Вохӯрии Пешвои миллат бо иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои АП СААД

№87-88 (4349-4350) 01.07.2021

51282365066_d9d3f3aaee_oЯкуми июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ — сиёсии СААД, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба ҳайси Раиси феълӣ, мо ба татбиқи пайгиронаи Нақшаи амали тасдиқшуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои қаблии ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, диққати махсус медиҳем.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари неруҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардонидашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба он хатару таҳдидҳо, зарур шумурда шуд.

Ба масъалаи вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин, ҷомеаи ҷаҳониро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризояти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.

Дар фарҷом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъмини амният ва суботи кафолатнок дар минтақаи масъулияти СААД барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронӣ Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёму дуруди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек расонда, масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Ассамблеяи парламентиро шарҳ дод.

www.president.tj