Вохӯрӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев

№80-81 (3381-3382) 12.06.2015

1048073_846666562070198_1327264230831131791_oНуҳуми июни соли 2015 вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев баргузор шуда, масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла изҳор дошт: «Мо Ҷумҳурии Қазоқистонро шарики боэътимоди худ дар минтақа мешуморем ва омодаем, ки робитаҳои созандаю судбахш-ро бо он густариш диҳем».

Аз муҳайё будани заминаи хуби ҳамкорӣ ва воситаҳои тавсиаи робитаҳо миёни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Ба густариши бештари ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати кӯҳкорӣ, кимиёӣ, сохтмонӣ, дорусозӣ, техникаи барқӣ, мошинсозӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муҳайёсозии шароити боз ҳам беҳтари ҳуқуқӣ барои будубоши шаҳрвандони ду кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди ҳамдигар ҳам, аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва иқтисоди «сабз», сурат гирифт.

www.president.tj