Соли 2024 аз таъсисёбии КВД «Почтаи тоҷик» 100 сол пур шуд. Вобаста ба фаъолияти «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон хабарнигори рӯзнома бо директори он Сайдалӣ Мирзоев суҳбат доир намуд.
- 100-солагии «Почтаи тоҷик» муборак бошад. Таърихи пайдоиши почта, хоса дар вилояти Хатлон, чӣ гуна аст?
- Одамон ҳамеша ба иттилоъ ниёз доштанду доранд. Дар ибтидо ба воситаи садою оҳанг, баъдтар тавассути кабӯтарон, аспу ароба ва ҳоло баробар бо рушди техника ба воситаи нақлиёту қатора ва ҳавопаймо ба ҳамдигар пайғом мефиристанд. Нахустин ташкилоти монанд ба почтаи имрӯза дар замони салтанати Сомониён таъсис ёфтааст, ки «Девон-ул-барид» ном дошт.
Бо таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон (соли 1924) нахустин шуъбаҳои алоқа ва марказҳои алоқаи почта ба фаъолият оғоз намуданд. Ба хотири дар вақти зарурӣ ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ расондани сиёсати давр зарурат пеш омад дар дигар минтақаҳо низ фаъолияти он роҳандозӣ шавад. Ҳамин тавр, фаъолияти «Почтаи тоҷик» роҳандозӣ ва минбаъд густурда шуд. Дар вилояти Хатлон соли 1925 нахустин шуъбаҳои алоқа дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ва Кӯлоб ба фаъолият оғоз намуданд. Соли 1926 шуъбаи почтаи ноҳияи Сарои Камар (ноҳияи Панҷи имрӯза) ташкил шуд. Ҳамон сол дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Фархор низ шуъбаҳои алоқаи почта ба фаъолият оғоз намуданд.
Айни замон Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон дар тобеияташ 23 маркази алоқаи почтаи шаҳру ноҳияҳо ва 148 шуъбаи алоқаи почта дорад.
- Фаъолияти почтаи вилоятро дар соли сипаришуда чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Хуб. Вазифаи аслии мо қабулу фиристодани мактубҳо, қабул ва пардохти ирсолпулӣ, қабул ва фиристодани равонаку пакетҳои хурд, обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятию маҳаллӣ ба мардум мебошад. Соли гузашта 9 миллиону 895 ҳазору 922 рӯзномаю маҷалла, мактубҳои хизматӣ, одию супоришӣ, равонаку бастаҳо, пакетҳои хурду ирсолпулиҳо ба вазни 273 тоннаю 62 килограмм ворид гардида, ҳамаи он ба муштариён дастрас шуд. Аз ин шумора беш аз 34 ҳазор мактубҳои одию супоришӣ, бастаҳо ва мактубҳои арзишнок буда, 377-тои он равонаку пакетҳои хурд, 1862-тои дигар ирсолпулиҳо ва боқимонда рӯзномаю маҷаллаҳо буданд.
Ин муддат аз ҳудуди вилоят 1492 килограмм муросилоти почтаи байналхалқӣ фиристода шудааст. Ба корхона аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Латвия, Литва, Эстония, Чехия, Олмон, ИМА ва Канада равонакҳои нақдӣ ва ғайринақдии гумрукӣ ворид ва сари вақт ба ҷойи лозимӣ расонда шуданд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ниҳод сари вақт расондани рӯзномаю маҷаллаҳо ба обуначиён, хусусан ба деҳоти дурдаст, мебошад. Рӯзномаю маҷаллаҳо аз маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар то шаҳри Кӯлоб, сипас аз Кӯлоб ба дигар шаҳру ноҳияҳо фиристода мешаванд. Барои ин мошинҳои махсус вобаста шуда, хаткашонҳои мо дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Кӯлоб, Муъминобод бо матароллеру дучарха таъмин мебошанд.
- Соле қабл эълон карда будед, ки дар вилоят 50 дӯкони рӯзномафурӯшии замонавӣ бунёд менамоед. Ин иқдом амалӣ шуд?
- Қисман. Ҳоло бунёди дӯконҳо дар вилоят ҷараён дорад ва 6 дӯкон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод гузошта шуд. Ҳамзамон, дар дохили биноҳои алоқаи почтаи ноҳияҳои Темурмалик, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шаҳритус дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо ва молҳои дафтардорӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
- Ҳоло дар тамоми мамлакат ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо идома доранд. «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн чӣ иқдоме пеш гирифтааст?
- Дар доираи ин ҷашни таърихӣ бинои маъмурии почтаи вилоят пурра таъмир гардида, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам шуд. Илова бар ин, бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ биноҳои маъмурии марказҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷайҳун, Шаҳритус, Ховалинг, Кӯшониён ва Дӯстӣ таъмиру навсозӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ин иқдом минбаъд низ идома ёфта, марҳила ба марҳила тамоми марказҳои алоқаи почтаи ҳудуди вилоят таъмиру навсозӣ мешаванд. Инчунин, барои корхона чор нақлиёти сабукраву борбар харидем, ки дар як ҳафта панҷ маротиба аз шаҳри Душанбе ба вилояти Хатлон рӯзномаю маҷалла ва дигар лавозимоти заруриро мерасонанд. Роҳбарият ва аҳли кормандони «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон дар оянда низ талош менамоянд, ки сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи почтаро ба аҳолӣ беҳтар намоянд ва дар баланд бардоштани нуфузи «Почтаи тоҷик» саҳми арзанда гузоранд.
- Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»