Аз сарпарастии маънавии НБО «Роғун» то саробонии арзишҳои милливу давлатӣ

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чунин масир дорад

53104488006_211c1216e4_k

Маротибаи сеюм буд, ки ба маҳалли сохтмони НБО «Роғун» сафар кардам. Қобили зикр аст, ки дар бораи ин неругоҳ мақолаҳои зиёд навиштаам, хоса дар замоне, ки масъалаи мазкур, бинобар сабабҳои ба шарҳу тавзеҳ ниёзнадошта барои аҳли қалам чандон муҳим набуд.

Роҳ мепаймудему заврақи хотирот маро ба гузаштаи начандон дур — 16-уми ноябри соли 2018 бурд. Ифтихормандам, ки дар ин рӯзи фаромӯшнопазир ҳамроҳ бо ҳазорҳо нафар дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок доштам. Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонис­тон, Беларус, Украина, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикис­тон ташриф оварда буданд.

Он рӯз ба шарофати ин шоҳкорӣ кишвари мо ба маънои томаш шуҳраи олам гаридид. Аз шабакаи «Ал-ҷазира»-и муътабар то «Евронюс»- и оламгир, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ҷамъ 200 журналист дар бораи ин Кохи нур ва иродаву матонати меъмори он Абармарди олами сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш пахш ва нашр карданд.

Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» шахсиятҳои муътабари ҷаҳонӣ — ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано суханронӣ карданд.

То ҳанӯз пеши назарам лаҳзаи таърихӣ, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе — Роғун»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд, ҳувайдост…

СУПОРИШИ ПРЕЗИДЕНТ  ВА ТАДБИРАНДЕШИИ БЕТАЪХИРИ А. АЗИЗӢ

13-уми июли соли 2022, зимни суханронӣ дар мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дастур доданд: «Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср, мунтазам чораҷӯйӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд».

Дар робита ба супориши мазкур роҳбарияти ҲХДТ, хоса муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бетаъхир тадбирандешӣ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо ташкили вохӯриҳо, дастгирии маънавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар нашрияҳои ҳизбӣ дар паҳлуи онҳо бошанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чанде пештар Абдуҷаббор Азизӣ якҷо бо ҳизбиёни шаҳри Ҳисор бо раванди корҳои сохтмонӣ шинос шуда, сохтмончиёнро рӯҳбаланд карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2008 инҷониб ҲХДТ сарпарасти маънавиии НБО «Роғун» буда, роҳбарият ва аъзои он мунтазам аз ин сохтмони муҳим боздид менамоянд. Дар навбати худ, таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони ин иншооти тақдирсоз ба Ҳизби Халқии Демок­ратии Тоҷикистон хоса буда, зиёда аз 1000 корманди он аъзои ҳизби мазкур мебошанд. Тавре масъулин гуфтанд, ин нишондиҳандаи ниҳоӣ набуда, шомилшавии кормандон ба сафи ҲХДТ тамоюли афзоишро касб карда, теъдоди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба 12 адад расидааст.

Сафари мо ба иншооти мазкур бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ сурат гирифта, ҳайат аз намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарварони муассисаҳои тиббӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, саноат ва ғайра таркиб ёфта буд.

Дар заминаи иқдоми мазкур бо сохтмончиён вохӯрӣ доир гардида, барояшон чорабинии фарҳангӣ пешниҳод гардид. Илова бар ин, як гурӯҳ кормандон бо ифтихорномаву сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардида, барои 500 нафар хони пурнозу неъмат ороста шуд.

МЕҲМОННАВОЗИИ МАСЪУЛИН, АЗМИ ҚАВИИ КОРМАНДОН ВА ҲАЙРАТИ МЕҲМОНОН

Моро масъулин — муовини директори ҶСК НБО-и «Роғун» Қурбонназар Давронов ва сардори Раёсати кор бо кадрҳо Сайдулло Абдулаҳадзода пешвоз гирифтанд. Ҳарчанд вақтҳои охир теъдоди онҳое, ки ба иншоот меоянд, хеле зиёд аст, вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ меҳмоннавозии масъулинро коста накардааст. Дар ҷараёни сафар бо вазъи корҳо аз наздик шинос шудем ва мушоҳида кардем, ки бо заҳмати бунёдгарони иншооти муҳими аср дар аксари қитъаҳои сохтмон корҳо хеле пеш рафтаанд. Шаҳомату миқёси кор то ҳадде буд, ки ҳамроҳони мо ҳайратзада шуданд.

Бино ба гуфти Қ. Давронов, аз оғози фаъолияти ду агрегати аввалини неругоҳ, ки бо фишори пасти обанбори тозабунёд кор мекунанд, зиёда аз 6,4 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол ва ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохт­мону васлгарии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зарфи солҳои 2008 — 2022, яъне аз оғози корҳои барқарорсозиву сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 35 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Иттилоъ гирифтем, ки соли 2022 барои идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида буд, вале Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ин мақсад, дар маҷмӯъ, 4 миллиард сомонӣ равона намудааст.

Аз оғози соли ҷорӣ барои пардохти корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоот, корҳои лоиҳакашиву таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯӣ, хариди таҷҳизот, молу масолеҳи сохтмон ва хизматрасониҳо аз ҳисоби буҷет 2,6 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби фурӯши барқи истеҳсолкардаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 427 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ, зиёда аз 3 миллиард сомонӣ харҷ шудааст.

Сардори Раёсати кор бо кадрҳои ҶСК НБО «Роғун» Сайдулло Абдулаҳадзода гуфт, ки дар иншоот 14 ҳазору 164 коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 600 нафар зиёд мебошад. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки дар иншоот аз 43 давлати олам мутахассисон кор мекунанд.

- Шумораи зикршуда барои босуръат пеш рафтани корҳои сохтмон кифоя нест ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ояндаи наздик ин теъдод ба 20 ҳазор расонида шавад, — афзуд номбурда.

Теъдоди мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ҳар сол аз ҳисоби хариди мошину механизмҳои пуриқтидори муосир зиёд гардида, ҳоло ба 3443 адад расидааст.

Қ. Давронов, ки моро ба минтақаҳои сохтмон роҳнамоӣ карда, моҳияти ҳар як қитъаро муфассал шарҳу тавзеҳ дод, аз ҷумла гуфт: «Корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки бо ҳамдигар вобастагӣ дошта, қафомонӣ дар яке аз онҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад».

Бино ба гуфти ӯ, дар бунёди сарбанд, ки яке аз иншооти муҳими неругоҳ мебошад, то имрӯз аз ҷониби Ширкати «Вибилд»-и Итолиё аз 80 миллион метри мукааби пешбинишуда дар қисматҳои болову поёни сарбанди асосӣ 19 миллион метри мукааб сангу шағал ё 24 фоиз рехта, тахту ҳамвор карда шудааст.

Барои ҳайат боздид аз минтақаи ядрои сарбанд хеле ҷолиб буд. Тавре масъулин гуфтанд, дар ин минтақа тоза намудан ва мустаҳкамсозиву бехатаргардонии соҳилҳои чапу рости паҳлуи кӯҳҳо иҷро гардида, корҳои заминӣ дар ҳаҷми беш аз 2,7 миллион мет­ри мукааб ба анҷом расидаанд. Инчунин, то имрӯз ба таҳкурсии ядрои сарбанд аз 268 ҳазор метри мукааби пешбинишуда 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва шиббашаванда ё 90 фоиз рехта шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар таҳкурсии ядрои сарбанд барои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда аз 3014 чоҳи пешбинишуда 2615 чоҳ ё 87 фоиз пармакорӣ ва сементатсия гардидааст.

Роҳбарият ва кормандони иншоот таъкиди Пешвои миллат: «НБО «Роғун» барои садсолаҳо ва барои мардуми Тоҷикистону минтақа бунёд карда мешавад, муҳимтар аз ҳама, ба сифати баланди корҳои сохтмону васлгарӣ аҳамияти аввалиндараҷа додан зарур аст»-ро сармашқи кор қарор дода, кулли комё­биҳои хешро самараи таваҷҷуҳи хоса ва дастгирии ин Абармард медонанд.

Масъалаи мазкурро шарҳ дода, Қ. Давронов гуфт, ки барои истифода дар иншооти неругоҳ маводу масолеҳи аълосифати муосир ва таҷҳизоти ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истифода гардида, бо 53105014378_11d178455e_kин мақсад, аз имконияту таҷҳизот ва асбобҳои нодири озмоишгоҳи марказии сохтмон самаранок истифода мешавад.

УМУМИЯТУ АҲАМИЯТИ НБО «РОҒУН» ВА САДДИ БУЗУРГИ ЧИН

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён зимни суханронӣ дар ҷамъо­мади тантанавӣ аз ҷумла гуфт, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо такя ба сармояи миллӣ муҳиму саривақтӣ буда, фазои созандагиро тақвият мебахшад ва мо бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсати оқилонаро дар бунёди неругоҳҳои барқи обии «Зарафшон», «Шӯроб», «Даштиҷум» ва корхонаҳои калони саноатӣ сармашқи кор қарор хоҳем дод. Дар маҷмӯъ, далели бебаҳс аст, ки неругоҳи мазкур ба лоиҳаи камназири сиёсиву иҷтимоӣ ва ормони миллӣ табдил ёфтааст.

Дар ин бобат Пешвои миллат барҳақ фармудаанд: «Баъди гузашти айём мову фарзандонамон боифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин кохи бузурги нури миллатро мо бо заҳмати худамон, яъне бо саъю талоши халқи бузургворамон ва бо ҳамкории беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд кардем». Дар ин зимн номбурда андешаеро баён намуд, ки рамзу ҳикмат дорад.

- Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маъмул аст, ки агар касе ба ин кишвар омада, девори бузурги Чинро тамошо накарда бошад, пас ӯ Чинро надидааст. Бо хулоса ба заҳмату қаҳрамониҳои бемисли кормандони иншоот, миқёс, шаҳомат ва аҳамияти он метавон дар мавриди НБО «Роғун» низ чунин хулоса намуд, — гуфт ӯ.

БУНЁДИ НБО «РОҒУН» ГУВОҲИ МУҲАББАТИ БЕПОЁН БА ХАЛҚУ ВАТАН

Шоҳид будем, ки Роҳбари мамлакат дар мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони давлатҳо ва нишасту ҳамоишҳои бисёрҷонибаи сатҳи баланди созмонҳои байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он, Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдораш, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун»-ро муаррифӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳалли дурусти мушкилоти норасоии неруи барқ дар минтақа тавассути ба роҳ мондани истифодаи босамари захираҳои обӣ, бахусус, сохтмони неругоҳи бузурги барқи обӣ ва кам кардани талафоти бесобиқаи об дар соҳаи кишоварзӣ, имконпазир аст.

Гузориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген бо ҳузури сарварони ­бисёре аз давлатҳои ҷаҳон бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистону минтақа, балки барои беҳдошти иқлими ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад. Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти НБО-и «Роғун» боис шуд, ки ин андеша аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид далели муътамад арзёбӣ гардад.

Идомаи мантиқии масъалаи мазкур тасдиқи тадбирҳои барномаи ҷаҳонии «Об — барои ҳаёт» буд, ки дар ин замина аз ҷониби СММ соли 2010 шаҳри Душанбе макони баргузории ҳамоиши ҷаҳонии марбут ба об пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Қобили зикр аст, ки маҳз ба шарофати ин ҳуҷҷати қабулнамудаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.

Эътироф бояд кард, ки дар мавриди НБО «Роғун» назарҳо яксон набуданд. Баъзе «дӯстон»-и мо мехостанд бо ҳар роҳу восита ба эъмори ин иншооти барои кишварамон ба маънои томаш сарнавиштсоз монеа эҷод кунанд. Хушбахтона, ноком монданд…

Лозим ба ёдоварист, ки аз замони шурӯъ гардидани татбиқи ин тарҳ Федератсияи Россия онро дастгирӣ кард. Бамаврид аст аз намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Лукашевич иқтибос орем, ки гуфта буд: «Федератсияи Россия ҷонибдори он аст, ки лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи наздик ба мо, майдони ҳамкории умумиминтақавӣ бошанд».

Иттиҳоди Аврупо низ мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои об, аз ҷумла дар масъалаи НБО «Роғун», дастгирӣ намуда, намояндагони он бехатарии НБО «Роғун», зарурат ва манфиати онро расман тасдиқ кардаанд. Илова бар ин, вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла С. Стивинсон таъкид карда буд, ки бунёди НБО «Роғун» метавонад дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ хидмат кунад.

Мавқеи ИМА низ вобаста ба ин масъала мусбат буда, замони оғози корҳои сохтмонӣ Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи НБО «Роғун»- ро «саривақтӣ» номида, ба идораи самараноки об дар Осиёи Марказӣ даъват намуд.

Раиси Палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ӯзбекистон Нуридинҷон Исмоилов, ки замони ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дошт, аҳамияти бузурги НБО «Роғун»-ро барои кишварҳои минтақа тасдиқ карда буд. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо рӯйдоди ба истифода додани агрегати якуми НБО «Роғун» самимона табрик намуда, изҳор дошт: «Ман аз муваффақона ба кор андохтани ин иншооти азим мафтунам. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азми устувор, матонат ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид».

Ба андешаи ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер, НБО «Роғун» як марҳилаи муҳим барои бахши энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд, зеро он метавонад барои мардуми Тоҷикис­тон сатҳи баландтари некуаҳволӣ ва шукуфоиро таъмин намояд. Номбурда, аз ҷумла гуфт: «НБО «Роғун» метавонад барои аҳолии Тоҷикистон манбаи неруи барқи зарурӣ, арзон, барқароршаванда ва боэътимод гардад. НБО «Роғун», инчунин, метавонад манбаи муҳими содироти неруи барқ бошад, ки даромад аз он ба сармоягузории дигар сармояи муҳими инсонӣ ва дар навбати худ ба дигаргун сохтани иқтисодиёти Тоҷикистон ва таҳкурсии ояндаи шукуфон ёрӣ расонад».

Ба шарофати азми қавӣ ва нияти неки Пешвои миллат дар муддати кӯтоҳ собит гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷойгоҳи хоса дорад, зеро ин коргоҳи нур орзую ормони деринаи тоҷикистониён аст, ки бо сабабҳои айнию зеҳнӣ даҳсолаҳо мунтазири бунёдкор буд. Агар ба таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мутаваҷҷеҳ шавем, кулли далелҳо аз мавқеи устувори Пешвои миллат дар сиёсати энергетикии кишвар шаҳодат медиҳанд.

Месазад ёдовар шавем, ки агар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтмони ин неругоҳ чорсад корхонаро ҷалб карда бошад, ҳоло сохтмони неругоҳ на бо даъвати бештари мутахассисони давлатҳои ҳамҷавор, балки бо ҷалби бинокорону сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараён мегирад. Шоистаи зикр аст, ки ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари давлатҳоро дар ҳайрат гузошт.

Нуктаи дигари муҳим он аст, ки қисмати аъзами лоиҳаҳои замони шӯравӣ, ки вобаста аз имкониятҳои бузурги ин давлати абарқудрат барои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия ва амалӣ мегардиданд, пас аз пош хӯрдани он дар канор монданд. Дар байни онҳо лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» ҳам буд, ки метавонист ба «боди фано» ё «кӯи фаромӯшӣ» равад.

НБО «Роғун» на танҳо ба эҳтиё­ҷоти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва аҳолии даҳмиллионнафараи он, балки ба содироти неруи барқи арзон ба як қатор кишварҳои узви СҲШ мусоидат мекунад. Ба анҷом расидани неругоҳ ва дар баробари ин, дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки содироти неруи барқро то 4 ҳазор мВт дар як сол татбиқ намояд. Ба ибораи дигар, неру ва оби НБО «Роғун» ба пешрафти на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард.

Аксари мутахассисон, коршиносон, иқтисодшиносон ва сиёсатмадорон ба ниҳоят муҳим будани НБО «Роғун» муътақиданд. Масалан, кормандони соҳаи энергетика ва об дар Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳамият ва манфиатҳои ин лоиҳаро хуб медонанд. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки эъмори он на танҳо ба Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, балки ба ҳамсояҳои наздиктарин — Ӯзбекистон ва Туркманистон низ судовар хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, бунёди НБО «Роғун» истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки на фақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меорад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдати тоҷику тоҷикистониёнро таҳким ва шаҳомати бештар мебахшад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»