Забони модариро дар сатҳи аъло донистан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар аст

№124 (4544) 05.10.2022

Коллаж

Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯи сурху сари баланди мо — тоҷикон — яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Яъне, забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мус­тақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаш­тааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, оинаи рӯзгор, расму оин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад. Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Мо бояд шукрона кунем, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Эмомалӣ РАҲМОН,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон