Қавлу амали Пешвои миллат

№139-142 (4559-4562) 14.11.2022

26-1«То он даме ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам»

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан тулӯи офтоби бахти тоҷикистониён буда, омили асосии эҳёи аркони фалаҷгаштаи давлатдорӣ,  таъмини сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷоти  миллат аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ фурӯпошида ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон маҳсуб мешавад.

 Он айём, ки вазъият мураккабу бениҳоят муташанниҷ  буд,  ягона умеди миллат ва давлат таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд. Зеро дар он замон Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар чунин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ мақсади ягонаи роҳбарияти нави Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хомӯш кардани оташи ҷанг, пешгирии хунрезӣ ва наҷот додани давлату миллат аз бадбахтиву парокандагӣ буд. Хушбахтона, ба шарофати иҷлосияи таърихӣ ва ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати таърихӣ дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро гардид.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷику тоҷикистониён ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои неки миллати куҳанбунёд дилпур намуда,  боиси таҳкими  эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гардиданд.

Дар қатори 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот, иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» — ро қабул намуд, ки асосҳои ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба гурезаҳои ба макони доимии зисташон баргардонидашуда, интиқоли ройгони аҳли оила ва молу амвол кафолат дода шуд.

Далелу рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки солҳои 1992-1993 сокинони зиёди кишвар хонаю кошонаашонро тарк намуда ё дар дохили мамлакат ҷои зисти худро тағйир доданд ва ё ҷумҳуриро тарк карданд. Тавре аз маълумоти ба ин масъала рабтдошта бармеояд, 1-уми июли соли 1992 шумораи фирориён 83 ҳазор кас буд. Минбаъд ин раванд тамоюли афзоишро касб намуда, 24-уми июл  ба 133 ҳазор нафар расида, дар ибтидои соли 1993 ба таври расмӣ 1 млн. нафар гуреза ба қайд гирифта шуда буд.

  Бо ёдоварӣ аз он айём ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев зикр кард, ки вилояти имрӯзаи Хатлон, бахусус водии Вахш, дар маркази талош­ҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин қарор гирифта буд. Дар муддати начандон тӯлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар асари ҷангу ҷидол ва задухӯрдҳои бемаънӣ ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чунон хисороте расид, ки мислашро мардуми мо надида буд. Рустоҳои мо он қадар хароб нашуда буданд, ки таи ин чанд моҳ шуданд. Гуфтан кофист, ки дар натиҷаи муноқиша ва амалиётҳои ҷангӣ ҳазорҳо хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб, валангор, ба хок яксон, ғорат ва талаю тороҷ шуданд. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷони хеш аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба садҳо ҳазор нафар расид. Водии Вахш, ки ҳафтод – ҳаштод сол муқаддам бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳалу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, бо номи «водии тиллоӣ», «водии меҳру муҳаббат» шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт. Ҳодисаҳое, ки ба амал меомаданд, барои воситаҳои ахбори оммаи бархе аз кишварҳои хориҷӣ барои паҳн намудани ҳама гуна дурӯғ, буҳтон, овозаҳои беасос ҷиҳати бадном ва ҳамчун як қавми маҳалгарою миллаткуш «машҳур» намудани тоҷикон «ғизо» медоданд.

  Бар асари ҷанги бародаркуш дар ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ 17 ҳазор хона хароб шуда буд. Масалан, дар ноҳияи Бохтар (ҳоло Кӯшониён) аз 45 деҳа 32 деҳа пурра аз байн рафта, зиёда аз 6400 хона ба коми оташ кашида шуд. Бар асари ин фоҷиа китобхонаву клубу мағозаҳо, кӯдакистону хонаҳо, муассисаҳои хизматрасонии маишӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо ва ғайра осеби ҷиддӣ диданд. Мақсади асосии интихоби Сарвари нави давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он буд, ки мебоист дар он вазъи барои кишвар хеле мураккабу ноором нахуст гурезаҳоро баргардонида, сохторҳои  фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад. Интихоби вакилон ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва ин абармарди миллат, ки дорои сифатҳои роҳбарӣ, ҷасорату матонати сиёсӣ аст, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд, гуфтанд: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. «То он даме ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, барои расидан ба яке аз ҳадафҳо – баргардонидани гурезаҳо  таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд зарур буданд. Дар навбати аввал моҳи июли соли 1992 Департамент оид ба гурезагон дар назди Вазорати меҳнат ташкил шуда, соли 1993 ба Сарраёсати кор бо гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ табдил дода шуд. Бо ташаббуси муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсоне, ки сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд» идомаи мантиқии ин раванд мебошад. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» ва қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат соли 1993 барои интиқоли хонаводаҳои муҳоҷирони иҷборӣ ба маҳали зисти доимӣ ва пардохти кумакпулӣ ба онҳо 1,8 млрд. рубл харҷ гардид.

Рӯйдоди муҳим  Муроҷиатномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ҳамаи ҳамватанони бурун аз марзи кишвар  маҳсуб меёбад, ки   16-уми январи соли 1994 ироа гардид. Дар он аз ҷумла омадааст: «Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард… Азизон, тоҷикон як Ватан доранд, вазифаи ҳамаи мост, ки онро азиз дорем ва ободаш кунем».

Ба сифати яке аз ҳамсафони Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шоҳид будам, ки он кас масъалаи бозгардонидани гурезаҳоро дар музокироти сулҳи тоҷикон ҳам яке аз масъалаҳои афзалиятнок дониста, ба ҳайати ҳукуматӣ супориш дода буданд, ки масъаларо дар маркази диққат қарор диҳанд. Ин аст, ки дар даври якуми музокироти тоҷикон, ки аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Москва доир гардид, масъалаи мазкур авлавият буд. Далели ин гуфта дар интиҳои марҳилаи якуми музокироти байни тоҷикон дар шаҳри Москва ба имзо расидани «Протокол дар бораи ташкили Комиссияи муштарак оид ба ­масъалаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Тоҷикистон»  мебошад.

-Ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба ин масъала дар давраҳои дуюм, чорум ва   шашуми музокирот вобаста ба зудтар баргардонидани ҳамватанони мо аз хориҷи кишвар санадҳои дахлдор қабул шуданд. Ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки баргардонидани беш аз 1 млн. гуреза ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо ҷои зист кори осон нест. Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон то ҳадде ба ин ­масъала муносибати дилсӯзона доштанд, ки дар яке аз мусоҳибаҳои аввалинашон аз он нигаронӣ карданд, ки: «Зиёда аз 30000 нафар фирориён сарҳадро убур карда, ба қаламрави Давлати Исломии Афғонистон гузаштаанд. Тибқи маълумоти расида, силоҳбадастон фарзандони гурезаҳоро бо яроқу аслиҳа иваз мекунанд, занону духтаронро дастаҳои мусаллаҳи афғонҳо зӯран мебаранд».  Дар робита ба ин муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 таъкид намуданд: «Ҳамчун Президент, ҳомии Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон…дар андешаам, ки бо роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ вохӯрда, ба фикру андешаҳои онҳо шинос шавам. Ман ба онҳо гуфтан мехоҳам, ки ба Ватан баргардонидани ҳамаи фирориён мақсади стратегии мо, зиёда аз он тақозои нангу номуси ватандории мост». — Бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки  иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бозгардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ  беназир буда, моҳиятан қаҳрамонии бемислу монанд аст,- таъкид кард Амиршо Миралиев.

26Дар он давра бо ҳидояти бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Талбак Садриддинов ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, даъвати Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакат ­Эмомалӣ Раҳмонро  ба мардуми гуреза расонанд ва дар амалӣ гаштани ин иқдоми  ватандӯстонаи Сарвари давлат дар бобати баргардонидани ҳамватанони берун аз Ватан қарордошта иштирок  намоянд.

Баҳри тақвияти суханони Амиршо Миралиев бамаврид аст суханони фарзанди Талбак Садриддинов собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (ҳоло раиси ноҳияи Қубодиён)  Бадриддин Садриддиновро, ки дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» гуфта буд, ёдовар шавем: «Воқеаҳое, ки дар минтақаҳои  ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав, он солҳо рух доданд, боиси гуреза гардидани шумораи зиёди одамон шуданд. Банда ва пайвандонам, ки зода ва сокинони ин мавзеъ мебошем, аз ин ҳодисаҳо берун набудем. Ҳодисаҳои солҳои 1992 пайвандонамро низ маҷбур намуд, ки берун аз Ватан шаванд, номи гурезаро дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон гиранд. Садҳо нафар ҳамватанон, аз ҷумла пайвандони ман, дар ғарибӣ  наздикони худро  дафн намуда, пораи дили худро абадӣ  дар он макон  гузоштанд». Дар он рӯзҳои вазнин  дар дили мардуми кишвар шуълаи умед пайдо гардид, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ҷангзада сафарҳои корӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳар чӣ зудтар ба макони зист баргардонидани гурезагон, барқарор кардани манзилҳои харобгардидаи онҳо, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва корхонаҳо равона намуданд». Шоистаи арҷгузорист, ки Президент дар сафарҳои худ ба ин ноҳияҳо бо мардум суҳбат намуда, бо шеваи хосе, ки мансубашон аст, мар­думро муътақид карданд.  Баъд аз ин сокинони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус гурезаҳоро пайдо карда, даъват ба амал меоварданд, ки ба ҷойҳои зисташон баргарданд. Қобили зикр аст ки мухолифони бозгашти фирориён на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Афғонис­тон ҳам зиёд буданд. Роҳбарони Иттиҳодияи мухолифини тоҷик ба ҳар роҳу восита аз бозгашти фирориён ба Тоҷикистон монеъ мешуданд, онҳоро аз пайомади ин бозгашт ҳушдор медоданд. Дар маҷмӯъ, бозгардонидани гурезагон аз Афғонистон ба масъалаи номус ва иззати миллат табдил ёфта буд.

Табиист, ки дар муассир ва судовар будани дилхоҳ иқдом нақши воситаҳои ахбори омма бориз аст. Вобаста ба ин месазад аз саҳми барномаи радиоии «Хоки Ватан» дар баргардонидани гурезаҳо ёдовар шавем.  Ин барнома 29-уми марти соли 1993 аввалин бор пахш шуд. Муҳим он аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи ин барнома ба гурезагон муроҷиат намуданд ва хеле самимона  бо муҳаббату ихлос гуфтанд: «Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам. Вале як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем».

Дар китоби муҳаққиқи  радио ва телевизион  С. Хоҷазода «Таърихи радиои Тоҷикистон»  дар ин бобат маълумоти ҷолиб ҷамъоварӣ шудааст. Шояд аксарият надонанд, ки соли аввали фаъолият аз тариқи ин барнома 30 ҳазор мактуби гурезагон ва 20 ҳазор мактуби сокинони Тоҷикистон ба хешу таборашон, ки бо амри тақдир дар ғурбат қарор дош­танд, қироат гардид.  Дар маҷмӯъ, дар барномаи «Хоки Ватан» аз соли 1993 то декабри соли 1996 дар ҳудуди 60 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба хешу ақориби худ дар Афғонис­тон муроҷиат намуданд, 50 ҳазор нафар аз Афғонистон ба ҳамватанони хеш дар Тоҷикистон бо нома муроҷиат кардаанд. Аз тариқи радио 200 ҳазор мактуб қироат шуда, 150 барнома бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ нашр гардидааст, ки ба гурезагон муҳтавои қонунгузории Тоҷикистонро дар бораи гурезагон шарҳ додаанд. 750 намояндаи сохторҳои гуногуни ҳукуматӣ аз тариқи ин барнома мушкилиҳои пайдошударо вобаста ба қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои ҷойдошта шарҳ додаанд, 400 барномаи ин радио ба пахши репортаж аз маҳали иқомати гурезаҳо, 800 барнома оид ба ҷараёни баргашт ва ҷойгиршавии гурезаҳо ва 750 барнома оид ба суҳбати шоиру нависандагон ва олимон бахшида шуда буд.

Бардошт аз пайгирии масъалаи меҳварии матлаб – баргардонидани гурезаҳо, ки яке аз ҳазор корнамоиҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад,  он аст, ки  қавлу амали ин фарзанди фарзонаи миллат як аст.

Ин абармард, дар замоне ки аксарият умедашонро ба фардои нек батамом аз даст дода буданд, ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллате чун тоҷикон бо таърихи тӯлониву пурифтихор ва нақши арзишманд дар тамаддуни башарӣ наметавонад бо мудохилаи доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ дар гирдоби иғвоангезиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нобуд гардад.

Ҳарчанд ки ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ раванди бисёр вазнину сангин ва тӯлониву пурмашаққат буд, хушбахтона, бо ҷаҳду талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демок­ратӣ, ҳуқуқбун­ёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ комёбем.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»