10 апрел – Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ

Аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол

№43 (4783) 07.04.2024

52488232284_1101bf12fc_oОромию осоиштагии Ватани азизи мо бар ивази ҷоннисорӣ, матонату шуҷоат ва иродаи қавии ҳазорон сарсупурдаи роҳи озодию истиқлол — хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ, ба даст омадааст. Аз ин лиҳоз, ёдоварӣ ва арҷгузории қаҳрамонии онҳо қарзи виҷдон ва рисолати инсонии мо ба ҳисоб меравад

Ин навъи қӯшун яке аз сох­торҳои калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум назаррас мебошад.

Қӯшунҳои зикршуда аввалин сохтори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Қӯшунҳои дохилӣ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар шароити ниҳоят душвору мураккаб ҳамчун аввалин сохтори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд».

Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, маҳорати баланди касбиву ҷангӣ нишон доданд. Муҳимтар аз ҳама, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳангоми амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ пешсафу ҷоннисор буданд.

Мутаассифона, дар мубориза бар зидди ҷинояткорон ва ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар садҳо сарбозу афсарони Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намегардад. Қобили зикр аст, ки дар радифи иҷрои вазифаҳои хизматии рӯзмарра саҳми Қӯшунҳои дохилӣ дар тақвияти амнияти сарҳади давлатӣ низ назаррас буда, онҳо дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳимояи сарҳади давлатӣ саҳми бориз доранд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат карда истодаанд.

Ҳаводиси ҷаҳони муосир собит намуданд, ки терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳо, бахусус, солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо, ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд. Хатари дигари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ, дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои зикршуда ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода буда, дар ин раванд ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ зоҳир менамоянд.

Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими асосҳои моддию техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати Қӯшунҳои дохилӣ ибтикори зиёд амалӣ гардида, ин раванд бардавом аст. Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд. Ташкили шароити мусоид барои пешбурди хизмат омили асосии таъмини омодабошии ҷангии воҳидҳои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин мақсад дар зарфи 10 соли охир дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ якчанд иншооту биноҳои нав бунёд гардида, қисмҳои ҳарбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.

Афсарону сарбозони далеру ҷасури Қӯшунҳои дохилӣ дар ­назди наслҳои имрӯза ва ояндаи Ватан барои ҳимояи соҳиб­ихтиёрӣ масъул буда, эътимод ба онҳо бениҳоят қавӣ аст. Тавре, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид карда буданд, мо, сокинони кишвар, ба қудрату тавоноӣ, далерию мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ, ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорем.

Рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ муборак, ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ ва марзу буми Ватан!

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»