Асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ

№33 (4616) 06.03.2023

Иттилоърасонҳо бояд онро барои таҳкими сулҳу ваҳдат самаранок истифода намоянд

largeДар шароити ҷаҳонишавии иттилоотии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, минтақабандии он, ки шаклҳои бештари ҳушдордиҳандаи таъсири иттилоотиро касб мекунад, зарурати нигоҳдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот, таъмини амнияти онҳо моҳияти хоса касб кардааст. Сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати давлатии хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатиро дар соҳаи иттилоот муайян менамояд.

Амнияти иттилоотӣ, ки дар ҷаҳони муосир моҳияти он рӯзафзун гардидааст, маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ». Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин масъала дахл доранд.

Илова бар ин, ҳафтуми ноябри соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» содир гардида, дар асоси он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» тасдиқ гардид.

Шоҳид ҳастем, ки имрӯз бадхоҳони миллату давлати тоҷик барои амалӣ намудани аҳдофи муғризона бештар аз расонаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мебаранд. Вазифаи асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ нисбат ба воситаҳои ахбори омма андешидани тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилие мебошад, ки дар фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавозуни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлатро таъмин менамоянд.

Таҳия ва татбиқи шаклу усулҳои муосири кор бо воситаҳои ахбори омма ба ташаккул, рушд ва интишори арзишҳои маънавии ба манфиатҳо ва анъанаҳои фарҳангию таърихии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ боис мегарданд. Дар шароити кунунӣ воситаҳои ахбори омма бояд ба баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, дастгирӣ ва рушди анъанаҳо ва фарҳанги миллии асили Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Барои ҳалли ин масъалаҳо фаъолияти пурмаҳсули воситаҳои ахбори омма ва садоқату арҷгузории кормандони онҳо ба арзишҳои инсонӣ, давлатӣ ва миллӣ ниҳоят муҳим буда, дар ин замина имкон фароҳам меояд, ки ҳамчун воситаи воқеии ташкили муносибатҳо байни аҳолӣ ва ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, инъикосгари манфиатҳои давлат, тиҷорат, рушди фарҳанг ва воситаи робитаи байни онҳо хизмат намоянд.

Воситаҳои ахбори оммаи муосир на танҳо рӯйдодҳои ҷаҳониро ба таври фаврӣ инъикос менамоянд, балки бештар бо таҳлили иттилоот ва мақсаднок ҷудо карда гирифтани он машғуланд. Ба туфайли ин воситаҳои ахбори омма воситаи пуриқтидори таъсиррасонӣ ба шуури одамон мебошанд. Ҳоло дар самти ҳифзи шаҳрванд ва ҷомеа аз иттилооти бардурӯғ ва беинсофонаи тариқи воситаҳои ахбори омма интишоршаванда мушкилот мавҷуд аст. Дар баъзе маврид воситаҳои ахбори омма вазифаҳои маърифатӣ ва вазифаҳои нигоҳдориву рушди фарҳанги миллиро пурра иҷро наменамоянд. Қобили зикр аст, ки ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ низ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, барои табақаҳои васеи аҳолӣ дастрасии иттилооти воқеиро дар бораи рафти ислоҳоти иқтисодӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, санаду меъёрҳои ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ва хусусии шаҳрвандонро ба танзим медарорад, таъмин намудан зарур аст. Сиёсати иттилоотӣ бо сиёсати давлатии иттилоотии таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути низоми амнияти иттилоотӣ, ки Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муқаррар мекунад, зич алоқаманд аст. Низоми амнияти иттилоотӣ ба таъмини нигоҳ доштани сирри давлатӣ ва асрори дигар, ҳимояи захираҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ аз таъсири иттилоотие, ки барои амнияти давлатӣ хатарнок мебошанд, равона шудааст. Масъалаи ҷиддие, ки таҳлили амиқ ва таваҷҷуҳи доимиро тақозо дорад, ҳимояи иттилоотӣ дар робита бо мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ тавассути шабакаҳои байниминтақавӣ ва глобалӣ аст. Ин бесабаб нест, чунки дар марҳилаи кунунӣ таъсири воситаҳои ахбори омма тамоюли афзоишро касб намуда, дар заминаи рушди интернет шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз пеш таъсиргузоранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки поварақи матолиби баъзе аз расонаҳо, хоса воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳое, ки ҳангомасозӣ дар онҳо меҳвар аст, ба майдони мубоҳиса табдил ёфтаанд. Мутаассифона, дар ин раванд аксар маврид назокату одоби баҳс сарфи назар шуда, онҳо моҳияти сиёсӣ касб менамоянд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», мафҳуми «иттилоот» маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо ва фаъолияти иттилоотӣ маҷмӯи амалиёт барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ арзёбӣ шудааст. Қонуни мазкур меъёрҳои умумии ҳуқуқӣ гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоотро муқаррар менамояд, ҳуқуқи субъекти муносибатҳои иттилоотиро ба иттилоот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин системаи иттилоот ва манбаъҳои онро таҳким бахшида, мақоми иштирокчиёни муносибатҳои иттилоотиро муайян мекунад, дастрас намудани иттилоотро танзим ва ҳифзи онро таъмин, шахсият ва ҷомеаро аз иттилооти бардурӯғ муҳофизат менамояд.

Чун мавзӯъ «Асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ» аст, бамаврид медонам аз принсипҳои асосии муносибатҳои иттилоотӣ ёдовар шавам. Ин принсипҳо аз ҳуқуқи кафолатнок ба иттилоот, ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он, ҳаққонӣ ва саҳеҳ будани иттилоот, мукаммалӣ, саривақтӣ ва дақиқ будани иттилоот, қонунӣ будани гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборатанд.

Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ эътироф шудаанд. Бояд мадди назар дошт, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», дигар давлатҳо, шаҳрвандони онҳо, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ бошанд. Вақте субъект­ҳои муносибатҳои иттилоотиро шарҳу тавзеҳ додем, табиист, ки объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ бояд аз мадди назар дур намонанд. Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, иттилооти ошкоршаванда дар бораи шахc, воқеаҳо ва падидаҳо дар соҳаи сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму техника, иҷтимоиёт, экология, соҳаҳои байналмилалӣ ва дигар соҳаҳо объектҳои муносибатҳои иттилоотӣ мебошанд. Сиёсати давлатии иттилоотӣ аз маҷмӯи самтҳои асосӣ ва усулҳои фаъо­лияти давлат ва дигар ­субъектҳо оид ба гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани иттилоот иборат мебошад.

Самтҳо ва усулҳои асосии сиёсати давлатии иттилоотӣ аз инҳо иборатанд:

- ғамхории давлат ва дигар ­субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ дар бораи таъсиси саривақтӣ, фаъолияти зарурӣ ва рушди системаҳои иттилоотӣ, шабакаҳо, махзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтҳои фаъолияти иттилоотӣ;

- таъмини ворид шудани саривақтии шаҳрвандон ба иттилоот;

- дар асоси ғайриинҳисорӣ таъсис додани система ва шабакаҳои миллии иттилоот;

- таҳкими асосҳои моддию техникӣ, молиявӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва илмии фаъолияти иттилоотӣ;

- таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;

- мусоидат ба навсозӣ, ғанигардонии доимӣ ва ҳифзи захираҳои миллии иттилоотӣ;

- ташкили системаи ҳифзи иттилоот;

- мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот ва кафолат додани мустақилияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Сиёсати давлатии иттилоотиро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин идораҳои дахлдори иттилоотӣ таҳия ва татбиқ менамоянд. Масъалаи бениҳоят муҳим дар ин раванд ҳуқуқ ба иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, паҳн кардан ва ҳифз намудани маълумоте, ки ҷиҳати татбиқи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунӣ, анҷом додани мақсад ва вазифаҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд. Вале муҳим он аст, ки татбиқи ҳуқуқ, ба иттилоот аз ҷониби субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ набояд ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтиcодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, экологӣ ва дигар ҳуқуқҳо, озодӣ ва манфиатҳои қонунии дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро вайрон кунад ва ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зарар оварад.

Коршиносон ба он назаранд, ки бегазанд будани амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба рукни асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Ба ин андеша комилан ҳамфикрам. Бегуфтугӯ, бидуни мавҷудияти амнияти иттилоотӣ таъмини амнияти миллӣ имконнопазир аст. Маълум аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Моҳиятан зиракии сиёсӣ дарк ва ҳифзи манфиатҳои давлат мебошад. Мо дар замони пуртазод зиндагӣ мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун, ташкилотҳои байналмилалӣ баҳри амалӣ намудани «тарҳ»-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор нест. Табиист, ки дар ин раванд таъмини ҳифзи иттилоот моҳиятан хеле муҳим аст. Тибқи талаботи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», муносибатҳои байни субъектҳои ҳуқуқӣ ҳангоми таъмини ҳифзи иттилоот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки категорияҳои иттилоотро аз рӯи дараҷаи дастрасӣ ба он муайян менамоянд, тартиби ҳифзи иттилоот, инчунин бо шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни субъект­ҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ баста шудаанд, ба танзим дароварда мешаванд. Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ уҳдадоранд якдигарро оид ба хусусиятҳо, усулҳо ва шаклҳои коркарди иттилоот, ҳифзи он хабардор намоянд ва розигии молик ё дорандаи иттилоотро оид ба коркарди он гиранд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки гурӯҳҳои динӣ-экстремистӣ ва терро­ристии трансмиллӣ худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рӯи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст. Бо назардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёсӣ, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғояи миллӣ зарур аст. Мо бояд ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем. Масъулини воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол вазифадоранд, ки манфиатҳои миллиро болотар аз дигар масъалаҳои моҳияти шахсиву гурӯҳидошта гузоранд, зеро далелҳои зиёде мавҷуданд, ки нашру пахши чунин матлаб ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ расониданд. Ҳарчанд беасос будани онҳо бо истинод ба далелу рақам собит гардид, вале таъсири манфӣ дар афкори як қисми шаҳрвандон боқӣ мемонад. Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад. Дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир метавонад номувофиқатӣ ва чун натиҷа мухолифати манфиатҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи иттилоот ба амал ояд. Ихтилофи манфиатҳо дар ин соҳа пайваста ба сурати мухолифати иттилоотӣ инъикос мегардад, ки он шаклҳои таҳдидро касб менамояд. Таҳдиди иттилоотӣ, ҳамчун амали тарҳрезишуда, аз истифодаи ҳадафноки восита ва усулҳои махсус барои таъсир ба захираҳои иттилоотӣ ва ҳимояи захираҳои иттилоотии худӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ё тактикии худ иборат аст. Фаъолиятҳои иттилоотии ҳадафноки берунӣ ё дохилӣ ва тадбирҳои хусусияти ғасбкунидошта метавонанд барои манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хатарнок бошанд. Ин ҳолатҳоро метавон ҳамчун вазъияти махсус арзёбӣ намуд ва онҳо бояд зимни фаъолияти мо ба назар гирифта шаванд. Вазъияти махсуси иттилоотӣ дар иншооту ниҳодҳои иттилоотӣ метавонад ҳангоми пайдоиши хатари беруна, ғасби иттилоотӣ, ҳамчунин ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода, амалҳои террористӣ, ҳолатҳое, ки бо амалҳои барои ҷомеа хатарнок ба вуқӯъ пайвас­таанд ва ғайра ба миён оянд.

Хушбахтона, дар кишвари мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи журналистон дар инъикоси таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда шароити мусоид фароҳам аст. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналис­тон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки баъди як соли соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» қабул шуд. Ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, такмил доданд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус, матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид. Биноан, метавон гуфт, озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба банд­ҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад.

Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза, мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки иттилоърасонҳо неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо сулҳу ваҳдат равона ­менамоянд.

Аминиён Хӯҷаназар Файзулло,

«Садои мардум»