(ҲУСЕЙНИ НАЗРУЛЛО)
20 майи соли 1954 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст (1976). Фаъолияти кориашро дар Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ходими хурди илмии шӯъбаи мероси адабӣ оғоз бахшида, сипас, аз соли 1982 то соли 1996 дар Кумитаи давлатии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ дар вазифаҳои муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъбаи идораи барномаҳо барои ҷавонон ва адабӣ кор кардааст. Аз соли 1991 то соли 1996 сармуҳаррири идораи барномаи дуюми (студияи «Фурӯғи Ориёно») Радиои Тоҷикистон буд.
Баъдан дар вазифаҳои мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ноҳияи Зафаробод (1996-2000), котиби матбуотии раиси шаҳри Истаравшан ва сарвари студияи телевизиони маҳаллии «Курушкада» (2000-2003) фаъолият намудааст.
Аз оғози соли 2004 то ба имрӯз хабарнигори махсуси рӯзномаи «Садои мардум»-нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
Солҳои 1978-1981, 1984-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон хизмат кардааст. Ҷанговари байналмилал. Бо ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии СССР, КМ ВЛКСМ, Гостелерадиои СССР ва медалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон мукофотонида шудааст.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ( 2006) мебошад.
Муаллифи китобҳои «Замини Акбар» (Хуҷанд, 2000), «Юбилейный Истаравшан глазами Вароруда» (ба забони русӣ ва англисӣ, Истаравшан, 2002), «Роҳи муқаддас» (бо ҳаммуаллифии Ҷ.Маҳкам, Истаравшан, 2002), «Истаравшан-2500» (бо ҳаммуаллифии Б.Воҳидпур ва Ҷ.Маҳкам, Душанбе, нашриёти «Ҳумо», 2004), «Накӯниҳод» (Истаравшан, 2006), «Баракати Истиқлол» (Истаравшан, 2007) ва «Афғонистон: Оташ дар хонаи ҳамсоя» (Хуҷанд, 2009) аст.