Вақтҳои охир минбардорони масҷидҳои ҳамсоякишвари Афғонистон, ки марказҳои таблиғоти Толибон* ва ифротгарӣ маҳсуб мешаванд, ба «баррасӣ»-и масоили дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта, меъёрҳои муқарраршуда дар пӯшиши либосҳои миллиро ба тарзи комилан ғалат ва иғвогарона «шарҳу тафсир» менамоянд.
Бидуни огоҳии комил аз меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон ва бе таҳлили амиқи санадҳои муқарраршудаи кишвари мо як зумра аз рӯҳониёни ба ном «мавлавӣ», ки дар қабзаи зулму истисмори Толибон мебошанд, дар мавъизаҳои худ унвонҳои сохтае, ба мисли «қонуни манъи ҳиҷоб», «қонуни манъи сатр» ва даҳҳо ибораҳои бардурӯғро ба кор бурда, минбари масоҷидро ба пойгоҳи таҳоҷуми мағзӣ бар алайҳи мардуми Тоҷикистон мубаддал кардаанд. Даъвои бебунёди ин рӯҳониён он аст, ки «Тоҷикистон қонуни манъи ҳиҷоб қабул кардааст». Маҳз ин дасиса боис шуда, ки мубаллиғини Толибон ба тафаккури ҷавонони ноогоҳу бемаълумот бо истифодаи ибораву ҷумлаҳои таҳриккунанда ҳуҷуми мағзӣ мекунанд ва ҷавононро ба қонуннописандӣ ва сарпечӣ аз иҷрои амру меъёрҳои ҷомеаи маданӣ ташвиқ месозанд.
Ин андешаҳои комилан иғвогарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо даҳҳо шаклу усул бозтоб гардида, ҳар фарди ноогоҳ мавқеи худро доир ба Тоҷикистон изҳор менамояд. Аз ин ҳолати ҳассос истифода намуда, зумрае аз ҳамватанони кӯтоҳандеши мо низ ба сели таблиғоти Толибон ҳамроҳ шуда, ба осиёби душманони кишвар об мерезанд, ба оташи фитнаи бегонагон равған мепошанд ва худро туъмаи созмонҳои истихборотии хориҷӣ месозанд.
Ба ном рӯҳониёне, чун Аҳмади Фирӯз, Абдулқодир Ҳомӣ, Фазлраҳмон Ансорӣ, Абдулкабири Муҳоҷир, Абдулкарими Муҳаммадӣ, Зикриё Фоиз ва иддаи дигар, масъалаи мазкурро ба шаклҳои мухталиф меҳвари мавъизаҳои худ қарор додаанд. Ин масъала аз ҷониби «мавлавӣҳо»-е, чун Абдулқодир Ҳомӣ, Фазлраҳмон Ансорӣ ва Аҳмад Фирӯз, ки аз мубаллиғони сарсахти гурӯҳи террористии Толибон ва аз асоситарин хоинони ормонҳои миллии мардуми бечораи Афғонистон мебошанд, ба таври муташаккил муҳокима шуда, мардумро ба хушунат таҳрик доданианд.
Аслан, ин тоифа, ки гурӯҳи террористии Толибон минбарҳои масҷидро дар ихтиёри онҳо додааст, аксаран ҷавонон буда, мадрасаҳои Толибонро хатм карда, зеҳнашон таҳти таъсири тафаккури радикалӣ ва ифротӣ ташаккул ёфтааст. Аз лиҳози ахлоқӣ низ чанде аз инҳо дар ливотаткорӣ, нашъаҷаллобӣ ва кӯдакозорӣ (педофилия) гунаҳкор ва дар замони ҷумҳурият аз тарси ҷавобгарӣ фирор намуда, дар манотиқи кӯҳистон зери қаноти Толибон пинҳон буданд. Ҳоло, ки ҳукумат дар қабзаи зулму шарорати Толибон аст, ин гурӯҳи таблиғотии динӣ дар ҳар маврид бо супориши гурӯҳҳои террористӣ суҳбат ва бар нафъи гурӯҳҳои ифротгаро ҳукм содир мекунанд. Яъне, ин рӯҳониён ғуломони фикрии гурӯҳҳои террористӣ буда, исломро бар нафъи хоҷагонашон суиистифода мекунанд.
Агар чунин набошад ва сухан аз манфиатҳои динӣ ва фаризаҳои исломӣ равад, чаро Толибон дар Афғонистон беш 3 миллион бонувонро аз хондан дар мактабу мадрасаву донишгоҳу донишкада манъ кардаанд? Онҳо аз ин тариқ асоситарин фарзи ислом — илм омӯхтанро пушти по задаанд, вале чаро «мавлавиҳо»-и хасакӣ дар қиболи ин зулми Толибон муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд? Чаро кӯдакони хурдсол дар ин кишвар бо баҳои ночиз дар ҷодаҳо ба фурӯш гузошта мешаванд, ки ба ҳеҷ як меъёри исломӣ, инсонӣ ва байналмилалӣ посухгӯ нест, вале ин «мавлавиҳо» сокит ҳастанд? Чаро дар вилоятҳои Панҷшер, Балх, Бомиён, Ҳирот ва дигар вилоятҳо Толибон шабонгоҳ ба ҳарими шахсии одамон даромада, хонаҳоро талошӣ ва ҳуқуқҳои фитрии миллатро поймол мекунанд, ҳарими шахсии инсонҳоро вайрон месозанд, заминҳои ирсӣ ва хонаву кошонаи сокинонро ба кӯчиҳо медиҳанд, вале «мавлавиҳо» дар қиболи зулми Толибон лаб фурӯ бастаанд? Пас, маълум аст, ки барои ин «мавлавиҳо» на асолати динию мазҳабию миллӣ, балки амру дастури хоҷагонашон зарур аст.
Даъвои ин сияҳкоронро аз лиҳози илми ҷомеашиносӣ ва вазъияти геополитикӣ таҳлил намоем, чунин суол пайдо мешавад: Чаро минбарҳои масҷидҳои Афғонистон масъалаҳои дохилии Тоҷикистонро ба шакли тунд ба баррасӣ гирифтаанд ва дар ин масъала то «ҳукми ҷиҳод» расониданд?
Таҳлилҳои воқеаҳои охир нишон медиҳанд, ки ин дастаи рӯҳониёни асолатбохта дастаи ниёбатии Толибон ва кишварҳои толибсоз буда, дар пасманзари ин даъво чанд масъалаи асосӣ ниҳон гардидааст. Агар ба таври дигар бигӯем, ин мавлавиҳои фитнабоз бозичаи дасти гурӯҳҳои ифротгаро буда, ҳадафи аслии онҳо аз омилҳои зерин вобаста аст:
1. Гурӯҳи террористии Толибон, ки бо дасисаи бузурги кишварҳои абарқудрат ҳокимияти сиёсӣ дар Афғонистонро соҳиб шуд, бо гузашти се соли дар қудрат будан ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст ва дар ин масъала аз лиҳози сиёсӣ шикастхӯрда маҳсуб меёбанд. Толибон дар баробари шикастҳои сиёсӣ, ҳамзамон, дар дохили Афғонистон суботи комил наёфта, ҳар рӯз як гурӯҳи низомӣ барои муқовимат алайҳи он аз худ дарак медиҳад. Амалиёти низомии танзимҳои мавҷуда низ дар Афғонистон афзоиш ёфта, ҳар амалиёти чирикӣ куштаву захмиҳое ба неруҳои ин гурӯҳ ворид месозад. Онҳо дигар қудрати пинҳон доштани хисороти ин амалиётро надоранд ва то андозае тафаккури мардумро, ки аз фақру бенавоӣ азият мекашанд, ба худ ҷалб сохтаанд. Толибон тариқи барангехтани чунин дасисаҳо ва ҳангомаҳои динӣ мехоҳанд тафаккури мардуми Афғонистонро аз масъалаҳои дохилии худ ба берун савқ диҳанд.
2. Баъд аз сари қудрат омадани Толибон аксари созмонҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, тиббӣ, хайриявӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалии корофар бо сабаби набудани амнияти комил ва эҳсоси хатар бар ҷону молашон Афғонистонро тарк карданд. Ҳамчунин, сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои фарҳангию тиҷоратӣ низ, ки ҳар кадоме дар навбати худ манбаи даромади аҳолии Афғонистон буданд, аз кишвар фирор карданд. Истифодаи транзитӣ аз қаламрави Афғонистон низ тамоюли коҳишёбӣ касб намуда, парвозҳои авиатсионӣ бо Афғонистон аксаран қатъ шуданд. Ин ҳолат боиси фалаҷ гардидани низоми тиҷоратӣ шуда, шароити молиявӣ ва иқтисодии мардумро хароб кардааст. Тибқи нишондоди Созмони Милали Муттаҳид баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон 700 ҳазор нафар ҷойи кори худро аз даст додааст.
Хати фақр ба таври даҳшатбор боло меравад ва тибқи иттилооти Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ дар ин кишвар рӯзона то 70 фоизи аҳолӣ аз гуруснагӣ, беморӣ, таълим ва набудани назофат ранҷ мебаранд. Толибон, дар баробари он ки ҳар ҳафта то 40 миллион доллар аз Амрико маблағи муфт дастрас менамояд, наметавонад ҳатто неруҳои худро таъмин кунад. Ин ҳолат на танҳо мардуми одии кишвар, балки доираҳои тиҷоратиро низ бар зидди Толибон шӯронида, ин гурӯҳро дар фикри пайдо кардани роҳҳои даромад маҷбур кардааст. Аз сӯи дигар, Толибон мехоҳанд бо бозиҳои динии «мавлавиҳо» озодиҳои эътиқодии худро ба намоиш бигузоранд, то заъфи иқтисодӣ ва норасоиҳои ҳукумати худхондаашон пушти парда бимонад.
3. Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар ҳама давру замон чор манбаи молиявӣ доштанд ва доранд: киштукор ва савдои маводи мухаддир, тиҷорати силоҳ, фурӯши одам ва ниҳоят ҷанги фармоишӣ. Айни замон тамоми кишварҳои минтақа аз террористон хаста шуда, хати марзи худро бо Афғонистон бастанд, ки дар ин замина роҳҳои «тиҷоратӣ»-и Толибон масдуд шуд. Мардум бошад, гурусна аст ва талаби нон доранд. Сарбозони Толибон низ дигар наметавонанд бо дуздии полезҳои мардум ва ғасби моликияти тоҷирон худ ва фарзандонашонро сер кунанд. Тӯли се сол сарбозони ин гурӯҳ ҳар тоҷиру савдогари бесоҳибро бо баҳонаҳои ҳукуматӣ, муқовиматӣ, тоҷик, ҳазора, ӯзбек, аймоқ ва ғайра боздошт ва тороҷ мекарданд, вале дигар ин гуна савдогарон низ дар Афғонистон намондааст. Яъне, манбаи дуздӣ низ ба поён расид. Толибон ба ҳар баҳое бояд барои ҳифзи худ роҳи интиқоли маводи мухаддир, савдои одам, тиҷорати силоҳ ва ҷанги ниёбатӣ пайдо кунанд. Маҳз ин ҳолат боис шудааст, ки Толибон борҳо бо Покистон ва Эрон дар хати сарҳади тарафайн ҷанг эҷод мекунанд.
4. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамсояҳои шимолии Афғонистон ҳасту бо ин кишвар 1400 километр марз дорад ва аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дарвозаи мувофиқ барои баромадан ба бозорҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Барои гурӯҳҳои ифротӣ низ макони таҷрибашуда дар солҳои 90-уми асри ХХ маҳсуб мешавад.
Таҷрибаи солҳои носубот нишон медиҳад, ки неруҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳамдастии хиёнаткорони дохилӣ аз ин минтақа барои баромадани худ ба бозорҳои сиёҳ баҳрабардорӣ кардаанд. Имрӯз низ талошҳо барои қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз хоки Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон идома дорад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иброз доштанд: «Тайи сӣ сол хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз қочоқчиён ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромиллӣ дар хати сарҳад зиёда аз 27 тонна маводи мухаддир, 1316 мил силоҳ ва 318 ҳазор муҳимоти ҷангии гуногунро мусодира кардаанд».
Имрӯз дар Тоҷикистон на афкори радикалию гурӯҳҳои ниёбатӣ, балки қонун ҳукмрон аст ва миллат зиндагии бо рифоҳ дораду кишвар пеш меравад, ки бозори террористонро масдуд сохтааст. Гузашта аз ин, Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон эълон намудааст, ки ҳукуматеро ба расмият мешиносад, ки фарогири тамоми миллатҳо бошад, зеро дар асри XXI намешавад бо қатлу куштор як қавм болои миллатҳои дигар ҳукмронӣ кунад.
5. Террористон мехоҳанд аз тариқи бозиҳои «мавлавиҳо» бар зеҳнияти насли навраси кишвар ҳуҷумҳои мағзӣ бибаранд ва бар тафаккури насли ҷавон таъсир расонанд.
6. Аз замони ҷанги 20-солаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон бисёр таҳлилгарон бар ин назар буданд, ки Толибон як гурӯҳи ниёбатӣ мебошад, ки дар минтақа бар нафъи ҳадафҳои стратегии абарқудратҳои маълум фазосозӣ мекунад, то ин ки онҳо дар ҷуғрофиёи минтақа ҷойи пой дошта бошанд. Музокироти пинҳонии онҳо дар Доҳа, таслими қудрат ба ин гурӯҳ, ба маблағи 800 млрд. доллар дар ихтиёри Толибон қарор додани таҷҳизоти низомӣ, ҳар ҳафта ба ин гурӯҳ 40 миллион доллар додан, дар қиболи бенизомиҳои Толибон нисбат ба ҳуқуқи инсон хомӯшӣ ихтиёр кардан далели он аст, ки ин гурӯҳ на ҳомии дину мазҳаб, балки як дастаи шарорат аст, ки ҳадафи тахрибкорӣ дар минтақаро дорад ва ҳамеша бар нафъи хоҷагони худ кор кардааст.
7. Толибон аз тариқи чунин дасисаҳо мехоҳанд бо истифода аз фурсат ва муносибат бо Украина аз Россия низ боҷгирӣ кунанд, зеро Россия дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбӣ дорад ва нооромӣ дар ин минтақа ба ҳеҷ сурат бар нафъи Россия буда наметавонад.
Ҳар як фарди кишвар, махсусан насли ҷавони Тоҷикистонро лозим аст, ки ин бозиҳои пасипардагии «мавлавиҳо»-ро дарк кунанд. Онҳо, ки рӯи минбару меҳроби масоҷид нишастаанд ва худро исломдӯст метарошанд, дар асл на «мавлавӣ», балки бозичаи дасти гурӯҳҳои террористӣ мебошанд ва танҳо ҳадафҳои пасипардагии хоҷагони худ истифода мешаванд.
Ин «мавлавиҳо» ва афроди монанд ба онҳо ҳастанд, ки дар Афғонистон наздик ба 50 сол аст ҷангу хушунат ҷараён дорад. Инсонҳо ҳамдигарро мекушанд, хонаи якдигарро оташ мезананд ва зану модару духтари ҳамдигарро таҷовуз мекунанд.
Ҳоло дар кишвари Афғонистон аз мусибати ҷиҳодбозиҳои ин навъ «мавлавиҳо» фақру гуруснагӣ ба авҷи худ расидааст ва мардон духтарони хурдсоли худро ночор бо арзиши ночиз мефурӯшанд. Дар кишваре, ки инсон фурӯхта мешавад, оё метавон ин кишварро исломӣ номид?
«Мавлавиҳо»-и номниҳод ҳадафи ҷангу нифоқ дар миёни миллати тоҷикро доранд ва нақшаи онҳо носубот кардани кишвари мо ва рахна намудани хати сарҳади Тоҷикистон аст. Чун хати сарҳад шикаста шавад, Тоҷикистон чун Афғонистон лонаи террористони байналмилалӣ хоҳад шуд.
Пас, насли ҷавони миллати моро зарур аст, ки аз ин афроди сиёҳкору сияҳбоз дурӣ биҷӯянд, аз гӯш додан ба суханрониҳои онҳо парҳез кунанд ва ба онҳо ба ҳеҷ сурат пайравӣ накунанд. Пайравӣ аз ин «мавлавиҳо» на пайравӣ аз дину мазҳаб, балки майл ба гурӯҳҳои террористӣ аст, он оқибати нек надорад.
С. РАҶАБЗОДА,
номзади илми таърих,
муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон,
М. АТОЗОДА,
номзади илми филология, сардори маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон
* Ҳаракати дар Тоҷикистон мамнуъ