АТОБУЛЛОЕВ ШАРИФ

DSC_0147 — копияАтобуллоев Шариф Солиҳович 31 январи соли 1989 дар деҳаи Нарвади ноҳияи Айнӣ ба дунё омаддаст. Соли 2006, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ноҳияи Айнӣ ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011 донишгоҳро хатм кардааст. Дар давраи таҳсил бо ВАО ҳамкории зич дошт. Пас аз хатми донишгоҳ (соли 2011) дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон (солҳои 2011-2012) ба фаъолият шурӯъ кард. Аз соли 2013 то 4-уми январи соли 2023 дар вазифаи хабарнигори шуъбаи иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоии нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Садои мардум» фаъолият кардааст. Аз 4-уми январи соли 2023 то октябри соли 2023 дар вазифаи муҳаррири шуъбаи номаҳо, ахбор, робитаҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият кардааст. Аз 2-юми октябри соли 2023 инҷониб муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва сиёсати иҷтимоӣ мебошад.

Бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика, “Раҳматнома”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз соли 2009 узви Иттифоқҳои журналистони Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.