Вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Пан Ги Мун

№129 (3430) 28.09.2015

21775047005_02afe8bb5f_o

Шоми  27 сентябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню — Йорки ИМА дар ҳошияи Саммити ҷашнии 70-солагии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот орост.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

- Мо ба рушди ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид манфиатдорем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд, — зикр намуд дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Пан Ги Мун ва тамоми муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии ҳамешагӣ ва ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масоили об, пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, ки дар қарорҳои марбутаи Маҷмаи Умумии СММ инъикос ёфтаанд  ва кумаку дастгириашон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуда,  бо қаноатмандӣ зикр намуд:  ки «Ҳамкорӣ ва фаъолияти муштараки Ҳукумати Тоҷикистон ва агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид натиҷаҳои хуб доданд ва дар даҳсолаи охир ба коҳиши мунтазами сатҳи камбизоатӣ, ки ҳадафи рақами як аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аст, сабаб шуданд. Инчунин Тоҷикистон ба таъмини пурраи таълими  умумии ибтидоӣ ноил гашт ва дар кишвар марги модар ду баробар коҳиш ёфт. Бемории вараҷа бошад, комилан аз байн бурда шудааст».

Пан Ги Мун ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф ба Ню-Йорк ва иштироки бевосита дар  Иҷлосияи 70– уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос карда, аз таассуроти амиқи худ аз сафараш ба Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин бинобар натиҷаҳои дилхоҳи  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, бори дигар табрику таҳният гуфта, аз татбиқи босамар ва ҷамъбасти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015), ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, изҳори хушнудӣ намуд.

Ҷонибҳо доир ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли неруи барқ табодули назар намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба тағйирёбии иқлим, зиёд шудани офатҳои табиӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, бемориҳои сирояткунанда, зуҳуроти терроризм ва экстремизм, амният ва ҳифзи суботи минтақавӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар як силсила кишварҳо ва минтақаҳои олам, ифротгаройӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.

www.president.tj