АБДУЛЛО ДАЛЕР АБДУЛЛО

photo1707907067Абдулло Далер Абдулло 15 майи соли 1981 таваллуд шудааст.

Солҳои 1998-2003 дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи сурх хатм кардааст.

Хатмкардаи магистратураи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи ихтисоси “Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ” (солҳои 2012-2014) ва факултети “Идоракунии давлатӣ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2017 – 2020) мебошад.

Фаъолияти меҳнатиаш замони донишҷӯӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» ба сифати хабарнигор шурӯъ гардида, солҳои 2006 – 2014 ба ҳайси мудири шуъбаи ин рӯзнома ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи майи соли 2014 инҷониб муовинии сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-ро ба уҳда дорад.

Номзади илмҳои сиёсӣ буда, дар мавзуи «Нақши ниҳоди Пешвои миллат дар ҳифзи таҳкими Истиқлоли давлатӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)» рисолаи илмӣ ҳимоя кардааст.

Бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали “Марзбон”, медали «100-солагии матбуоти тоҷик», «30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷуҳурии Тоҷикистон», сипосномаҳои гуногун қадрдонӣ шуда, Аълочии матбуот, фарҳанг, илм ва маорифи кишвар аст.

Мақолаҳои навиштааш дар якчанд озмунҳо сазовори ҷойи аввал шудаанд. Муаллифи китобҳои “Родмарде дар масири сиёсат”, “Нигоҳбони роҳи ҳаёт”, “Нахли ҳақиқатбор”, Тағйирнопазир» ва «Касбият, садоқат, ҷасорат» мебошад.