳамчунин доир ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ин кишвари ҳамсоя табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот, инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои барои ҳар ду тараф манфиатовар суҳбат сурат гирифт.

www.president.tj