Бори бистум аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28 декабри соли 2023) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар доираи ин санади муҳими сол воқеияти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар таҳлилу баррасӣ ва дурнамои рушди кишвар муайян гардида, миёни доираҳои илмию фаннӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, сиёсию маданӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд овард.
Таҳлили илмии ин Паём ва паёмҳои қаблии Президенти кишвар собит менамояд, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат як асари мукаммалу боарзиши илмӣ аст, ки дар он ҳам гузориши масъала, ҳам таҳлил, қиёс, масъалагузорӣ, пешниҳоди роҳи ҳал, натиҷабардорӣ, хулоса ва ояндабинии илмӣ мавҷуд аст ва дар он ба пуррагӣ ва мураттабӣ риоя мегардад.
Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун асари илмии мукаммал, тамоми самтҳои ҳаёти кишварро дар бар гирифта, дар он ҳам даъватҳои ҳувиятсоз буданду ҳам маслиҳату машваратҳои муҳим дар роҳи нигаҳдошту рушди арзишҳои инсонию миллию соҳибистиқлолии кишвар.
Масъалаи фароҳам овардани имконияти буҷет барои рушди инфрасохтори маърифатию маданӣ дар мадди назари махсуси Сарвари давлат буда, дар Паём зикр гардид, ки хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба шахси омӯзгор, ки субъекти асосии раванди маорифи мамлакат маҳсуб шуда, дар айни замон, шахсияти мафкурасоз ба шумор меравад, дар раъси тамоми суханрониҳои Сарвари давлат, аз ҷумла дар Паёми навбатӣ, қарор дошт.
Ҳанӯз дар Паёмашон аз 23 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи мафкурасозӣ, раванди давлатсозии миллӣ ва пайванди мундариҷавии сохтмони давлат ва ҷомеаро бо шахсияти омӯзгор дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода таъкид карда буданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».
Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар Паёми навбатӣ низ ин масъала ва мушкилоти соҳаи илму маориф бори дигар ҳадафмандона мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, аз ҷумла Сарвари давлат таъкид карданд: «Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом, пеш аз ҳама, дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Дар Паём аз тариқи таҳлили қиёсӣ Сарвари давлат вазъу ҳолати илму маорифи ватаниро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас, дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Дар ин раддабандӣ мамлакати мо миёни 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Президенти кишвар бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ишора фармуданд, ки низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа кафили сулҳу субот ва амнияту осоиши ҳар миллат, аз ҷумла миллати тоҷик, аст. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад. Дар бобати рушди соҳаи илми ватанӣ Сарвари давлат Вазорати маориф ва илмро муваззаф намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Эътибори аввалиндараҷа зоҳир кардан ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим ба унвони масоили калидӣ дар Паём таъкид гардиданд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи занону модарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои беҳтар кардани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар Паёми имсола нисбат ба Модар суханони пурмуҳаббатро иброз доштанд, зеро модар мазҳари меҳру муҳаббат ва мураббии аввалини фарзанд аст. Аз ин рӯ, модарро ба фаришта ташбеҳ додаанд, зеро аз домони модари тоҷик фарзанди барӯманд ва тоҷики оламшумул ба воя расидааст, ки барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон сарбаландона дар хидмат аст.
Тавре ки медонем, Сарвари давлат дар суханронию мулоқот, аз ҷумла паёмҳояшон, ба гиромидошти таъриху фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус менамоянд, ки аз эҳтироми самимӣ доштани Сарвари давлат ба таъриху фарҳанги миллӣ шаҳодат медиҳад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат фарҳангро дар мақоми «ҳастии миллат» шинохтаю муаррифӣ карда, ҷиҳати рушди ин соҳаи маънавиятсоз тадбирҳои судманд меандешанд. Ба ин маъно, Президенти мамлакат дар доираи Паёми навбатӣ масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро матраҳ карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати ҳифзи ёдгориҳои таърихию маданӣ таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида — Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таъсис дода шавад. Сарвари давлат афзуданд, ки Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин, рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ рушди минбаъдаи саноати ватаниро аз ҷумлаи авлавиятҳои сиёсати давлатӣ унвон карда, дар ин замина тазаккур доданд, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом дар муддати 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Сарвари давлат, аз ҷумла, зикр карданд: «Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд».
Ба таъкиди Сарвари давлат, «соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаю барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад». Президенти мамлакат дар ин замина фармуданд, ки вобаста ба масъала ва мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо назардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Сарвари давлат дар заминаи сохтмони иншооти аср — НБО «Роғун», ки аз ҷумлаи иншооти бузурги саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, изҳор доштанд: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем. Ҳоло дар ин иншооти муҳими аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3500 техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд». Дар идома Сарвари давлат афзуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ ихтисос дода шуд.
Тавлид ва истеҳсоли барқ дар садри барномарезиҳои давлатӣ қарор дорад. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паём аз рушди энергетикаи ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ сухан ба миён оварда, бамаврид таъкид карданд, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт-соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт-соат ё 28 фоиз зиёд мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти масъала Сарвари давлат чанд нуктаи калидиро таъкид намуданд, ки дар қолаби 6 пешниҳоди судманди ихтисосӣ ироа гардид. Ҳамин тариқ, Президенти кишвар барои расидан ба аҳдофи стратегӣ дар самти энергетикаи ватанӣ коргирӣ аз механизмҳои зайлро зарурӣ донистанд:
«Якум: бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд.
Дуюм: барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шуроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хати интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад.
Сеюм: дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хати интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт/соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Чорум: ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад.
Панҷум: бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Шашум: корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодию иҷтимоӣ ва истеҳсолию коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби аҳолӣ тақвият бахшида шаванд».
Инчунин, Сарвари давлат хулоса карданд, ки бо амалисозии тадбирҳои мазкур то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Зимни иртибот гирифтан ба масоили ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора карданд, ки қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшишро ба ин самт равона созанд. Сарвари давлат дар ин замина пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Дар ин замина, дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат фармуданд: «…аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад».
Дар бахши хулосавии Паёмашон Сарвари давлат чун лидери сиёсию миллӣ бо рӯҳияи баланди давлатдорӣ фармуданд: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем… Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам».
Дарвоқеъ, он чӣ ки дар қолаби Паём, чун як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, мардуми шарифи Тоҷикистони азизро муваззаф месозад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор бардорем ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарраи хеш то ба сатҳи зиндагии боз ҳам арзандаю шоиста бирасем.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик