Аз ҳувиятхоҳӣ то санади ҳувиятсоз

№ 06.10.2023

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009 қабул шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

Он яке аз беҳтарин қонунҳо дар самти танзими як рукни муҳими давлатдорӣ-забони давлатӣ буда, дар баробари танзими масъалаҳои вобаста ба он, инчунин барои ба назар гирифтани ақаллиятҳои миллии дар Тоҷикистон зиндагикунанда истифодаи бемамониати забонҳои дигарро низ кафолат додааст. Бо назардошти меъёрҳои он ки бо риояи принсипҳои башардӯстона ва ба назар гирифтани ҳуқуқҳои фитрии тамоми шаҳрвандони кишвар, новобаста аз мансубияти қавмию нажодӣ ва забонӣ муайян шудааст, қонуни мазкурро метавон яке аз беҳтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти эъмори давлати миллӣ ҳисобид, зеро он дар баробари танзими вазъи ҳуқуқии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон-забони тоҷикӣ, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба омӯзиш, рушд ва ҳимояи онро дар кишвар ва берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таъкид мекунад. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат буда, бо риояи тамоми нозукиҳои техникаи қонунэҷодкунӣ таҳияву қабул шудааст.

Дар моддаи 1-и қонун, ки «Вазифаҳои қонуни мазкур» ном дорад, омадааст:

«1. Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъо­лияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
2. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад».

Моддаи 3-и қонун «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дошта, аз муайян кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, вазифадор будани шаҳрвандон оид ба донистани забони давлатӣ то риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабиро танзим мекунад.
Моддаи 4 «Забонҳои дигар» ном дошта, мувофиқи банди 1-и он ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.

Меъёри мазкурро метавон як навъ эҳтироми давлати мустақили тоҷикон ба ақаллиятҳои миллии маскуни кишвар арзёбӣ кард. Воқеан, ҳуқуқ ба «истифодаи озоди забони модарӣ» меъёри умумибашарист, аммо на дар ҳар кишвар он риоя ва эҳтиром мешавад. Ба касе пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳо забони модарии ақаллиятҳои миллӣ, ҳатто халқҳои сернуфуз, ба забони хонагӣ табдил ёфтааст. Хусусан, ба ҳаммиллатони мо низ дар шаҳрҳои аҷдодиашон, ки имрӯз дар ҳудуди кишварҳои дигар мондаанд, чунин муносибат раво дида шудааст, ки дар натиҷа, имрӯз дар баъзе аз шаҳрҳои таърихан ба тоҷикон тааллуқдошта дигар садои тоҷикӣ ба гӯш намерасад, аммо давлати мо ҳангоми таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳама вақт ҳуқуқҳои халқҳои маскуни кишварро ба инобат гирифтааст.

Банди 2 моддаи мазкур аз ҷониби давлат шароит фароҳам овардан ба ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ ва яғнобиро таъкид намудааст. Ин меъёр низ дар шароити пуртазоди босуръат рушдкунандаи раванди ҷаҳонишавӣ саривақтию муҳим аст. Дар ин раванд забонҳои қадимаи тоҷикон — забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ (суғдӣ) далели раднопазир ва бебаҳси ворисони Суғду Бохтару Балх… будани тоҷикон аст. Аз ин ҷост, ки ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» Тоҷикистонро аз ҷиҳати боигарии забонӣ «осорхонаи таърихии зинда» арзёбӣ намуда, зикр кардаанд:

«Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати боигарии забонӣ низ мисли як осорхонаи таърихии зинда аст. Чандин забонҳои мутааллиқ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дар Бадахшон ва яғнобӣ дар болооби дарёи Зарафшон ҳанӯз ҳам мавҷуданд. Ин забонҳо як лабораторияи бебаҳои таърихии забон буда, онҳоро ҳифз кардан ва ҳар чӣ беҳтар аз лиҳози илмӣ, хосатан этнолингвистӣ омӯхтан зарур аст».

Боби 2- юми қонуни мазкур «Забони кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ном дошта, моддаҳои 5-7-ро дар бар мегирад. Мувофиқи он, коргузорӣ дар тамоми сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ ба он таҳияю қабул мешаванд. Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он низ забони давлатист. Ин меъёр, ки дар қонун таъкид гардидааст, воқеан, барои давлати миллӣ зарур аст, зеро яке аз хусусияти тасдиқкунандаи давлатдории миллӣ маҳз забони давлатию коргузории он ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи талаботи банди 1 моддаи 8, ки «Забони таҳсил» ном дорад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад. Тибқи муқаррароти банди 2 моддаи мазкур, муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.
Дар банди 3-и моддаи мазкур таъкид шудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дар моддаи 9 таъкид шудааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад. Тибқи банди 2-и моддаи мазкур, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
Банди 3 бошад, барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварданро аз ҷониби давлат муқаррар намудааст. Ин меъёр низ, бо назардошти зиёда аз 1000 сол чун хати миллӣ истифода шудани алифбои арабиасос, муҳим аст, зеро огоҳӣ аз ин хат имкони истифодаи адабиёти ҳазорсоларо дар нусхаҳои асл осонтар менамояд.

 Ҳамин тариқ, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвари мо забони илм, чорабиниҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, эълону реклама, иттилоот ва коммуникатсия, коргузории ташкилотҳо ва мукотиба забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ муайян шудааст.

Тибқи талаботи Боби 5, ки «Забони номгузорӣ» ном дорад, номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамаи лавҳаю овезаҳо ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ­ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиё­бонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин низ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Тибқи банди 2 моддаи 19 Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд. Хушбахтона, ин меъёр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам мавриди татбиқ қарор дорад, чунки давоми солҳои зиёди ҳамзистӣ бо дигар халқҳо  ва 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ номи баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳо ба забонҳои ғайр тағйир ёфтанд. Масъалаи барқарорсозии номҳои таърихӣ ба замони соҳибистиқлолии кишвар рост омад. Хушбахтона, давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ номи аслии аксари шаҳру ноҳияҳо барқарор карда шуд. Ҳар сол бо пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои кишвар номи мавзеъ, кӯҳу дарё, кӯл ва пиряхҳо ба номҳои аслиашон баргардон мешаванд.

 Мувофиқи моддаи 20 матни муҳру тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад.

Боби 6 «Истифодаи забони давлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ» ном ­дошта, моддаҳои 22-25-ро дар бар мегирад. Мувофиқи моддаи 22, гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.

Тибқи моддаи 23, фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ ба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад.

Мувофиқи моддаи 24, шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ба забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.

 Моддаи 25 бошад, муқаррар кардааст, ки пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳо сурат мегирад.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз санадҳои меъёрии ҳуқуқиест, ки ба раванди давлатдорӣ ва миллатсозӣ таъсири хуб мерасонад. Чунин қонунҳо дар баробари танзими фаъолияти соҳаҳои муайян, ҳамчунин, ба баланд шудани ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, моро мебояд дар татбиқи чунин қонунҳо бо масъулияти баланди шаҳрвандию ватандорӣ муносибат намоем, зеро агар ҳангоми риоя накардани талаботи қонунҳои дигар инсонро ҷавобгариҳои ҷиноятию маъмурӣ таҳдид намояд, саҳлангорӣ дар масъалаи татбиқи қонунҳои танзимкунандаи рукнҳои давлатдории миллӣ, ки якеаш забони давлатист, дар баробари бархӯрди ҳуқуқӣ бо унсурҳои ахлоқӣ низ ба он баҳогузорӣ мешавад, ки он виҷдон аст. Пас, ҳар як соҳибватанро мебояд, ки дар муносибат ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз эҳтироми забон то омӯзиш, истифода, рушд ва ҳимояи онро муайян намудааст, саҳлангор набошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»