Нуқтаи назар

Баъзеҳо терроризм ва исломро тавъам медонанд. Чаро?

№ 18.08.2022

Коллаж террор 2Шоҳиди он ҳастем, ки дар чанд соли охир бархе аз мамлакатҳои мусалмоннишин аз ҷониби баъзе давлатҳо ва доираҳои алоҳида ба майдони ҷанг ва намоиши қуввату тавоноӣ табдил ёфтаанд. Дар заминаи чунин «тадбирандешӣ» — ҳо аҳолии сайёра ба ибораи «Ислом ба зоти худ надорад айбе» камтаваҷҷуҳ шуда, муътақид мегарданд, ки «мусалмонон фоқамасту ҷандапӯш» ва ифротианд.

Ҳаводиси солҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсикунӣ ва ба терроризм рабти бевосита додани ислом ба Аврупо «кӯч баста», ба як маъракаи густурда табдил ёфтааст. Бегуфтугӯ, амалҳои террористие, ки дар шаҳрҳои бузурги Аврупо аз ҷониби террористони «исломӣ» ба вуқӯъ пайваст, таври бесобиқа ҳисси нафрату бадбинии ҷомеаи Аврупоро нисбат ба мусулмонон таҳрик бахшид.

Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибрози он ки «террорист Ватан, миллат ва дин надорад», касе беҳтар аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чеҳраи аслии террористро накушодаву аз мусулмонон ҳимоят накардааст.

Коршиносон дар заминаи таҳлили амиқу доманадор ба хулоса омадаанд, ки «қисмати аъзами нооромиҳо, нифоқу низоъ, террор ва табадуллоте, ки дар чанд соли охир дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд». Агар амиқ мавзӯъро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, собит мешавад, ки мавриди назари кишварҳои абарқудрат маҳз кишварҳои мусулмонӣ ва ашхоси пайрави дини ислом мебошанд. Мебояд сари он ҷиддӣ андешем, ки чаро чунин аст?

 Дар навбати аввал зудбоварӣ ва побанди хурофот будани қисмате аз мардум омили асосии «ҳадафрас» шудани тасмимоти беруна шудааст. Яъне, қувваҳое, ки дар хориҷ аз кишвар тасмими роҳандозии амалҳои барояшон мувофиқу зарурӣ ва ҷавобгӯи манфиатҳояшонро гирифтаанд. Сониян, шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар кишварҳои мусулмоннишин миёни аҳли тақво, уламои дин ва намозгузорон як навъ рақобати носолим, ки аз нотавонбинӣ ва ноогоҳӣ маншаъ гирифтааст, ҷараён дорад. Чунин ҳолат «табъи дил»- и манфиатбардорон буда, дар қиболи халқиятҳое, ки пайрави дини мубини ислом мебошанд, ҳамчун василаи самараноки таъсиррасонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Ахиран, мо бояд дарк намоем, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон дар ин ҷода нақши калидиро дорост. Агар мардум ин ҷанбаро мадди назар ­дошта бошанд, он гоҳ амнияти давлату миллат осебнопазир аст.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки вақтҳои охир сатҳи дингароии бо хурофот омезишёфта дар мамлакат тамоюли афзоишро касб намудааст. Ин раванд аз зовияҳои гуногун, аз ҷумла муносибати намоишкорона ба намозгузорӣ, ирсоли паёмак ва коллажҳои барои ҷомеаи мо қобили қабулнабудаи ба дин рабтдошта аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра ҳувайдо аст.

Илова бар ин, баъзеҳо ҷудо будани иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҳамчун тазод байни дунявият ва дин маънидод карда, масъаларо ба мардум нодуруст шарҳ медиҳанд ва чунин мешуморанд, ки гӯё давлат динро аз ҳаёти ҷомеа берун мекарда бошад. Дар натиҷа, баъзе шахсони сода ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини нафарони тафриқаандоз ва ҷоҳталабу беимон мешаванд.

 Омори аз ҷониби собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҳоло муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи мамлакат) М. Умаров дар яке аз муҳокимаҳои парлумонӣ пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳад, ки аъзои гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористиро шаҳрвандони аз 17 то 40 — сола ташкил медиҳанд.

Ҷанбаи нигаронкунанда, ба андешаи номбурда, он аст, ки «дар баробари ҷангиёни алоҳида, шумораи зиёди оилаҳо дар Сурияву Ироқу Афғонистон қарор доранд ва пас аз кушта шудани саробонашон бесоҳиб монда, занҳо даст ба даст гашта, кӯдакон зери таъсири ташкилотҳои террористӣ қарор мегиранд». Ин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аз чунин кишварҳо занону кӯдакон ба Ватан баргардонида шуданд.

 Агар ба таърих назар афканем, пас муътақид хоҳем шуд, ки аксарият асосгузорони равияҳои динӣ сиёсати озмудашудаи «тақсим намову ҳукумат кун» — ро васеъ истифода мебурданду мебаранд. Табиист, ки дар ин ҳолат ҳар доираи манфиатдор мехоҳад ба хостаҳояш дастёб шавад. Онҳо кӯшиш менамоянд дар ин гуна кишварҳо бавуҷуд­ории ихтилофи мазҳабӣ ва сармоягузорию дастгирии дингароёнро пайваста идома диҳанд. Инчунин, то ҳадди имкон аз ҷониби давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки онҳо дар доираи тафаккуроти динию мазҳабӣ боқӣ монанд. Зеро, агар донишҳои илмӣ рушд кунанд, тафаккури миллӣ боло гирифта, дар пайи он манофеи миллӣ ба вуҷуд меояд, ки ба манфиати доираҳои зикр­шуда нест.

Пас аз пош хӯрдани Давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани кишварҳои тобеи он фазои озоди динӣ дар ин кишварҳо хеле паҳновар гардид. Зеро аксари мардум, ки дар бунбасти фазои динӣ қарор доштанд, бо орзуи дарёфти озодӣ ба дину диндорон рӯ оварданд. Дар ин замина, солҳои 90-уми қарни XX, ҳарчанд дар Тоҷикистон аҳзоби гуногун ва то андозае аз назари идеологӣ ба ҳам мухолиф ба вуҷуд омад, дар ин раванд ҳизби ба дин рабтдошта ҷойгоҳи хосро соҳиб шуд.

 Сипас, бинобар пайдо шудани «зарурат» ҷараёнҳоеро, аз қабили «Ваҳҳобия», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва даҳҳои дигарро ворид карданд, ки хушбахтона, ҳадафҳои онҳо ошкор ва фаъолияти аксарашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

 Касе наметавонад инкор намояд, ки дар мамлакати мо баҳри такомули афкори динӣ ва суннатҳои ба он марбут дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ муқаррарот пешбинӣ гардида, онҳо ба талаботи ҷомеа созгоранд. Дар ин раванд муҳим он аст, то шаҳрвандон дарк намоянд, ки агар имону эътиқод ба сиёсат омезиш дода шаванд, он гоҳ арзишҳои худро аз даст дода, ба василаи расидан ба қудрат табдил мешаванд, ки пайомадаш хуб нест.

 Дар кишвари мо ба чунин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб гардидани ҷавонон чанд сабаб дорад, ки асосиаш хурофотпарастӣ аст. Ба ғайр аз ин, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қисме аз аҳли зиё ва истифодаи бемавқеи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби ­насли ҷавон то андозае ба густариши ин раванд боис шудааст.

 Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд мегӯянду менависанд, вале ин раванд дар баробари доштани паҳлуҳои мусбат боиси он мегардад, ки баъзе аз муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд.

Далелҳо аз он ҳокианд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти оқибати хатарҳои муосир аз соли 2006 инҷониб бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти экстремистӣ — террористӣ ғайриқонунӣ эълон ва манъ карда шудааст. Таассуфовар аст, ки тайи солҳои охир 22 сархатиби масҷидҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд, ки 12 нафари онҳо барои доштани робитаҳои зич бо ташкилоти террористии «Бародарони мусулмон», 9 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти экстремистии «Салафия» ва 1 нафар барои узвият дар ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» айбдор дониста шудаанд.

Аз ин бармеояд, қисме аз толибилмоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ гирифтаанду ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият мекунанд, сарфи назар аз тадбир­андешиҳои сохторҳои зиддахл ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ дошта, ақидаҳои тундрави онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд.

Бо назардошти далелҳои дар матлаб зикршуда, моро мебояд аз рӯйдодҳои охир хулосаи зарурӣ барорем, сатҳи худшиносиамонро такмил диҳем ва ба сиёсӣ намудани исломи ноб роҳ надиҳем.

Далер АБДУЛЛО,

муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»