Ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳо

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

Чавонон — копияҶавонон қишри созанда ва пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Бо назардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро «ояндаи миллату давлат» номидаанд. Воқеан, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам ­мегузорад.

Фазои ободу осудаи Ватани азизамон ҷойгоҳи сиёсати давлатии ҷавононро ҳамчун кишвари ҷавонӣ ва ҷавононро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст.

Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ ҳоло аз шумораи умумии аҳолии мамлакат 32,9 дарсади онро ҷавонони аз 14 то 30 — сола ташкил медиҳанд. Дар 17 соли охир шумораи ҷавонон 33 дарсад зиёд гардидааст.

Яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомул барои ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохторию ҷамъиятӣ арзёбӣ мегардад, зеро яке аз муҳимтарин воситаи таҳкими истиқлолият ва сулҳу осоиштагӣ маҳз ҷавонон ҳастанд. Онҳоро бо неруи созандаю иқтидорманд, қувваю тавон, диду нигоҳи тоза, зиракӣ ва ақидаҳои солими хеш дар рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми босазо мегузоранд. Ҷавонон ба унвони неруи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузургеро дар ҷомеа бар дӯш доранд. Пешрафти миллат бидуни саҳми ҷавонон тасаввурнопазир буда, шукуфоӣ, зебоӣ ва созандагию беҳбудии зиндагӣ аз ғайрату матонати ҷавонон вобаста аст.

Қишри серҳаракати ҷомеа, қувваи пуриқтидори меҳнатӣ — ҷавонон барои давлат дар татбиқи ҳама гуна вазифаҳои мақсаднок, аз ҷумла идоракунии устувор ҳамчун васила, неру ва захираи тавоно ва афзалиятноки инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон баръало эҳсос гардида, 13-уми марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардид, ки роҳи минбаъдаи ҷавононро дар муносибатҳои идоракунии давлатӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боз намуд.

Мулоқоти нахустини расмии Роҳбари давлат — Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарварӣ — 2-юми феврали соли 1993 баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки бо баргузории мулоқотҳои мунтазами Пешвои миллат бо ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии ҷавонон як қатор дастовардҳои беназир, иқдомҳои нек ва созанда рӯи кор омад ва дар устуворгардонии ин соҳаи афзалиятноки Ҳукумати кишвар нақши муассир гузоштанд. Аз ҷумла, 23 майи соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» имзо гардида, тибқи он, дар сохтори Ҳукумати ҷумҳурӣ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Илова бар ин, қабул гардидани санадҳои муҳими давлатӣ, ба монанди «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон», барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯс­ту хештаншинос дар даврони соҳиб­истиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст. Аз ҷумла, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи онҳо, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин, сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзиш, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ, майдончаҳои варзиш ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Маҳз ба шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурусту самаранок ба нақша гирифтани фаъолияти корӣ ва ҷалби васеи қувва ва воситаҳои созандаи кишвар ба баланд гардидани нишондиҳандаҳои корӣ ва дар ин замина афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеа ба насли ҷавону ояндасози кишвар оварда расонид.

Дар баробари ин ҳама дастовардҳои беназир, бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрӣ ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи давлатии ҷавонон то соли 2030» дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Умуман, ҳамаи ин дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхорию дастгириҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки бо пайравӣ аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, саҳмгузорӣ дар бунёдкорию созандагии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ва афзун гардонидани дастовардҳои ҷавонон ҷаҳду талош ва тамоми имконияти худро сафарбар намоянд.

Марҷона СОЛИҲЗОДА,

«Садои мардум»