МИРЗОАЪЗАМ МАҚСУДОВ

26-феврали соли 1963 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Б.Ғафуров, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б.Ғафуров мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро дар соҳаи матбуот соли 1986 дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд)-нашрияи МИҲД вилояти Суғд ба сифати мусаҳҳеҳ оғоз кардааст. Минбаъд дар ин рӯзнома то соли 1994 ба сифати сармусаҳҳеҳ, котиби техникӣ, мухбири «Шӯъбаи сиёсӣ» ва масъули инъикоси ҳаёти комсомолону ҷавонон фаъолият бурдааст.

Аз он пас то соли 2005  ҳамчун котиби матбуоти Раёсати корҳои дохилаи вилоят, котиби матбуои комиҷроияи вилояти Ленинобод ва корманди масъули Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз соли 2005 то соли 2012 дар идораи рӯзномаи русзабони «Согдийская правда» -нашрияи МИҲД вилояти Суғд дар вазифаҳои мудири шӯъбаи кишоварзӣ, котиби масъуд, муовини сармуҳаррир  ва сармуҳаррир фаъолияти корӣ дошт. Солҳои 2012-2014 сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд «Сухани халқ» буд. Ҳамзамон то моҳи майи соли 201 мухбири махсуси нашрияи КИМ ҲХДТ «Минбари халқ» дар вилояти Суғд шуда кор мекард. Моҳи майи соли 2017 хабарнигори «Садои мардум» дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Фаъолияти зиёда аз 30 солаи кориаш дар соҳаи матбуот (2009) бо нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва якчанд Ифтихорномаҳои МИҲД вилояти Суғд, МИҲД шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Б.Ғафуров қадршиносӣ шудааст.