ШОҲҚОСИМОВ ШОТОЛИБ

1 декабри соли 1951 дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1975 шӯъбаи форсии факултаи забонҳои шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ)-ро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати тарҷумон дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» оғоз намудааст. Минбаъд дар ҳамин рӯзнома вазифаҳои мухбири шӯъбаи маориф ва маданият (1976-1985), иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи маориф (1985-1986), иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи сохтмони советӣ ва маданият (1986-1987) ва мудири шӯъбаи сохтмони советӣ ва маданиятро бар дӯш доштааст.

Аз соли 1992 инҷониб муҳаррири шӯъбаи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва маънавиёти рӯзномаи «Бадахшон», ҳамзамон хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» -нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуда кор мекунад.

Очерку мақолаҳояш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Машъали социализм дар Боми Ҷаҳон» (1985), «Вассофони Бадахшон» (1991), «Поси хотира» чоп шудаанд.

Муаллифи китобҳои «Корномаи падарон» (2005), «Суруди нотамом» (2006) аст.

Барои хизматҳои арзанда дар пешрафти матбуоти тоҷик бо унвони фахрии «Журналисти шоистаи Тоҷикистон» (1994) ва медали ҷашнии «65-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945» қадрдонӣ гардидааст.

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2009), узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.