Меҳрнома ба Пешвои миллат

Як каф гандум

№125 (4545) 07.10.2022

51635832800_dc79a3bb8d_oСалом, духтари ширинзабону доноякам Маҳбуба!

Номаатро гирифтам. Гирифтаму пеш аз ҷавоб  додан онро такрор ба такрор хондам. Аз чӣ сар кардани суханро надониста, ба андеша фурӯ рафтам. Охир ту дар бораи Сарвари кишварамон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон нома навиштанро хоҳиш кардаӣ.

Духтарам  Маҳбуба! Биё, хубаш, номаро на бо суханҳои бодабдаба, ки дар китобҳои бадеӣ  мешавад, балки аз нақли Умед ном ятим, ки соли 1992 — соли ҷанг 12 — сола буд, оғоз намоям. Ман ба ин  навиштаи ӯ, ки аз мазмуни ҳикоя бармеояд, сарлавҳа низ  ёфта, онро  «Як каф гандум» номидам.

Замонҳои саршавии қаҳтӣ буд. Рӯзе ба деҳаамон лӯлизанҳо омаданд. Яке аз онҳо ба ҳавлии мо даромад. Хароб, чеҳрааш офтобсӯхта, дар сараш рӯймоли сиёҳранг. Ман ӯро ба хона дароварда гуфтам: «Дидед, чӣ тавр зиндагӣ дорем? Чизе дар даст надорем. Ҳайронам, шуморо бо чӣ меҳмондорӣ кунем. Ҳатто нони қоқ низ ёфт намешавад. Бубахшед, апа!»

Дастони модарам, ки дар як кунҷи хона хоб мерафт, аз гушнагӣ кабуд шуда, ба чӯби хушк табдил ёфта буд. Лӯлизанак як ба модарам, як ба ман  нигоҳ карду ҳеҷ чиз напурсид. Ӯ ба як кунҷ нишаста, бухчаи дар дасташбударо кушод, ки дар вай як каф гандум буд. Хонаро бӯи форами ана ҳамин гандум фаро гирифт. «Аз одамон бисёр чиз талбида гирифтагӣ ҳастам. Акнун фурсати онҳоро гардондан расидааст». Лӯлизанак инро гуфту баромада рафт.

Гандумро бирён карда хӯрданӣ будем, ки модарам намонд. Хоҳиш кард, ки теппаи ба хонаамон часпидаро мулоим намуда, гандум пошам. Ман гандумро дар замини худам кишт намудам.

Зимистонро илоҷе карда гузарондем. Аз ноҳия  ба оилаҳои бепарастор даҳкилоӣ орд медоданд. Нон набошад, гӯштбирён низ намефоридааст. Гандуми коридаи мо дар баҳор як сатил дони хубу  аъло дод. Рӯзҳои бенонӣ буд. Ба модарам  «ҳамин  гандумро нон карда  хӯрем» гуфтам.

- Не! — гуфт модарам. — Ба гандум нарас. Гандум барои тухмӣ истад.

Дар ин байн баъзе аз одамони деҳа ба  касалии домана гирифтор шуданд. Ҳар  рӯз ба гӯристон як-ду тобут  бурда мешуд. Шиками одамони гандуми  заҳрдор истеъмолкарда дам карда, се рӯз нагузашта аз олам мерафтанд. Модарам ва додарам бо ҳамин касалӣ дар беморхона хоб рафтанд. Бо ҳамсояамон Нурмат — амак гӯсолаамонро забҳ кардем. Шӯрбо пухта, ба дидани модарам ва додарам ба беморхона рафтем. Модарам, ки рангурӯяш дока барин сафед гашта буд, як гапро такрор мекард:

- Умедҷон, ҳамон як сатил гандумро ба замин пош…

Модарам ба мурда шабоҳат дошт. Зарур донистам, ки хоҳиши ӯро иҷро намоям. Ба хона омада, як сатил гандумро ба замини побелкарда пошидам. Дар ин байн хоҳарам ҳам, ки аз паси ман соя барин мегашту ёрдамчии ягонаи ман буд, ба касалии домана гирифтор шуд. Ӯро низ ба беморхона бурданд.

Рӯзе Нусрат — амак «либосҳоятро пӯшида баро, ба як ҷо меравем», гуфтанд.

- Амакӣ, беморхона-чӣ? Охир модарам, додарам, хоҳарам…

Ҳамсоя абрӯяшро чин кард:

- Гард, «бизнес» мекунем. Пул кор мекунӣ. Ба бемор ту не, хӯрок даркор, нон даркор.

Мо бо Нурмат — амак ба кӯҳи Рангон рафтем. Байни зимистону баҳор, ҳоло дар кӯҳҳо кӯрпаи барфҳо ало-було шуда хоб мерафт. Нусрат  — амак ба як канори Элаксой, ки дар пастии кӯҳ оромона чарх зада, равон мешуд, тӯр партофта будааст. Ман то зону ба об даромада, моҳӣ сур мекунам. Нусрат-амак тӯрро ба сӯи соҳил мекашад. То бегоҳӣ халтаамон аз моҳӣ пур шуд. Пойҳоям аз  хунукӣ варам  карда буд. Нусрат — амак ба даҳон нос партофта, «рав, ҳезум чида биёр» гуфт. Тару хушки ҳезум чирс-чирс шарора бароварда месӯхтааст. Ҳар дуи мо гарм шуда, ба хона омадем. Субҳи  содиқ моҳиҳоро фурӯхтем. Хуллас, то модарам сиҳат шуда аз беморхона баромаданашон  ба гуфти  Нусрат- амак моҳӣ  «бизнес» кардем.

Вақте ки аз беморхона бармегаштем, модарам пурсид:

- Гандум чӣ шуд, писарам?

- Надонам, шӯра зер карда хоб рафтагист. Ман бо шикори моҳӣ банд будам.

- Як бинем, чӣ тавр шуда бошад. Дар беморхона хоб дидам. Гандум баробари зону  баланд шудааст, — гуфт модар.

Бечора модарам нолида-нолида қадам мегузошт. Базӯр ба хона расидем. Ба теппаи пушти хона, ки гандум кошта будам,  роҳ гирифтем. Гандумамон то зону қад кашида, дар шамол алвонҷ хӯрда истодааст. Аз вазнинии хӯшаҳо пояҳояш ба замин мерасад. Афсона! Модарам ба алафҳои теппа такя намуда, базӯр нафас мегирад. Шодияшро пинҳон карда натавониста механдад. Мефармояд, ки досу халта биёрам. Аз хурсанд шудан низ метарсем.

Ҳамон рӯзҳо дар кӯҳҳои Рангон як гурӯҳ силоҳбадастон такудав карда мегаштанд. Гуфтаи онҳо қонун буд. Ба деҳа даромада, одамон чизе, ки доштанд, тороҷ карда мерафтанд. Як гурӯҳашон дар роҳи Фахробод  сарсарӣ гаштугузор мекарданд.

Ана, мо аз ҳамин роҳ боигарии худ-халтаҳои аз гандум пургаштаро ба ароба бор карда, ба сӯи хона мерафтем. Офтоб ба пушти кӯҳҳо менишаст. Дар нимторикӣ симои даҳшатноки силоҳбадаст намоён шуд. Мо бо модарам ҳайкал барин шах шуда мондем.

- Чӣ, бор вазнинӣ карда истодааст?

- Ҳа, вазнин.

- Дар халтаҳо чӣ ҳаст?

- Алаф даравидем.

- Аз куҷо мешавед?

- Аз Фахробод.

Дар ҳамин лаҳза аз пушти сангҳо боз ду силоҳбадаст, ки шарикони силоҳбадас­ти ришдор буданд, баромаданд.

- Аз куҷо омада истодаед?

- Аз пушти теппа,- гуфтам ман досро, ки дар дастам  меистод, сахттар дошта, «ғинг» — гӯяд бо дос мефарорам, вале гандумро муфт намедиҳам, худ ба худ мегуфтам.

- Чӣ, мардон набуданд?

Забони модарам гирифта, дар беморхона ба касалии домана гирифтор шуда хоб будани додаронам ва дар қайди ҳаёт набудани падарамро ба онҳо гуфта, раҳми роҳзанҳоро овард. Мусаллаҳон ба роҳашон равон шуданд. Онҳо пеш-пеш, ба гирду атроф нигоҳ карда, саф кашида мерафтанд. Мо аз паси онҳо ароба  ронда, хоҳам-нохоҳам қадам мезадем. Онҳо як қадам монанд, мо ним қадам мемондем, зеро аз гандумамон, ки бомашаққат  ба даст омадааст, маҳрум шудан намехостем. Ниҳоят аз сӯе, ки  онҳо дер боз чашм дӯхта меистоданд, як мошини «Жигули»-и рақамҳояш пачақшуда омад. Силоҳдорон бори дар пушти мошинбударо дида, хандиданд. Дар борхонаи мошин гӯсфанди почаҳояш маҳкам басташуда мехобид. Роҳзанҳо аз гӯсфанди муфт бадастомада хурсанд шуда, ба мошин нишаста, аз чашм дур шуданд. Модарам ларзида-ларзида гиребонашро дошт:

- Ғоратгарон. Тавба, тавба…

Ҳамон рӯз як илоҷ карда, аз гардиши роҳи калон, ки ғоратгарон сарсарӣ мегаштанд, гузашта ба хона омадем. Бечора модарам монда шуда буд. Шояд аз сабаби сахт тарсидан бошад, ки дигар аз ҷо нахест. Ман бошам, ба хонаи мулло Карим, ки осиёб дошт рафтам. Мулло Карим аз гандум ҳиссаи калон пурсид. Аз се халтаи ордшуда яктояш аз ман гуфт. Ман розӣ нашудам.

Саҳарӣ ба пеши Нусрат- амак рафтам. Нусрат-амак мулло Каримро ба инсоф даъват карданӣ шуду баъд барои чӣ бошад, аз фикраш гашт. Сарашро хорида, каме фикр карда истоду  «додар ист» — гуфта, нардбон оварда, ба боми хонаи худ такя кунонд. Ӯ аз бом асбобу анҷомҳои чӯбинро ба замин фаровард. Хулоса, мо бо Нусрат- амак осиёби сангин сохтем. Гандуми дар халтабуда ба орди  сафеди хушбӯй  табдил ёфт. Нусрат-амак аз ин орд як каф ҳам нагирифт. Модарам аз  ин орд як бор хамир карда, нон хӯрд. Дигараш ба ӯ насиб нагашт. Домана ӯро бемадор карда буд. Баъди як ҳафта аз модарам ҷудо гаштем…

Ман ба ятимхона афтидам. Президент ба ману  додару хоҳарам падарӣ карданд. Мактаби ятимхонаро хатм намуда, бо Квотаи президентӣ Донишгоҳи давлатии аграриро ба итмом расондам. Ҳоло дар ноҳия ҳамчун мутахассис фаъолият мекунам. Дар хонаамон акси  модарам овезон аст. Дар мехи поёни сурат як каф гандум. Агар ҳайкалтарош мешудам, муҷассамаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар даст як каф гандумро дош­та  истодааст, метарошидам. Оре, ба  Президенти мо, падари ҳамаи ятимҳо — ­Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи тиллоӣ  мегузоштам. Ба падарамон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳатто лӯлиҳои  талбандаро ба саховатмандӣ роҳнамоӣ кардааст, ҳайкал мегузош­там…

Духтарам, Маҳбуба!

Аз он ки номаи ҷавобиро бо ҳикояи як бачаи ятим оғоз карда, ба поён расонидам, узр мехоҳам. Агар ба ту шавқовар бошаду боз нома навиштан хоҳӣ, хатман ба номаат ҷавоб мегардонам, зеро дар бораи Президент суханони  муҳиму шавқовар бисёр аст.

Бо эҳтиром,

Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон