АМИНИЁН ХӮҶАНАЗАР ФАЙЗУЛЛО

DSC_1967 — копия1.  Рӯз, моҳ ва соли таваллуд: 20-03-1972.

2. Ҷойи таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон,  н. Файзобод, Ҷамоати деҳоти  Калъаи Дашт, деҳаи Элок.

3. Ҷойи истиқомат: шаҳри Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ-307, хонаи 16.

4. Миллат: тоҷик.

5. E-mail: aminov.hujanazar@mail.ru

 Маълумоти таҳсилот:

 1980-1990  Мактаби миёнаи № 11-и деҳаи Элок.

1991-1995  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ.

Соли 2006 Курси такмили ихтисоси хабарнигори телевизион оид ба инъикоси руйдодҳои байналмилалӣ дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия.

Соли 2017 Курси такмили ихтисоси хабарнигории ВАО дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин

 Таҷрибаи корӣ:

 1995-1996 – мудири шуъбаи мухбирони минтақавии «Телевизиони Тоҷикистон».

1996-1999-мухбири махсуси «Телевизиони Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон.

1999-2005-муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон».

2005-2006- Сармуҳаррири Идораи барномҳои иқтисодии  «Телевизиони Тоҷикистон».

2006-2008-Муовини аввали Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон».

2008-2011-Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии  «Телевизиони Тоҷикистон».

Аз моҳи феврали соли 2011-то моҳи ноябри соли 2011 мудири шуъбаи танзими барномаҳои  «Телевизиони Тоҷикистон».

Аз моҳи ноябри соли 2011 то моҳи ноябри соли 2015-Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон».

Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 муовини Директори «Телевизиони Тоҷикистон».

Аз моҳи майи соли 2016 то 13-уми июли соли 2022 Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон».

Аз 13-уми июли соли 2022 бо Қарори якҷояи Раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сармуҳаррири Рӯзномаи «Садои мардум» таъин гардид.

  Хизматҳои Аминиён Хӯҷаназар Файзулло бо мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2006), Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии матбуот (соли 2012), Аълочии фахрии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) Аълочии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022) ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2022) қадр карда шудааст.

  Ҳамчунин Аминиён Хӯҷаназар Файзулло дар давоми фаъолияти кории худ барои хизматҳои арзанда  ва  инъикоси чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ дар «Телевизиони Тоҷикистон» бо Медали ҷашнии «20-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (соли 2018) Медали ҷашнии «20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2018) Медал «Барои хамкорӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (соли 2021) Нишони ҷашнии «15-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2019) Медал «Барои хамкории зидди мухадиротӣ»-и Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) Медали ҷашнии «25-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (соли 2021) Медали ҷашнии «25-солагии Куввахои мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (соли 2021) сарфароз гардонида шудааст.

 Аминиён Хӯҷаназар Файзулло  дар ин давра ҳамчунин барои хизматхои шоён ба як катор ифтихорномаю сипосномаҳои вазорату идорахо, Кумитаҳои давлатӣ ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентиҳои давлатӣ ва назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қадрдонӣ карда шудааст.

 Аминиён Хӯҷаназар Файзулло дар давоми фаъолияти кории худ дар Телевизиони Тоҷикистон барои иштирок дар конфронсу чорабиниҳои омӯзишии воситаҳои ахбори омма ва инъикоси чорабиниҳои муҳим ба шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Урумчи, Пекин, Ичан, Ухан, Синан, Сиан, Хубей ва Шанхайи Ҷумҳурии  Мардумии Чин, шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Киеви Украина, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрҳои Москва, Уфа ва Оренбурги Федератсияи Россия, шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Бишкеку вилояти Исиқкули Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрҳои Дубай ва Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи  Араб сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

    Аминиён Хӯҷаназар Файзулло  аъзои ҲХДТ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

 Оиладор,  соҳиби  4 фарзанд, 2 писару 2 духтар аст