13 июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар чаҳорчӯбаи муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, таъкид карданд: «Тоҷикистон ва Хитой шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳо дар ҳама шакл минбаъд амиқтар карда шавад».
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус, маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Хитойро, баррасӣ намуданд.
Ба ҷониби Хитой барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории сироятии коронавирус изҳори сипос шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин, дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, дахл карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.