СОДИҚОВ ЁҚУБҶОН

(ЁҚУБИ СОДИҚ)

Содиқов Ёқубҷон Хуршедович, 23-юми феврали соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 2009 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлобро хатм намуда, баҳри соҳиби маълумоти олӣ гаштан, ҳамон сол ба факултаи «Иқтисод ва идора»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, соли 2015 бо ихтисоси «менеҷер – иқтисодчӣ» хатм намуд.

Давоми таҳсил дар Телевизиони Кӯлоб ба ҳайси хабарнигор фаъолият кард.

Аз аввали соли 2014 то моҳи апрели соли 2017 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳайси мутахассис, мутахассиси пешбар ва сармутахассис дар минтақаи Кӯлоб кор карда, аз апрели соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳайси хабарнигори махсус дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти хизматӣ дорад.