МИРЗОЕВ ХОЛИҚ ТӮРАЕВИЧ

DSC_2227 — копия(Абдухолиқ Мирзозода)

15 январи соли 1963 дар деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар оилаи ҳунарманд – оҳангар таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1989 шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм намудааст. Солҳои 1979 – 1981 колхозчии колхози ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи мазкур кор кардааст. Фаъолияти рӯзноманигории хешро соли 1989 дар рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи меҳнат» — и ноҳияи Муъминобод оғоз бахшидааст. Баъдан дар ин рӯзнома вазифаҳои мудири шуъбаи истеҳсолот ва иқтисодиёт (1990 – 1992), мудири шуъбаи кишоварзӣ (1992 – 1996), ҷонишини сармуҳаррир (1996 – 1998) иҷро намудааст. Аз соли 1998 то 2000–ум ба сифати хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2016 ба ҳайси рӯзноманигор ва аз соли 2021 муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум»  кор карда аст.

Аз моҳи июли соли 2023 инҷониб муовини аввали Сармуҳаррири идораи рӯзномаи «Садои мардум» мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.