БОБОЕВ МАҲМАДЁҚУБ РУСТАМОВИЧ

Бобоев2 январи соли 1968 дар ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ)-и вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДМТ)-ро соли 1995 ва шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳро соли 2005 хатм намудааст.

Дар вазифаҳои коргари Заводи консервабарории ноҳияи Москва, сармуҳосиби ширкатҳои хусусии «Ситораи хушбахт», «Рустам», сардори шӯъбаи банақшагирӣ-молияи Иттиҳодияи савдои чаканаи «Хӯрокворӣ»-и ноҳияи Фрунзе (Сино)-и шаҳри Душанбе, сармуҳосиби Маркази тиҷоратӣ, бозорҳои «Деҳқон» ва «Шоҳмансур»-и Раёсати савдо ва бозорҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, директори тиҷоратии ҶДММ «Сино» кор кардааст.

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2021

Аз соли 2005 инҷониб сармуҳосиби идораи рӯзномаи «Садои мардум» мебошад.