18 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Сарони давлатҳо аз вазъи ҳамкориҳои байнидавлатии дуҷониба ва бисёрҷониба натиҷагирӣ карда, барои ба сатҳу сифати беҳтар расондани он омодагию ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Мулоқоти роҳбарони се давлат дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил доир гардид.
www.president.tj