Аз хайма то сохтори неруманд

№26 (4766) 26.02.2024

Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ месазад аз таърихи таъсиси ин ниҳод, ки зодаи даврони истиқлолият ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад, мухтасар ёдовар шавем. Махсус бояд таъкид кард, ки замони соҳиб­истиқлол гардидани кишварамон мо Артиши миллӣ надоштем.

 Илова бар ин, дар заминаи муносибати дуюм­дараҷа зоҳир намудани роҳбарони вақти кишвар имкон фароҳам шуд, ки силоҳу муҳимоти ҳарбии дар кишвар мавҷудбуда берун бурда шавад. Дар он марҳилаи ҳассос, ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасох­торӣ, на заминаи зарурии моддию техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ».

 Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан дар маркази диққат қарор доданд.  Ин иқдоми таърихӣ низ ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ марбут буда, 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шурои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Шурӯъ аз ҳамон вақт бо ташаббуси Роҳбари мамлакат, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, барои бунёди инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шуданд.

 Дар навбати аввал, 23-юми феврали соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва неруи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбию сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд.

Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки замоне ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Пешвои миллат ба ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддию техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ иқдом намуда, хушбахтона, комёб гардиданд. Аз ҷониби дигар, Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар мубориза барои барқарорсозии Ҳукумати конститутсионӣ ҷонфидоӣ карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зикр намуданд: «Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд».

 Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар таъсис додани Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу том идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад.

Ҳатман бояд ёдрас шавем, ки замони таъсиси Артиши миллӣ мо хеле кам афсарону мутахассисони касбӣ доштем. Бинобар ин, яке аз аввалин воҳидҳои ҳарбие, ки дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис ёфт, муассисаи таълимии Коллеҷи ҳарбӣ буд, ки имрӯз ҳамчун Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият карда истодааст.

Тавре соли гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд: «Дар зарфи сӣ сол муассисаҳои олии ҳарбии мамлакат ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро 5300 нафар, аз ҷумла академияҳои ҳарбии хориҷи кишварро 650 нафар ҷавонони мо хатм карда, ҳоло аз байни онҳо садҳо нафар хизматчиёни ҳарбии дорои рутбаи олии ҳарбӣ дар вазифаҳои роҳбарию фармондеҳии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, дар замони соҳибистиқлолӣ барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат беш аз 28 ҳазор мутахассис тайёр карда шуд».

Ҳифзи марзу буми кишвар аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир, таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

Дар робита ба ин Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Вазъи бисёр мураккабу ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақозо менамоянд, ки барои пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд».

 Дар маҷмӯъ, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Артиши миллии 31 сол қабл дар як хайма таъсисдодаи Пешвои миллат имрӯз ба як сохтори неруманду боэътимод табдил ёфта, қодир аст, ки дар ҳама ҳолат марзу бум ва манфиатҳои миллию давлатиро шоиста ҳимоя намояд.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»