Чунин аст пайомади 10679 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин, ки дар нуҳ моҳи соли равон ошкор шудааст
Дар мамлакати мо қонунгузории замин муносибатҳоро вобаста ба истифода ва ҳифзи замин, инчунин, муносибатҳои молумулкиро дар соҳаи заминистифодабарӣ, ки вобаста ба ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба миён меоянд, ба танзим медарорад. Муҳимтар аз ҳама, дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».
Тибқи муқаррароти моддаи 22-юми Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд. Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Дар робита ба ин бамаврид аст мафҳуми қитъаи заминро мухтасар шарҳ диҳем. Дар қонунгузории ҷорӣ он «қисми замин бо ҳуқуқҳои муайян нисбат ба он, ки гурӯҳи муайян ва намуди иҷозатдодашудаи истифодабарӣ, сарҳади муайяншуда, майдон ва ҷойгиршавӣ дорад», тафсир шудааст. Заминистифодабаранда бошад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки қитъаи замин ба ӯ бо ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифода ё бе ҳуқуқи бегона намудани ҳуқуқи истифодабарӣ дода шудааст, ба ҳисоб меравад.
Шояд аксарият дар бораи муқаррароти моддаи дуюми Кодекси замин — «даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад» маълумот надоранд. Маҳз ин ноогоҳӣ баъзан дар маҳалҳои кишвар боиси нофаҳмӣ мешавад.
Тибқи талаботи моддаи шашуми кодекси зикршуда, корҳои заминсозӣ, кадастри давлатӣ ва мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории замин, дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои идоракунии захираҳои замин, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин мебошад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва дигар ҳуқуқҳои ба он алоқаманд, ба заминистифодабарандагон додани ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро тасдиқ мекунад, боздоштани сохтмон, истихроҷи канданиҳои фоиданок, иктишофи геологӣ, ҷустуҷӯӣ, геодезӣ ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад, манзур намудани пешниҳод оид ба бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории замин мебошанд, боздоштани иҷрои қарорҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ваколати мақоми мавриди назар аст.
Бино ба гуфти раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, дар нуҳ моҳи соли 2023-юм 10679 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо 9494 дастур дода шудааст. Илова бар ин, нисбат ба 9265 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, гунаҳкорон 5138326 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ориф Хоҷазода аз сатҳу сифати ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор қаноатманд буда, иттилоъ дод, ки дар ин давра барои додани баҳои ҳуқуқӣ 724 мавод ба прокуратура, 483 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 7519 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бетаъхир бартараф гардид.
Омори таваҷҷуҳбарангезро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вобаста ба натиҷаҳои санҷиши риояи талаботи қонунгузории замин, ки ин муддат дар ноҳияҳои Панҷ ва Ёвон гузаронида шуд, ироа намуд. Маълум гардид, ки дар ноҳияи Панҷ 82 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намуданашон 13 дастур ироа гардидааст. Нисбат ба 71 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ашхоси муҷрим ба маблағи 54808 сомонӣ ҷарима гардида, маблағ пурра ба суратҳисоби махсуси кумита ворид карда шуд.
- Дар робита ба ду ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин дар ноҳияи Панҷ барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба Прокуратураи ноҳияи Панҷ мактуб равон кардем. Ба ғайр аз ин, барои мутобиқ намудани қарори раиси ноҳияи Панҷ, ки хилофи қонунгузории замин қабул гардидааст, пешниҳоди дахлдор ирсол намудем, — афзуд ҳамсуҳбатам.
Дар идомаи суҳбат номбурда зикр кард, ки дар ноҳияи Ёвон 175 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор гардида, барои бартараф намудани онҳо 4 дастур дода шуд. Нисбат ба 171 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ин замина 141 ҳазору 780 сомонӣ ҷарима ба суратҳисоби махсуси кумита ворид гардид. Инчунин, ду қарори ғайриқонунӣ қабулнамудаи раиси ноҳияи Ёвон вобаста ба замин ошкор ва барои беэътибор донистану ба қонунҳои амалкунанда мутобиқ намуданашон пешниҳоди дахлдор ирсол шуд.
Ба риштаи таҳлил кашидани масоили ба замин рабтдошта бидуни тавзеҳи мухтасари моҳияти Фонди ягонаи давлатии замин мантиқан нодуруст аст. Фонди зикршуда мутаносибан аз заминҳои таъиноти кишоварзӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қитъаҳои замини марбут ба соҳаҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа, заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ, фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатӣ иборат аст. Бояд мадди назар дошт, ки гурӯҳҳои замин дар кадастри давлатии замин, китоби бақайдгирии замин, қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода мешаванд.
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, пешниҳод намудани таклиф ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин, вобастакунии қитъаҳои замин ва назорати истифодаю ҳифзи замин салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.
Салоҳияти Ҷамоат дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот нисбатан густурда буда, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклиф доир ба ҷудо намудани қитъаи замин, муқаррар ва тасдиқ намудани масоҳати замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳои мавҷуда, тартиб додани китобҳои хоҷагидорӣ, бурдани рӯйхати заминистифодабарандагон ва шартномаҳои иҷора, инчунин ба танзим даровардани замини наздиҳавлигию хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон дар бобати салоҳияти мақомоти зидахл, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва Ҷамоати шаҳраку деҳот, маълумоти кофӣ надоранд. Маҳз, ин омил боис мегардад, ки ашхоси ба замин эҳтиёҷдошта ба доми фиреби қаллобон афтанд. Далелу рақамҳои матлаб шаҳодати ин гуфтаанд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»