АРЗИШИ БЕБАҲОИ МИЛЛӢ

№143 (4883) 22.11.2024

scale_1200Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имсол Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои мардуми Тоҷикис­тон воқеан таърихӣ – 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунем.

Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар, ки дар он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардидаю заминаи мустаҳкам дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ гузошта шуд, қабул гардидааст.

Вобаста ба ин 20-уми нояб­ри соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд ва 24-уми ноябр – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Парчами давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари дар маркази пойтахти мамлакат қомат афрохтан, ҳамчунин, дар ҳазорҳо иншооти муҳими истеҳсолию иҷтимоии бунёдгардида, ки самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд ва ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат, ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намудаанд, афрохта шудааст. Ғайр аз ин, Парчами давлатӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлатию маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, ба мардуми кишвар сарсабзиву ободӣ, зиндагии босаодат ва руҳу илҳом мебахшад.

Мардуми тоҷик аз даврони қадим чун халқи бонангу номус ва дорои иродаи комил парчами худро доштаю бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва озодихоҳӣ онро ба даст гирифта, ҷоннисориҳо кардаанд. Ин парчам ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориро бедор ва поянда медорад, муҳаб­бати Ватанро дар вуҷудамон фурӯзон месозад. Дар парчам шараф, нангу номус ва ҷавонмардиҳои миллати покизасиришти мо ҷилвагар аст ва бо ин ҷилваҳои зебо, бо зуҳури муборак ва вуҷуди бегазанди худ моро огаҳӣ медиҳад, ки барои дифои Ватанамон ҳар нафас бо тамоми вуҷуд омода бошем.

Парчами давлатии мо на аз ҷиҳати бузургӣ, балки интихоби пурмазмуну файласуфонаи ранг­ҳои он — сурх, сафед ва сабз низ ифодакунандаи орзую ормонҳои тоҷикон мебошад. Нақши тоҷ ва ҳафт ситора дар меҳвари он миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани моро нишон медиҳад. Парчам дар давлатсозию давлатдорӣ мавқеи асосӣ дорад. Дар он, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрии давлат, сулҳу субот ва дигар аломатҳо инъикос шудааст. Аз замони қадим дар ҷангу набардҳо парчамдорон пеши лашкар буданд. Ба дасти душман гузаштани парчам нишонаи мағлуб шудани он давлатро дошт. Ин аст, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳоро бо парчамашон мешиносанд.

Ҳамзамон, ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба сулҳу субот, зиндагии ором ва кӯшиш барои ҳаёти арзанда, рушди ҳамаҷониба ва соҳиб­ихтиёрӣ сафарбар менамояд.  

Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи давлату миллат инъикос меёбад. Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу мубориза ва саъю кӯшиши миллати тоҷикро барои озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда ва осуда ифода менамояд. Парчами мо рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷик мебошад. Ҳамчунин, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷилвагар менамояд. Бинобар ин, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадории ҳар як шаҳрванд мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳаббати парчамеро, ки ин­ъикосгари ояндаи дурахшони мо мебошад, дар дили худ парварад ва ба ҳеҷ ваҷҳ нисбаташ беэҳтиромӣ накунад.

Парчами давлатии Тоҷикис­тони азизи мо, ифтихор, нанг ва шарафи ҳар нафар сокини кишвар буда, симои миллӣ ва сиёсии онро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Биноан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, Истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем».

Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами давлатии худ муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангию маънавии миллӣ, гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро он дар баробари Конс­титутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллию давлатӣ маҳсуб меёбад.

К. СОЛИҲОВ,

ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе