Вохӯрии Пешвои миллат бо Моҷид Ал-Қаҳтонӣ

№129 (4549) 19.10.2022

52436774346_e627f6d8e0_o18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд.

Зимни он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки раванди устувор касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳамкории ҳар ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баррасӣ намуданд.

Оид ба ҳамкории босамари кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории исломӣ, Муколамаи ҳамкории Осиё, Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг низ табодули андеша карда шуд.

Зимни баррасии масоили таъмини амният дар минтақаву ҷаҳон ва вазъи кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар самти таҳкими мубориза бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор карданд.

Дар рафти мулоқот оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯ сурат гирифт.