УСМОНОВ МАҲМУДҶОН САЙМУРОДОВИЧ

(Маҳмудҷон Усмон)

DSC_2259Соли 1986 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 2009-2019 дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ҳайси хабарнигор, муҳаррири шуъба, котиби масъул ва муҳаррири масъул фаъолият дошт.

Солҳои 2010-2012 аспиранти кафедраи журналистикаи байналмилалии ДМТ буд. Аз моҳи сентябри соли 2016 ҳамчун ассистент ба факултети журналистикаи ДМТ ба кор даромада, як соли аввал дар кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ, сипас (августи соли 2017) ҳамчун ассистенти кафедраи журналистикаи байналмилалии донишгоҳ фаъолият кард.

Соли 2018 дар мавзӯи “Тобишҳои моҷарои Афғонистони асри XXI дар матбуоти тоҷик” рисолаи илмӣ дифоъ намуда, дорандаи дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Барандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рӯзноманигорӣ (2014) аст.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) мебошад.

Моҳи июли соли 2019 ба рӯзномаи “Садои мардум” ба кор омада, аз моҳи ноябри соли 2020 ҳамчун муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” таъин гардид.