Қаҳрамонӣ дар марзи номус

№24 (4920) 21.02.2025

3-3Рустам ва Исфандиёр аз чакалакзори соҳили дарё гузашта, бо пайроҳаи морпеч ба ҷангалистоне даромаданд, ки аслан аз дарахтони писта иборат буду гоҳ-гоҳе аз ҳар гӯшаи он садои парандае баланд мешуд, аммо чирчиракҳо беист нағмапардозӣ менамуданд. Сарбозон оромона ҳаракат карда, бодиққат соҳили дарё ва гӯшаю канори кӯҳи сангиро аз назар мегузарониданд. Офтоб ҳам лаҳза ба лаҳза баланд баромада гармиаш бештар мешуд.

Рустам ки аз Исфандиёр чанд қадам пештар ҳаракат мекард, ҳушу ёдаш ба саги вафодораш Ҷасур банд буд. Бо Ҷасур марзбонӣ кардан, хати соҳили сарҳадро чарх задан ҳаловате дигар дорад. Саги зираку боҳуш дастёри беминнат аст, фик­ри соҳибашро бо як ишора дарк мекунад, дӯстро аз душман бо як нигоҳ мешиносад. Аммо чанд рӯз шуд, ки Ҷасур бемор аст ва Рустам бе дӯсти вафодораш сарҳадбонӣ мекунад.

Марзбонон вориди дараи Чанористон шуданд. Онҳо орому бесадо қадам мебардоштанд. Рӯди камобе аз миёни дара ҷорӣ шуда, худро ба оғӯши дарёи Ому меандохт. Сарбозон барои каме нафас рост кардан рӯи санге дар сояи дарахти заранге нишастанд. Исфандиёр бо дурбин ба мушоҳидаи атроф пардохт. Дар соҳили муқобил ду-се нафар ба коре машғул буданд. Дигар ҳама ҷо ором ба назар мерасид.

Дақиқае пас аз болотар, аз даруни дара садои мурғобие баланд шуд. Лаҳзае нагузашта садои мурғобии дигаре аз поинтар ба гӯш расид.

- Садои мурғобиҳо шубҳаовар аст! – ба Исфандиёр рӯ овард Рустам.

- Чӣ тавр?

- Дар ин фасли сол ин ҷо мурғобие пайдо намешавад. Пинҳон мешавему мушоҳида мекунем, он гоҳ ҳақиқат ошкор мешавад.

Марзбонҳо босуръат худро ба пушти санге гирифтанд, ки дарахти чаноре ба болояш хам хӯрда буд. Хеле мунтазир шуданд, вале на касе пайдо шуду на ҳодисае рух дод.

- Беҳуда шубҳа кардем,- пичиррос зад Исфандиёр, — дар ин атроф касе нест.

- Сабр кун! – дасташро ба рӯи китфи рафиқаш гузошт Рустам, вале давоми суханашро нагуфта диданд, ки ду нафар аз миёни чакалакзори лаби рӯд боэҳтиёт баромада, бодиққат атрофро аз назар гузаронида, хам шуда, ба сӯи санге, ки онҳо пинҳон шуда буданд, ҳаракат намуданд. Онҳо шалвору куртаи дарози хокистарранг, камзӯли беостини кӯтоҳ ва автомати Калашников доштанд.

Силоҳдорон худро ба сояи чинор гирифта, ба кундаи он такя заданд.

- Ин сарбозон ба куҷо ғайб заданд?! – суоломез гуфт яке.

- Шояд гузашта рафтанд, — шубҳаашро изҳор кард дигаре.

- Не, омаданд, вале аз ин дара набаромада ба куҷое ғайб заданд. Агар онҳо моро дида бошанд, корамон душвор мешавад.

- Ба назарам онҳо моро надиданд. Биё, ба ғор бармегардему мунтазири омадани шаб мешавем.

- Ба ғор баргаштан маъно надорад. Онҳо ду нафар буданд. Бояд пайдо карда, бесару садо аз онҳо халос шавем.

Сарҳадшиканҳо се нафар буданд, ки аз кишвари ҳамсоя ба марзи мо гузашта, маҳалро меомӯхтанд. Онҳо нияти шуме дар сар доштанд. Бояд барои ба хоки Тоҷикистон гузаштани рафиқони тахрибкорашон замина муҳайё месохтанд ва бо ҳамин дили хоҷагони ошкору пинҳонашонро ба даст оварда, нақшаи онҳоро амалӣ мегардониданд.

Суҳбати тахрибкоронро Рус­таму Исфандиёр мешуниданд. Онҳо медонистанд, ки ин мардони мусаллаҳ мақсади нопок дар сар доранд. Аз ин рӯ, бояд чорае андешанд, садди роҳашон гарданд. Нагузоранд, ки онҳо хоки поки кишварашонро олуда созанд.

4877402_160_0_2021_2048_1920x0_80_0_0_db922e40882f6561a85a198e5e6da3d6Ҳамин вақт аз самти боло се маротиба садои мурғобӣ баланд гашт. Яке аз мардони силоҳдор, ки дар наздикии марзбонон буданд, кафи дастонашро дар лабонаш ҳалқа карда, бо садои мурғобӣ посух доду ба рафиқаш гуфт:

- Ту ҳамин ҷо пинҳон шаву бодиққат атрофро мушоҳида кун, эҳтиёткориро аз даст надеҳ, агар сарбозонро дидӣ, бо садои мурғобӣ моро огоҳ кун! Агар бо онҳо рӯ ба рӯ ҳам шавӣ, тир напарон, ки садояшро шунида кулли сарбозон ба сарамон мерезанд ва нақшаҳоямон барбод мераванд.

Тахрибкор инро гуфту рафиқашро он ҷо гузошта худ дар миёни анбуҳи дарахтон ғайб зад. Рустам аз ин фурсат истифода бурда, ба Исфандиёр ишора кард, ки террористро бо зарби қундоқи автомат аз байн мебардорем.

Лаҳзае баъд тахрибкор бо зарбаи сахте, ки Рустам ба паси сараш зад, бе гапу ҳарф якпаҳлу ба рӯи замин афтид. Ҷасади маҷруҳу беҳуши ӯро аскарбачаҳо кашида, ба пушти санг пинҳон карданд. Сипас пушт-пушти сангу дарахтҳо ба боло ҳаракат намуданд, ки мавқеи террористони дигарро мушаххас созанд. Онҳо ба гарданаи кӯҳсанге расида, шинак гирифтанд ва яроқҳояшонро дар ҳолати омодабош нигоҳ дошта, ба мушоҳидаи муҳит пардохтанд…

Ҷасур беқарорӣ карда, ҳар замон худро ба симтӯр мезад. Ҷонвар мехост худро раҳо созад, аммо наметавонист. Вай ба аккосзанӣ даромад ва ба сӯи капитан Бежан Нурзода, ки дар пушти симтӯр машқи бадан мекард, бо умеди ёрӣ нигарист. Бежан ҳолати беқарори сагро ҳис карда, аз варзиш бозистод ва ба наздаш рафт:

- Ба ту чӣ шуд? Чаро беқарорӣ? – капитан мехост сабаби беқарории сагро муайян кунад.

Ҷасур бо ду пояш ба симтӯр рост шуда, гӯё аз Бежан илтиҷо мекард, ки ӯро озод кунад, аммо капитан бо меҳрубонӣ ишоракунон ба саг гуфт:

- Бирав, бихоб! Ҳамин ки комилан шифо ёфтӣ, ба хидмат бармегардӣ.

Вақте капитан аз назди саг дур шуд, Ҷасур ба ақиб рафта, бо як ҷаҳиш худро ба болои симтӯр гирифт ва аз он ҷо ба рӯи замин хез гирифта, босуръат ба самти соҳили дарё давид. Ҳамин вақт садои тирпарронӣ ба гӯш расид. Лаҳзае нагузашта дар гарнизон бонги хатар ба садо даромад ва дар як он афсарону аскарони мусаллаҳ ба самте, ки садои тир меомад, ҳаракат намуданд…

Рустаму Исфандиёр бодиққат ҳар сангу дарахт ва чакалакзори соҳили рӯдро аз назар мегузарониданд, вале касею чизе ба чашмашон наметофт. Дақиқаҳо мегузаштанд, сарбозон бетоқатона оқибати корро мунтазир буданд. Ногоҳ аз болотари онҳо садои «мурғобӣ» баланд шуд. Сипас хомӯшӣ ба миён омад. Баъди дақиқае боз ҳамон «мурғобӣ» ба хониш даромад. Маълум буд, ки тахрибкорон посухи рафиқашонро интизоранд, ки аскарбачаҳо безарараш гардонида буданд. Баъди бори сеюм садо баланд кардани «мурғобӣ» сару калаи террорис­те намудор шуд. Вай боэҳтиёт, қадамҳояшро чида-чида, ба самти аскарбачаҳо омад. Вақте хеле наз­дик шуд, Исфандиёр ба сӯяш тир холӣ кард, аммо тираш ба ҳадаф нарасид. Тахрибкор бошаст худро ба пушти санге гирифта, ба сӯи марзбонон оташ кушод.

Аз ду тараф тирпарронӣ авҷ гирифт. Террористи сеюм ҳам вориди амал шуд. Тирҳои тахрибкорон ба сангҳо бархӯрда, ба ҳар тараф мепариданд. Аскарбачаҳо ҷонашонро ба гарав гузошта, дар баробари террористони ботаҷрибаю бераҳм мардона меҷангиданд.

- Тири ман тамом шуд! – шунид овози Исфандиёрро Рустам. Вай ба чеҳраи ҳамяроқаш нигарист, дар тирдони худаш ҳам тири башумор монда буд.

- Ман пеши роҳи фирори душманонро мегирам, — бо қатъият гуфт Рустам, — ту бирав ва вазъиятро ба гарнизон хабар деҳ!

- Ман туро партофта рафта наметавонам!

- Бирав, вагарна дер мешавад!

Исфандиёр ба чашмони Рус­там нигарист, ки аз эҳсоси шуҷоат барқ мезад ва чеҳрааш аз қотеъи­яти ӯ гувоҳӣ медод. Ӯ дигар чизе нагуфта гаваккашон ба ақиб рафт.

Террористон чун диданд, ки сарбозон дигар тирпарронӣ намекунанд, ҳис карданд, ки тирашон тамом шудааст. Оне, ки ба ҷои шинакгирифтаи Рустам наздик буд, оҳиста аз камингоҳ берун омад ва ҳадафи тири Рустам қарор гирифт. Вай ба тахтаи пушт афтода, ҷон ба ҷаббор супорид. Террористи дигар ин ҳолро дида, беист ба тирпарронӣ сар кард. Рустам дар зери гулӯлаборон монда, ҳатто сар бардошта наметавонист. Дар ҳамин ҳол тирдонашро аз назар гузаронд ва охирин тирро палмосиду оҳиста-оҳиста хазида болотар рафт ва аз қираи санг ба самти марзшикан нигарист. Вай аз ин санг ба он санг, аз ин дарахт ба он дарахт ҷаста, ба ӯ наздик меомад.

Рустам тахрибкори дар ҳаракатро нишон гирифт, вале тираш хато рафт. Акнун ӯ дар баробари террористи сар то по мусаллаҳ бе дифоъ монда буд, вале шикаст ё таслим шуданро дар баробари нафаре, ки бо нияти бад марзи Ватани ӯро убур кардааст, бешарафӣ медонист. Ӯ, ки ҷавонмарди дар хидмат обутобёфта ва қавиирода буд, ноумедиро ор медонист.

Рустам ба давру бараш нигарист, ғайр аз сангпораҳо чизе ба чашмаш натофт. Вай сангеро ба даст гирифт ва омодаи охирин набард бо террорист шуд.

Сукут ба вуҷуд омад. Тахрибкор ҳам на тире мепарронд, на садои ҳаракаташ ба гӯш мерасид. Рустам омодаи ҳар гуна ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Неруе дар вуҷудаш ба ҷунбиш омада, хунашро ба ҷӯш меовард.

Тахрибкор яқин кард, ки сарбоз дигар гулӯлае надорад, ки ба сӯи ӯ партоб кунад. Аз ҷояш баланд шуд, автоматашро дар сари даст гирифта, ба ҷои шинакгирифтаи Рустам наздик омад. Ҳамин вақт Рустам бошаст баланд шуд ва санги дасташро бо тамоми қувват ба ҷониби тахрибкор ҳаво дод. Санг ба банди дасти душман зад ва автоматаш аз дасташ парида, ба кундаи дарахте бархӯрду ба поини дара сарозер гашт.

Рустаму тахрибкор рӯ ба рӯи ҳам қарор гирифтанд. Ҷанги тан ба тан шурӯъ шуд. Душман бо корд, Рустам бо дасти холӣ ба ҳам дар­афтоданд. Ҳамин замон Ҷасур аз болои санге, ки паноҳгоҳи Рустам шуда буд, худро ба рӯи тахрибкор андохт ва аз банди дасти корддораш сахт газид. Душман кордро раҳо кард ва бо тахтаи пушт ба замин афтод. Ҷасур ба кундаи синаи ӯ баромада нагузошт, ки ҳаракати ноҷое кунад…

Лаҳзае баъд Исфандиёр сарбозонро ба ҷои ҳодиса овард. Тахрибкори марз асир афтод.

Рӯзи дигар дар ҳавлии гарнизон сарбозон саф оростанд. Генерал Барзу Зафарзода ба подгон ташриф оварда буд. Садои сардори гарнизон – капитан Бежан Нурзода аз рӯ ба рӯи марзбонон баланд шуд:

- Сарбоз Рустами Фирдавсӣ ва сарбоз Исфандиёри Сиёвуш, аз саф як қадам ба пеш бароед!

Генерал Барзу Зафарзода дас­ти онҳоро бо муҳаббат фишурд:

- Шумо сарбозони ҳақиқии Ватан ҳастед! Мо бо шумо ифтихор мекунем…

Ҳар ду сарбоз даст ба чакаи сар бурданд:

- Ба Ватан содиқона хизмат мекунем!

ВОРИС,

«Садои мардум»