Аз кунҷи зиндон то кохи сафед

№ 22.09.2022

Ё «нохудо» — ҳои  ноуҳдабаро кистанд ва чаро  ояндаи  Қирғизистон норавшан аст

  Онҳое, ки Қирғизистонро ҷазираи демократия дар Осиёи Марказӣ меномиданду бо мусоидати ташкилотҳои мазҳакаофар дар ин кишвар такмили малака карданд, ба амали ҳамтоёни қирғизи худ чаро вокуниш намекунанд? Дар ҳоле ки сигменти қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук», аз таҳқиру таҳвин нисбат ба Давлат ва мардуми тоҷик метаркад,  як қисми аҳли зиё  чун ҳамешагӣ «кулбаи ман дар канор аст»-ро шиор қарор додаанд.

  Аз он нигаронам, ки барои як идда мансаби давлатӣ ширин, бархӯрдорӣ аз имтиёзҳои ҳукуматӣ  роҳати ҷон бошад ҳам, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъалаи охирондараҷа аст…

Дар робита ба ҳаводиси марбут ба равобити кишварамон бо Қирғизистон таъкид менамоям, ки бо чунин шева аз худ «ситора» сохтани  роҳбари Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия ба  популизм, ки дар шароити ҳозира  барои  «тим»-и  Президенти кунунии Қирғизистон мисли обу ҳаво зарур аст, рабт дорад.

   Ҳаводиси охир собит намуд, ки Ташиеви чапғалат ба чунин  мансаби сатҳи баланд  расида, аз назокату махсусиятҳои  фаъолияти хадамоти махсус  комилан  бехабар аст.

Агар чунин намебуд, Ташиеве, ки таъмини амният вазифаи ҷониаш аст, дар вокуниш ба андешаҳои шахсии собиқ вазири корҳои хориҷии мамлакат бо меҳвар қарор додани халқ, ки аз шӯрандозӣ маншаъ гирифтааст, «ба осиёб об намерехт». Пештар бо риояи назокат мегуфтам, вале кунун бо сароҳат мегӯям, ки «нохудо»-ҳои ноуҳдабарои ин қабилаи бемеҳан бояд бетаъхир муносибаташонро бо мо таҷдиди назар кунанд. Фаромӯш накунанд, ки мо — тоҷикон  ба маънои томаш одамони хубем, вагарна найрангҳои як қабилаеро, ки бинобар носозгор будан аз Сибир то Осиёи Марказӣ  ронда шуданд, то ин ҳадд таҳаммул намекардем.

   Ба ибораи дигар, миллати мавриди назар дар манотиқе, ки қаблан сукунат доштанд, бинобар амалҳое, ки ҳоло нисбат ба мо содир карда истодаанд, мавриди муҷозот қарор гирифта, ба ҷуз «думро хода кардан» дигар чора надоштанд.  Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки онҳоро қабилаҳои гуногун, аз ҷумла,  ҷунгарҳо, ойратҳо, қалмоқҳо дар ҷояшон шинонда, маҷбур карданд, ки дар давоми асрҳои 16-18 ба дигар манотиқ, аз ҷумла,  Фарғона, ноҳияи Лахш ва  Мурғоб паноҳ баранд.

  Зарур медонам ёдовар шавам, ки қирғизҳо дар миёнаи асри 17 аввал ба Олой ва баъдан ба водии Қаротегин паноҳанда ва бо сӯиистифода аз одамияти мо бомаром сокин шудаанд. Ин андешаҳои инфиродии камина набуда, асоснокиаш аз китобҳои «Баҳр-ул-асрор»-и Ибни Валӣ «Баҳр-ул-асрор фи маноқиб-ал-ахйор»-и Маҳмуд Ибни Валӣ, маншаъ мегирад.

  Агар ҳамон вақт мо аз қабули  12 ҳазор хонаводаи гурезаи қирғиз  худдорӣ мекардем, шояд бехонумонҳо дар канорамон сокин намегардиданд. Лозим ба ёдоварист, ки 12 ҳазор хонаводаи қирғиз аввалин гурӯҳи гурезаҳои ҷангҳои байниқабилавии қирғизҳо будаанд, ки ба воситаи Қаротегин ба Ҳисор омада, баъдан ба Афғонистон рафта буданд.

  Ин тоифа фаромӯш кардаанд, ки сабаби гуреза шудани қирғизҳо ба қӯҳҳои Тиён-Шон ҷанг бо манҷурҳо ва қарақалмоқҳо маҳсуб мешавад.  Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки «қирғизҳо дар ҷанг бо қабилаҳои истисморгари ҷунгарҳо-ойратҳо, ки аз асри 16 то аввали асри 18 давом дошт, шикаст хӯрда, ба сарзаминҳои ҷануб паноҳ бурданд. Муҳаққиқон собит кардаанд, ки «маҳз забткориҳои қалмоқ — уйротҳо халқи қирғизро аз маҳалли сукунаташон — Тиёншони шимолӣ бадарға сохт. Ҷанбаи муҳиме, ки мо бояд бештар ба он истинод намоем, он аст, ки то ин истило аз  қирғизҳо  дар Осиёи Миёна ному нишон набуд.

  Мояи нигаронист, ки масъулини қирғиз, ки моҳиятан «нохудо»-ҳои ноуҳдабаро маҳсуб мешаванд, ояндаи ин кишварро норавшан кардаанд. Баръакси Қирғизистон, сиёсати хориҷи мо муваффақ ва ҷавобгӯи талаботи рӯз ва бар мабнои манфиатҳои милливу давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

   Муҳиму  беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти  сиёсати хориҷии кишвари мо  ба тахайюли коршиносону  ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, маҳсули фаъолияти пурмаҳсул, иродаи қавӣ ва рӯҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад.

  Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз»-и эълоннамудаи Сарвари давлат мебошад. Масъулини сохторҳои зидахли Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пайгирона татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талоши давлатҳоро дар ин раванд муҳим ва муфид мешуморанд.

Муҳимтар аз ҳама мо сиёсати хориҷии худро, бо дар назар гирифтани мавқеияти ҷуғрофию сиёсӣ, манфиатҳои миллӣ, инчунин, омилҳое, аз қабили равобити фарҳангиву таърихӣ, арзишҳои умумибашарӣ ва яксон будани манфиатҳо роҳандозӣ карда, дар ин замина равобити дӯстонаро бо дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Қирғизистон тавсеа ва тақвият бахшида истодаем. Вале «чӣ хуш гар меҳрубонӣ аз ду сар буд»…      Мутаассифона, масъулини ҷониби Қирғизистон, хоса Қ. Ташиев  популизм ва лоббигариро меҳвар қарор дода, шиддати вазъро ба нафъи худ истифода кардан мехоҳад.

  Мутмаинам, ки халқи қирғиз ба ин тоифа, ки масири сиёсатмадориашон аз кунҷи зиндон то Кохи сафед фосила дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳанд, ки аҳдофи муғризонаи хешро амалӣ сохта, фардои Қирғизистонро зери суол баранд.

Далер АБДУЛЛО,

 муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»