Cолҳои охир муқаррароти қонунгузорӣ дар робита ба терроризму экстремизм такмил ёфта, аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки онҳоро бечунучаро риоя намоянд. Вале эътироф бояд кард, ки на ҳама моҳияту пайомади ин «падида»-ро дарк кардаанд.
Шаҳрвандони кишварро мебояд, ки беш аз пеш зиракии сиёсиро меҳвар қарор диҳанд ва аз «кору пайкор»-и террористон огоҳ бошанд. Дарк кунанд, ки экстремизм ифодаи мафкура ва фаъолияти нотавонбинон ва обсофкунакҳои онҳо ба ҳисоб рафта, нияти ин қабил бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ «ҳал» намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва динӣ аст.
Садҳо далел мавҷуд аст, ки «фаъолият»-и ин бахтбаргаштаҳо аз банақшагирӣ ва иҷрои амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат равона шудааст, инчунин даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ таркиб ёфтааст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» «фаъолияти террористӣ – фаъолияте, ки ба содир намудани як ва ё якчанд ҷинояти дорои хусусияти террористӣ равона шудааст ва кирдорҳои ташкил, банақшагирӣ, тайёрӣ ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст, моил кардан ба содиркунии амалҳои террористӣ, даъвати зӯроварӣ бо ҳадафҳои террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҳарбикардашудаи ғайриқонунӣ ё ташкилоти ҷиноятӣ бо мақсади содир намудани амалҳои террористӣ, инчунин, иштирок намудан дар онҳо, ҷалб кардан, мусаллаҳ намудан ё истифодаи террористон, инчунин, ба онҳо омӯзонидани малакаи террористӣ, маблағгузории ташкилоти террористӣ ё террористон, дар ҳама шакл кумак расондан ба ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ эътироф шудааст, таблиғоти ғояҳои терроризм, паҳн кардани мавод ё иттилооте, ки ба амалигардонии фаъолияти террористӣ даъват менамояд ё зарурати амалигардонии чунин фаъолиятро асоснок ё сафед мекунанд, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионии истифодаи умум ва Интернет, мусоидат кардан ба тайёр ва содир намудани амалҳои террористиро дар бар гирифтааст».
Дар кишвари мо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ бо зӯрӣ сарнагун кардан ва ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, вайрон ва халалдор кардани соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мусоидат кардан ба чунин кирдорҳо ва барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ ба фаъолияти экстремистӣ мансуб аст.
Шаҳрвандон бояд мадди назар дошта бошанд, ки тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, амалҳое, ки ба ғасб ё аз худ кардани ваколатҳои ҳокимият равона шудаанд, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ё иштирок дар онҳо ва паст задани шаъну эътибори миллӣ низ ҷузъи ин фаъолият ба ҳисоб рафта, ҷавобгарӣ дорад.
Илова ба ин, ҷалби аҳолӣ барои иштирок дар амалҳои экстремистӣ, инчунин омӯзонидани мафкураи экстремистӣ, монеъ шудан ё маҷбур кардан ба тағйир додани хусусияти фаъолияти қонунии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, комиссияҳои интихоботӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои дигар ва шахсони мансабдори онҳо, истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ташкилоти дигари давлатӣ, ташвиқот ва ба намоиши оммавӣ гузоштани нишон, парчам ё рамзи дигари ташкилоти аз ҷониби суд экстремистӣ эътирофшуда, нашр ва паҳн кардани маводи чопӣ, аудиоӣ, видеоӣ ва маводи дигари дорои хусусияти экстремистӣ дар воситаҳои ахбори омма, шабакаи Интернет, воситаи алоқаи барқӣ, аъмоли экстремистӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳолати зикршуда ҳушдор медиҳад, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва идеологияи ифротгароӣ ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, воситаҳои ахбори омма беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд. Олимону зиёиён низ муваззафанд, ки дар заминаи пажӯҳиши амиқу доманадор усулҳои ҷадиди пешгирии ифротгароии динӣ-сиёсиро коркард ва пешниҳод намоянд. Вобаста ба ин бамаврид аст ёдовар шавем, ки дар моддаи нуҳуми қонуни зикршуда муқовимати иттилоотию таблиғотӣ ба терроризм муқаррар шудааст. Ин раванд аз шарҳи хатари терроризм, фошкунии шакл, воситаву тарзҳое, ки бо ёрии онҳо террористон ақидаҳои худро таблиғ менамоянд, ташаккули рӯҳияи зиддитеррористӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд ва маҳдуд кардани заминаи иҷтимоии дастгирии терроризм таркиб ёфтааст.
Биноан, мақомоти давлатӣ, ки ба терроризм муқовимат мекунанд, уҳдадоранд, ки дар доираи ваколатҳои худ муқовимат ба терроризмро ташкил ва ҳамоҳанг сохта, фаъолияти иттилоотию таблиғотии намояндагони воситаҳои ахбори омма, шахсони ҳуқуқӣ ва иттиҳодияҳои диниро дар самти мазкур ҳавасманд намоянд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакат ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Бо назардошти воқеияти мавҷуда, тақвияти ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгаройӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо тамоюли афзоишро касб кардааст.
Мутаассифона, шоҳиди он ҳастем, ки муносибати баъзе ҳамватанонамон ба ин масъала дуюмдараҷа буда, чунин воқеият ба усулу асосҳои бунёдии пешгирии терроризму ифротгаройӣ таъсири манфӣ мерасонад. Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи тамоми қишрҳои ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт. Дар он айём маҳз шохаҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи муғризона табдил дода буданд.
«Орзуи мушкил»-и саркардаву сарпарастони онҳо ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.
Хушбахтона, мардуми шарифи кишварамон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистанд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунанд. Фидокориву мардонагии Пешвои миллат боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад. Дар ин замина собит гардид, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид.
Пайгирии масъала маълум кард, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Маҳз чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок гардидааст, зеро терроризму ифротгаройӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.
Боиси нигаронии амиқи ҳар як мусулмон бояд бошад, ки террористон ва ифротгароён бо суиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд. Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад. Биноан моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгаройӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.
Ҳаводиси охири ҷаҳони муосир исбот кард, ки дар робита ба терроризм ва ифротгаройӣ мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати тадбирандешиҳои бетаъхирро дар ин самт таъкид карда буданд.
Ҳамон тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Дар суҳбатҳои хоса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст». Мутаассифона, бо сабаби бетафовутӣ ва ривоҷ ёфтани «меъёрҳои дугона» гурӯҳҳои террористӣ тавонистанд дар як қатор кишварҳои аврупоӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, боиси ҳалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд.
Бо гузашти вақти на он қадар зиёд арзиши моҳияти суханони пурҳикмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгаройӣ ва тундгаройии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати «меъёрҳои дугона»-ро намепазирад» ва «Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ «худӣ» ё «бегона» ва ё «таҳаммулгарову» «тундгаро» буда наметавонад», собит гардид.
Натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаанд. Ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, ба таъбири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯйӣ».
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»