Аввалин ҳарфи иттиҳод ба гӯшҳо расид

№95 (4678) 24.07.2023

Андешаҳо дар бораи истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллӣ

БОООО копияҲеҷ неъмат беҳ зи истиқлол нест,

Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.

Ба миллати тоҷик муяссар гашт то баъди суқути ҳазорсола дар порае аз марзу буми ганҷрезу файзхези аҷдодии хеш давлати навинро бо номи Тоҷикистон эъмор намояд ва ба оламиён аз истиқлолияти давлатии хеш паём расонад. Истиқлолияте, ки маҷмӯи андешаҳои созандаи ҳар як миллати соҳибтамаддун буда, дар асоси ин андешаҳо ҷомеаи инсонсолорӣ бунёд мегардад ва ин андешаи созанда ва башардӯстӣ собиқаи шашҳазорсола дошта, бори аввал дар таърихи башарият ба замони Каёниёни бузург нисбат дода мешавад.

Ин иқдом баъди ҳазорсолаҳо бо номи давлати Сомониён насиби миллати фарҳангсолори тоҷик гардид, ки замони шукуфоиаш аз чор се ҳиссаи ҷаҳонро дар даст дошта, беш аз сад қавму миллатҳои гуногунро дар қаламрави хеш зери парчами Ориёи бузург муттаҳид намуда, заминаи мусоидро барои эъмори як давлати бузурги хирадафрӯз гузоштааст. Аз Ҷамшед то Яздигурд қаламрави Сосониёни бузург мавриди таҳоҷуми ҳазорон душманони молию ҷонии Ориё қарор гирифта, фарзандони некному ҷасур ва қаҳрамони ин хиттаи гурдофарид дар баҳои хуни далеронаш истиқлолияти хешро нигоҳ доштаанд. Пешвоёни хирадманди ин қаламрав дар асоси андешаи созандаи миллӣ давлат ва империяи бузургро сохта, истиқлолияти миллию давлатии хешро аз насл ба насл ба мерос гузоштаанд. Афкори созанда ва пайкори ақлгароӣ, ки оини қадими миллати Ориёии бузург будааст, ҳазорҳо сафаҳоти пуробуранги рӯзгори атиқаро аз Каёниёни бузург то Сомониёни далер ба мо ба мерос гузошта, дар садҳо достону қасида васфи истиқлолияти кишвари хешро намудаанд.

Аз ин баъд империяҳо ва кишварҳои абарқудрати гуногун дар кураи замин бо номи қавму миллатҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ намудаанд, аз ҷумла Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Точикистон порае аз ин империяи бузург буд ва бо амри таърих соҳибистиқлолии худро ба даст овард.

Дар солҳои аввал тақдири истиқлолияти давлатӣ ба дасти роҳбарони тасодуфӣ афтод, вале мардуми кишвар ин хатарро ба ҷон дарк намуда, ба муқовимат ­бархостанд ва зери роҳбарии хирадмандонаи роҳбари ҷавон, Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро аз нав, бо тарҳи миллӣ ва бо андешаи созгори башарӣ сох­танд. Иҷлосияи тақдирсози қасри Арбоби Хуҷанд он гурӯҳҳои хурди тундрави парлумони соли 1990-умро маҷбур сохт, ки бо гурӯҳи созандаи сулҳ ва истиқрори миллӣ таҳти роҳбарии Раиси тозаинтихоби ҷавон Эмомалӣ Раҳмон созиш намуда, кишварро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот диҳанд. Ҳамин тавр истиқлолияти давлатӣ ҷилои тобноки хешро баъди интихоботи навини Президенти кишвар 4 — уми ноябри соли 1994 ба мардуми шарифи Тоҷикистон боз намуд. Ранҷу заҳматҳо ва бедорхобиҳои Роҳбари сиёсии кишвар ва ҷонибдорони воқеияш дар муқобили рақибони сиёсиаш оғоз гардида, аввалин ҳарфи иттиҳоду ҳамбастагӣ ба гӯшҳо расид…

Ҳосили аввали ин кишта — сабр, таҳаммул, иттиҳод, сулҳ ва якпорчагиро ба бор овард. Ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми бенаво ва дардманду муҳтоҷ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ба сифати Роҳбари воқеии кишвар соҳиби иззату обрӯи зиёд гардонид. Президенти мамлакат бо аҳли калом, санъат, фарҳанг ва ҳунармандону зиёиён дар ҷашну тантанаҳои миллӣ хеле озод ва самимӣ суҳбат карда, миёни мардони ватанхоҳ боварии мардумро ба садоқати ватандорию ватансозӣ зиёд менамуданд.

Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби кишвар бо неруи нав андешаи созандаи миллӣ ва садоқат ба халқу Ватани хеш ҷомеаи башариро водор сохтанд, ки миллати тоҷик миллати созанда буда, дар таърихи беш аз даҳҳазорсолаи кишварсозиаш бо миллату халқҳои ҷаҳон паҳлу ба паҳлу бародарвор зиндагӣ намуда, саҳми бузурги хешро дар эъмори ҷомеаи башарӣ гузоштааст ва ин анъанаи созандагиро чун ниёкони хеш бо ифтихори зиёд идома хоҳад бахшид.

Таърих, адабиёт ва фарҳанги беш аз даҳҳазорсолаи тоҷик ба ҷаҳониён собит намудааст, ки фарзандони фарзонаи ин миллат чароғи равшани ҷаҳониён мебошанд. Бисёре аз коршиносони сиёсии кишвар ба он назаранд, ки истиқлолияти давлатӣ моҳи сентябри соли 1991 роҳҳою уфуқҳои нави сиёсию иҷтимоиро ба рӯи мардум боз кард. Аммо иддае ба он омода набуданд ва ҳамин нашинохтанҳои сиёсӣ боиси сарсонию саргардонӣ ва ба сангарҳо ҷудо шудани мардуми кишвар гардид. Иддаи дигари коршиносони сиёсӣ бар он назаранд, ки роҳбарияти вақти кишвар аз андеша ва афкори сиёсии мардум фарсахҳо дур буданд. Чунин андеша ва назарҳои сиёсии коршиносон даҳҳо рисолаҳои илмию амалиро рӯи кор овардаанд. Мавриди зикр аст, ки бедории миллӣ ва андешаи сиёсии миллӣ оғози солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле пешкадамтар буд. Таъсиси бунёд ва созмонҳои фарҳангӣ — иҷтимоӣ аз ҷониби равшанфикрон, шоирону нависандагон, файласуфону таърихшиносон гувоҳи он буд, ки қишри бедордил ва фарҳангдӯсту ватанхоҳони кишвар бехабар аз фитнаҳои диндорони мутаассиб, ки худро бандаи идеологии аҷнабиёни динфурӯш карда буданд, ин бедории миллии донишмандони кишварро тавонистанд, ки ба осонӣ мутеи худ гардонанд ва аз онҳо ба хотири манфиатҳои ғаразноки хеш истифода намоянд.

Ҳазорон шукр, ки дар аркони сиёсии кишвар хирадманде аз оли бузурги Сомониён ба сари кор омада, истиқлолияти давлатиро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот бахшид. Аввалин кору пайкори ин Абармарди таърихи сиёсат ва фарҳанги миллӣ соли 1995 таҷлил намудани ҷашни 680-солагии шоир ва файласуфи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби бостонӣ мебошад. Маҳз, ҳамин ҷашни пуршукӯҳ ба ҷаҳониён нишон дод, ки роҳбарияти сиёсии кишвари Тоҷикис­тон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу якпорчагии кишвар буда, заминаи бунёди сулҳи саросарии тоҷиконро дар сурати Анҷумани байналмилалии тоҷикони ҷаҳон гузошт. Забони ҷанг бурида шуд. Ливои сулҳ ва дӯстию бародарӣ дар саросари кишвар парафшон гашт. Эътибор ва шаъну шарафи Президенти кишвар, Роҳбари сиёсии тоҷикони ҷаҳон мушти маҳкаме бар даҳони ҳарзагӯёни кӯрдил ва ҳасудони сиёсӣ буд. Ба ибораи дигар Президенти мамлакат Тоҷикистонро аз нав сохт, пораҳоро ҷамъ кард, ҷамъҳоро шамъ кард ва ба қалбҳои хастаю ҳазин тобу тавон бахшид. Ин пораи меҳр ва садоқати ватандориро шоири ватансаро Давлат Сафар хеле самимӣ гуфтааст:

Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст.

Сарзамини пора-порагаштаро,

Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.

Бунёдгузори давлати нави тоҷикон

Ҷаҳониён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун бунёдгузори давлати нави тоҷикон дар таърихи замони истиқлолияти давлатӣ дар арсаи сиёсат шинохтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид аз дину фарҳанги хеш бо садои баланд дифоъ намуда, ба ҷомеаи башарии олам таъкид карданд, ки дини мубини ислом бо терроризм ҳеҷ иртиботе надорад.

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ хеле хатарзо буду марзи Давлати Исломии Афғонистон аз ҷониби бисёр аз гурӯҳҳои бо ном давлати исломӣ ва ҳаракатҳои террористии ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абар­қудрат қарор гирифта, ин омили номатлуб метавонист, ки амнияти кишвари моро ноором созад. Бо таассуф метавон гуфт, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ зери ниқоби дини мубини ислом миёни мардум таблиғоти хатарзои мазҳабӣ мебурданд.

Бо қиёси кишварамон ба вазъи ҳуқуқии ҳамсоякишвар хулоса ин аст, ки маҳз иродаи қавӣ ва нияти неки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар тамоми ҷанбаҳо комёб бошем.

Кафили марзи меҳру бародарӣ

Боз кардани марзи меҳр ва бародарӣ, кушодани дарҳои беш аз бист сол бастаи ду бародари ҳамсоя — тоҷику ӯзбек, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол дар муқобили ҳама гуна муқовиматҳо ва таҳоҷуми сиёсию фарҳангӣ бо ҳам буданд, барои ду халқ, ду миллати ҳамкеш ва ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамоин шоистаи баландтарин арҷгузориҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад. Оё метавонад, ки наврӯзи соли 2018, Наврӯзи ҳамдилӣ, бародарӣ ва ҳамкешии ду миллати ҳамтақдир, ки бар қалбҳои миллионҳо мардуми ин ду хитта шодию сурур оварда, киштзори умри онҳоро сарсабз гардонид, ­шоистаи таҳсин ва баҳогузории воқеии таърихӣ буда бошад? Муҳаббат ва самимияти ватанхоҳӣ ва созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми бародарию ҳамкешии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебояд ба таври ҳамешагӣ мавриди омӯзиш ва ташвиқу таблиғ аз боғча, мактаб ва муасисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳар ду кишвар қарор гирифта, ҳама садду деворҳои сунъии сиёсӣ бояд пурра бардошта шаванд. Ҳамон суханони пурмуҳаббат ва самимонаю пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки кулли мардуми Тоҷикистон онҳоро бо ашки шодӣ истиқбол карданд, бояд ба такрор ба гӯши пунбабаргӯшони дунёбехабар расонида шавад, то ҳамон дӯстию ҳамкешӣ ва ҳамсоягию ҳамраъйии замони шӯравӣ имрӯз аз он замон дида, мустаҳкаму қавӣ бигардад ва ин ҳар ду бародари ҳамкеш аз муҳаббат ва илҳоми худовандӣ чун рӯзгори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоӣ пайвандгари наслҳои ояндасози мардуми бумии ҳар ду сарзамин бошад. Худ қазоват намоед, ки дар Ҷашни байналмилалии Нав­рӯзии соли 2018 Роҳбари кишвари дӯсту бародари Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев чӣ гуфта буданд: «Замоне ки ман ҳокими Самарқанд будам, аз наздик бо рӯзгори мардуми Самарқанд ошноӣ доштам. Тамоми маъракаҳои шодию фараҳ ва ҷашнҳои суннатии ин мардумро суруду мусиқии тоҷикию ӯзбекӣ шукӯҳу шаҳомат мебахшид. Дар маъракаҳои хурсандии мардуми ӯзбек суруду мусиқии тоҷикӣ танинандоз буд. Дар маъракаҳои хуши суннатии тоҷикон бошад, тарона ва мусиқии ӯзбекӣ ба қалбҳои поки онҳо шавқу шӯр мебахшид. Ман чӣ гуна метавонам, ки ин ду миллати ҳамкеш ва ҳамтақдирро аз ҳам ҷудо созам. Имрӯз, ки тақдир ва сарнавишт ба ман ин имкониятро додааст, ман бо муҳаббат ва самимияти бародарона, бо оғӯши боз назди бародари арҷманд, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо армуғони дӯстию бародарӣ омадам».

Тӯли беш аз панҷ сол аз ин «сафари армоншикан» миёни ин ду миллати ҳамкеш он қадар қадамҳои пурмуҳаббат аз ҷониби роҳбарияти ҳар ду кишвар гузошта шуданд, ки давоми сад соли охир мислашро таърих ёд надорад. Ин иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мебояд аз ҷониби ҳама роҳбарияти зинаҳои поён то болои Ҳукумати кишвар, миёни мардум дар сатҳи баланди маърифати сиёсӣ ва фарҳангӣ барои насли ояндасози кишвар ташвиқу таблиғ гардад. Набояд гузошт, ки нотавонбине зери ниқоби миллатдӯстӣ ва ватанхоҳӣ ба бунёди ин ду миллати ҳамнишин, ки тӯли беш аз ҳазор сол сари хони муҳаббату садоқат ва бародарӣ нон шикастаанд, тухми ниқору кина ангезанд.

Воқеан, имрӯз ҳар як марди ватандор муваззаф аст ба қадри заҳматҳои ҳувиятсозию истиқлолталабӣ, ҳамраъйию ватандӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бояд бирасаду дар роҳи худшиносию худогоҳии ва ҳувияти миллӣ, амнияту осудагӣ ва созандагии кишвар саҳми хешро гузорад.

Ҷумъахон Темурзода,

рузноманигор