Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат имсол 700 — солагии ӯро дар саросари кишвар васеъ ҷашн мегиранд, оғоз гардид.
Ба ифтихори ин санаи муҳим бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи шафати оромгоҳ ва гунбазҳои мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи фармоишгар — Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншоотҳои инфрасохтории иҷтимоӣ азнавсозӣ карда шуд.
www.president.tj