Вохӯриҳои Пешвои миллат дар ҳошияи Конфронси дуюми оби Душанбе

№69 (4489) 07.06.2022

52126780255_e19085bcd7_o6 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

 Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон иштироки намояндагони Бонки осиёии рушдро дар Конфронси дуюми оби Душанбе нишони дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ карда, аз рушди шарикӣ тайи 4 соли ҳамкорӣ, ки дар самтҳои муҳим ва сатҳи баланд роҳандозӣ гардиданд, қаноатмандӣ изҳор намуданд.

Таъкид гардид, ки бастаи маблағгузориҳои Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон то ба ин дам 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз ду миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, танду­рустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро низ баррасӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 миллион доллар амалӣ шуда истодааст. Ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор мавриди таҳлил қарор гирифт.

Барои дастгирии Бонки осиёии рушд ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои он изҳори сипос карда шуд.

52126361876_7dc08ddb3c_o6 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштанд, ки тайи 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ густариш ёфта, феълан дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

То ба ҳол Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ кардааст, ки амалисозии онҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас доранд.

Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалби бештари маблағҳо барои рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва инкишофи бозори молиявии мамлакат, зарур дониста шуд.

Дар рафти мулоқот татбиқи чорабиниҳо оид ба бартарафсозии таъсири оқибатҳои манфии пандемия ба иқтисодиёти кишвар, ҷалби маблағҳо ва сармоя баҳри амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

52125369337_96df260c45_o6 июни соли 2022 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд. Хусусан, қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 натиҷаи неку назарраси ҳамкориҳо номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамоиши сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои «Рӯзномаи 2030 — барои рушди устувор», вусъати амалҳо ва шарикии кишварҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар «Қолаби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ», «Рӯзномаи амали Аддис — Абеба», «Созишномаи Париж» ва «Барномаи нави шаҳрҳо» мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот масоили иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои тағйир­ёбии он, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт низ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд.

Атрофи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, инчунин, дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯ сурат гирифт.

52128878074_869c4b9d3d_o7 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Ҳелга Шмидро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон нақши Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир дар паҳнои он муҳим арзёбӣ менамояд.

Таъкид гардид, ки иштироки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Конфронси дуюми байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи САҲА ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ мебошад.

Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд.

Дар ченаки иқтисодиву муҳити зист таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати рафъи пайомадҳои пандемияи коронавирус, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромарзии муташаккил ва истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон табодули андеша карданд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт.

52128994679_44cc375bda_o52129248405_3a950e5c07_o7 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардида, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он, инчунин, аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Даҳсола барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об ва пешбарии Ҳадафи 6-уми рушди устувор дар сатҳҳои гуногун мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои амалисозии ҳадафҳои барномаву стратегияҳо, аз ҷумла «Рӯзномаи 2030»-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, татбиқи «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», баргузории «Саммит оид ба дигаргунсозии маориф», «Саммити ҷаҳонии иҷтимоӣ», «Саммити ояндаи мо» ва дигар тадбирҳои муштарак, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ саҳми бузург мегузоранд, баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо алоқамандиро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин, барқароршавии пас аз пандемияи COVID-19 изҳор намуда, дар робита ба таҳдиду буҳронҳои ҷаҳонӣ, аз қабили  афзоиши нобаробарӣ, камбизоатӣ, гуруснагӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона, терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии COVID-19 вокуниши муштаракро зарур шумурданд.