15-уми майи соли 2023 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ Кайрат Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳоди он оид ба корҳо бо ақаллиятҳои миллӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ошкоро ва созанда ҷараён дошта, мо кори Комиссари олии САҲА — ро дар таҳкими эътимоди мутақобила, иттиҳоди иҷтимоӣ ва дарки ҳуқуқи инсон қадр мекунем.
Таъкид гардид, ки сиёсати мо ба таҳкими ҳамаҷонибаи суботи дохилӣ, инчунин, таҳаммулпазирии байни миллатҳо ва динҳо нигаронида шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонаш, сарфи назар аз миллат, нажод, дин ва забон, чораҳои мушаххас меандешад.
Зимни вохӯрӣ ба масъалаи робитаҳои дуҷониба дар самтҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ, рушди маориф, фарҳанг ва забонҳо, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
www.president.tj