Аҳамияти фармонҳои Президент дар ҳаёти ҳуқуқии кишвар

№117 (4537) 19.09.2022

Шакли идоракунии президентӣ дар давлатдорӣ таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб рафта, аз мавқеи Президент дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар ҷумҳуриҳои шакли идоракуниашон президентӣ дар масъалаҳои идоракунӣ, таъмини мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Президент мавқеи марказиро ишғол намуда, нақши калидӣ дорад, ки инро мо дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дар танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ташаккули рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол намуда, бо тарзу усулҳои гуногун ба ҳаёти ҳуқуқии ҷомеи шаҳрвандии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида, идоракунии давлатро ба роҳ мемонад.

Яке аз роҳҳои муассир ва афзалиятноки иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии давлатӣ ва танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ қабули санадҳои дорои хусусияти меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи ташаббуси қонунгузоридошта ба ҳисоб меравад.

Тибқи моддаи 58 Конститутсияи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ иштирок намуда, метавонад бевосита лоиҳаи қонунҳоро барои қабул, тағйир ва қатъи қонунҳои амалкунанда пешниҳод намояд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 70 Конститутсияи мамлакат, Президент дар доираи салоҳияташ фармон ва амр медиҳад.

Дар асоси талаботи сархати 8 қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017 таҳти №1414, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ баромад мекунанд.

Тибқи муқаррароти қисми 2 моддаи 22 қонуни мазкур, санади меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон бароварда мешавад. Аз муқаррароти моддаи зикршудаи қонун бармеояд, ки танҳо фармони дорои хусусияти меъёридоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади меъёрии ҳуқуқӣ баромад карда, ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ эътироф карда мешавад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти фардӣ доранд ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ намебошанд, зеро онҳо хислати ташкилӣ ва иҷроишӣ доранд.

Дар асоси муқаррароти сархати 1 моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмии шакли муқарраршудаест, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ ё аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул гардида, хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва меъёрҳои ҳуқуқиро муқаррар менамояд, тағйир медиҳад ва ё бекор мекунад.

Фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқидоштаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ва давлати навини Тоҷикистон аҳамияти бағоят бузург дошта, муайянкунандаи дурнамои рушди ҷомеа, ташаккули пояҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инкишофи бемайлони муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъминкунандаи шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ва дар маҷмӯъ, баҳри таъмини муташаккилии назму субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикис­тон равона гардидаанд.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароити ҳозираи эътирофи расмии ҳуқуқҳои фитрии инсон ва талаботи фитрӣ — ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида мешаванд, ки ин бо омили дар асоси Конститутсияи кишвар эълон шудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ муайян карда мешавад.

Иҷрои фармонҳои Президент барои ҳама мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ ва таъмини иҷрои қатъии он вазифаи ҳокимияти иҷроия мебошад.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ва давлат қабул шуда, хусусияти муайянкунанда доранд. Яъне, онҳо дурнамои рушди ҷомеа ва инкишофи бемайлони муносибатҳои ҷамъи­ятиро муайян мекунанд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон аҳамияти фавқулода муҳим дошта, баҳри таъмини назму субот, пойдорӣ ва бардавомии давлатдорӣ, устувории сохти конститутсионӣ, пешрафти ҷомеа ва давлат, инкишофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи якпорчагии мамлакат ва амнияти комили миллӣ ба тасвиб расонида мешаванд.

Намоз АМОНЗОДА,

судяи Суди шаҳри Душанбе