Абдувоҳид МИРЗОЕВ: «Эмомалӣ Раҳмонро чун шахси масъулиятшиносу боҷуръат ва адолатпеша мешинохтам»

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

22-1Коршиносони масоили сиёсӣ ва таърихнигорон якдилона тасдиқ менамоянд, ки маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бесарусомонию беҳокимиятӣ, кашмакашҳои сиёсию мансабталошиҳо  ва хатари азбайнравии соҳибистиқлолии кишварамон хотима гузошт. Ба шарофати он ҷумҳурии тозаистиқлоли мо сарвари сазовору арзандаашро пайдо кард, ки бо кӯшишу заҳматҳои ӯ дар муҳлати кӯтоҳ сохти конститутсионӣ барқарор гардида, фаъолияти ниҳодҳои фалаҷшудаи  давлатӣ аз нав ва бо неруи тоза ба роҳ монда шуд.

Дар иҷлосияи мазкур ҳангоми интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин шуда, вакили мардумӣ аз ҳавзаи  интихоботии №47-и ноҳия (ҳоло шаҳр)-и Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев аз номи намояндагони шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Пешниҳод аз ҷониби вакилони мардумӣ ҳамовозӣ пайдо кард ва Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 186 овоз Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Абдувоҳид Мирзоев он айёми пуртаҳлукаро чунин ба хотир овард:

- Охири моҳи октябр ва аввали ноябр вазъият дар онвақта вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва пойтахти мамлакату шаҳру навоҳии атрофи он хеле тезутунд ва ноором гардид.

Ҳар  рӯз хабари фавт ва ё бе ному нишон шудани чандин кас ба гӯш мерасид. Силоҳбадастон бедодгарӣ мекарданд. Аз ин рӯ, неруҳои солимфикри ҷумҳурӣ ба хулосае омаданд, ки дар қисмати нисбатан ороми мамлакат — шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосия даъват карда, ҳукумати конститутсионӣ барқарор гардад, то ки бесарусомониҳо ҳар чӣ зудтар хотима ёбанд.

- Қисме аз вакилони ба иҷлосия даъватшуда бо ҳавопаймо, қисми дигар тавассути нақлиёти автомобилӣ ба шаҳри Хуҷанд расиданд, — гуфт Абдувоҳид Мирзоев. – Ман ба воситаи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба он ҷо рафтам.

Дар оғози иҷлосия баъзе аз вакилон ба асабоният ва эҳсосот роҳ медоданд. Вақте ки мо-вакилони ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода дар меҳмонхонаи «Хуҷанд» бо ҳам гирд омадем, ман ба онҳо гуфтам, ки вакили ҳақгӯю боҷасорат Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити душвор аз уҳдаи идораи давлат мебароянд. Вакилон ин гуфтаи маро ҷонибдорӣ карда гуфтанд, ки «мо бо шумо ҳамфикрем». Аз ин рӯ, ман дар иҷлосия номзадии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардам.

- Пештар  ҳам шумо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик мешинохтед? – пурсидем аз Абдувоҳид  Мирзоев.

- Бале, он кас дар иҷлосияҳо мисли баъзе аз вакилон ба эҳсосот роҳ намедоданд, балки ҳар як масъаларо дуруст таҳлил карда, пешниҳодҳои ҷолибу мушаххас менамуданд. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмонро чун шахси масъулиятшиносу боҷуръат ва адолатпеша мешинохтам. Мо якҷоя ба охирин анҷумани Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Москва рафта будем. Имрӯз шукр мекунам, ки вакилони мардумӣ моҳи ноябри соли 1992 якдилона номзадии ин абармарди сиёсатро ҷонибдорӣ карданд. Бовар кунед, аз лаҳзае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсат нишастанд, фазои нобоварию навмедӣ дар иҷлосия аз байн рафта, ҷои онро оҳиста-оҳиста ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидию якдилӣ гирифт.

- Яъне, «нияти нек — ними давлат» гуфтани мардуми мо беҳикмат набудааст?

- Бале, ҳамин нияти нек ва хушгумонию боварии вакилони мардумӣ ба ин сарвари 40-сола  буд, ки  бахту давлат ба миллати мо ёр шуд ва ба диёри бостониамон  сулҳи деринтизор омаду ҷои ғаму ғусса ва харобии ҷангро тинҷию осудагӣ ва ободкорӣ гирифт. Ҳоло сайёҳони аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ба Тоҷикистон омада дар ҳайрат мемонанд, ки як ҷумҳурии дар давраи шӯравӣ  дурафтодаю ҷангзада дар муддати кӯтоҳ чунин ободу  зебо гаштааст, — афзуд Абдувоҳид Мирзоев.

Номбурда зиёда аз 26 сол дар мақомоти милитсия кор карда, соли 1997 ба нафақа баромад ва ҳоло давлати пирӣ меронад. Ӯро ба бисёр чорабиниҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват мекунанд. Ӯ ҳамеша ба ҷавонон аз он айёми пуртаҳлукаю бесарусомонӣ ёд карда, ба қадри заҳматҳои Президенти мамлакат расидан, ба фарзандони барӯманди миллат пайравӣ намуда, баҳри сарсабзию ободии диёр камари ҳиммат бастанро тавсия медиҳад. Аз хандаи беғаши тифлон, оромию гул — гулшукуфии диёр хушнуд гашта, шукрона мекунад, ки халқ дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»