Тавре ҳамарӯза мушоҳида мекунем, маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, бо азму талошҳои хастанопазиру шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ободкориҳои зиёд ба амал омада, имрӯз кулли манотиқи кишвар саросар шукуфону гулфишон гардидааст.
Минтақаи Мурғоб аз ҷумлаи онҳост. Ин минтақа иқлими хеле сард дорад ва дар он ягон буттаю растанӣ ва ниҳолу дарахт, ба истиснои як гиёҳе, ки онро терескан ном аст, намерӯид. Тавассути ин буттаи даштӣ мардуми таҳҷоӣ ё дар маҳалҳо истиқоматдошта фасли сармо манзилҳои зисташонро гарм сохта, бо ҳамин гиёҳи саҳроӣ танӯрҳояшонро метафсонданд. Қуллаҳои осмонбӯси макони будубоши буму уқобон, палангу кафторон, ки харсангу теғакӯҳҳояш ҳама атрофро иҳота намудааст, дар қалби кас ноаён ваҳшате месозанд.
Дар минтақа аксаран шамоли сард вазида, ҳатто дар моҳҳои гарми фасли тобистон кӯрпаи чандинқабатаи барф ба чашм мерасад. Дар ин баландкӯҳи табиати ниҳоят сарддошта мардум, дар маҷмӯъ, ба қутоспарварӣ машғуланд. Об бошад, дар ҳарорати на беш аз 65 — 70 дараҷа пурра меҷӯшад. Дар суҳбат бо мардуми таҳҷоӣ аён гашт, ки табиати носозгор таъсиру зиёни бадашро ба аксари узвҳои инсон, махсусан ба дандону мӯйи сар бештар расонида, нарасидани шуоъҳои доимии гарми офтоб инсонро заифу бемадор мекардааст.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо дастгирию ғамхорӣ, кӯшишу талошҳои фарзонамарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин минтақаи дурдасти мамлакат имрӯз хеле ободу хуррам гардидааст. Он ҷо дар маркази шаҳраки ноҳия аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иморати боҳашамате бо оби заррин чунин навиштаҷот ҳаккокӣ шудааст: «То рӯзе, ки ҷон дар рамақ дорам ва дар қайди ҳаёт ҳастам, намегузорам, ки мардуми минтақаи дурдасти Мурғоб қаҳтиро бинанд, гурусна монанд, машаққату азобу азият бикашанд». Оре, ин суханони самимӣ ва пурмаънию пурмазмуни Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳое гуфта шуданд, ки мардуми ҷумҳурӣ навакак аз ҷангу низои шадиди таҳмилии шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, ҳатто бисёриҳо ба ояндаи неку дурахшони худ умеду боварӣ надоштанд ва тарсу ҳароси ин ҷанг руҳу равони мардумро батамом тарк накарда буд. Ростӣ, чунин суханони меҳромезу таскинбахшро ба ин мардуми қарнҳо дар оғӯши сарди харсангҳо ба сар дошта то ҳанӯз касе аз роҳбарони вақти кишвар нагуфта буданд. Охир, чӣ ҷои пинҳон доштани матлаб ва гилагузорист, ки аксари собиқ роҳбарони вақти ҷумҳурӣ аз талвосаи ҷон ва тарсу ҳароси зиёд ягон маротиба ба ин макони дурдаст сафари корӣ анҷом намедоданд…
Акнун, аз ифшои матлаби асосӣ дур нарафта, боз як хитобаю муроҷиати ҷавонмардонаю беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотир меорем, ки он ҳам ба қавлу иқдоми нотакрори дар боло зикрашрафта ҳамоҳангӣ, ҳамдилӣ ва шабоҳат дорад. Агар ҳамагон дар ёд дошта бошанд, дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи худ муроҷиат карда чунин изҳор намуда буданд: «Қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварии комил дорам». Яъне, ин ҳамраъйӣ, ҳамдилӣ, муроҷиату ғамгусориҳо магар ҳамдигарро пурраю комилтар намесозанд ва магар онҳо аз қалби пуршӯру пурмеҳри як инсони садоқатпешаю меҳандӯсту раъиятпарвар гуфта нашудаанд? Воқеан, он суханоне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи дурдасти Мурғоб иброз доштанд, хеле самимию боварибахш гуфта шудаанд, ки дар он рӯзҳои душвору ҳассос ба руҳу равони мардуми ин ноҳияи иқлими хеле сарддоштаи кӯҳистонамон шуълаи умеду бовариро илқо сохтанд ва имрӯз тавре мебинему шоҳидем, суханони дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳӣ изҳорнамудаи Пешвои миллат низ дар ҳаёт пурра татбиқ шуданд. Ҳоло мардуми ноҳия ҳаёти хеле хуб доранд, барои иқлими сард музди маоши иловагӣ мегиранд, тамоми сол бо кулли маҳсулоти ғизоӣ таъминанд ва дар масъалаи истироҳату фароғаташон низ ягон норасоию камбудӣ сари роҳашон вуҷуд надорад. Дар ноҳия бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ театру клубҳо, муассисаҳои таълимӣ ва боғчаю таълимгоҳҳои таъиноти гуногундошта амал мекунанд.
Садҳо биноҳои хуштарҳи замонавӣ дар бахши иқтисодиёт, иҷтимоиёт, савдо, нақлиёт, фарҳангу маорифу тандурустӣ мавриди истифодаи мардум қарор дода шудаанд. Маҳз ба шарофати дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат шаҳраки Мурғоб имрӯз гулзору шукуфазор гардида, дар ин минтақаи кӯҳӣ миллионҳо гулу бутта, дарахтони мевадору сояафкану ҳамешасабз сабзонида шудаанд.
Вақте ки чанд моҳ қабл бори охир ба ин минтақаи дурдасти кишвар сафар намудам, тағйироту дигаргуниҳои чашмрасу беназирро дар ноҳия дида, қалбам пур аз фараҳу нишот гардид. Дар ноҳияи Мурғоб бахшида ба Ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти таъиноти мухталифдошта бомаром идома дошт. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақа наздик ба 200 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи садҳо миллион сомонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Дар ноҳия боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Боғи мазкур бо мақсади баргузории барномаҳои фарҳангӣ, идҳои миллӣ ва дигар тантанаҳои ҷашнист. Масоҳати умумии боғ 2 гектарро ташкил дода, масоҳати 10 600 метри мураббаъи он сабзазор ва 1700 бех дарахт шинонида шуда, барои равшаннамоӣ чароғакҳои баландпоя насб гардидаанд. Барои гузаронидани чорабиниҳо дар масоҳати 150 метри мураббаъ майдончаҳои варзиш сохта шуда, бо масоҳати 1100 метри мураббаъ атрофи боғ панҷарабандӣ гардидааст. Дар боғ бо мақсади баланд бардоштани худшиносии сокинони ноҳияи Мурғоб ва фароғати сайёҳон портретҳои адибони тоҷик гузошта шуда, ҳамзамон, расмҳои қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ ва таҷҳизот барои бозиҳои варзишӣ ва ҳайкалчаҳои ҳайвоноти сунъӣ гузошта шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия бинои нави Ҷамоати деҳоти Аличур, ки дар заминаи амалишавии барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Мурғоб бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор гирифтааст. Дар мавзеи Оқбалиқи деҳоти мазкур як меҳмонхонаи муосир мавриди истифода қарор дода шудааст. Тавре иттилоъ пайдо намудем, соли сипаригашта дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст, ки масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Баландии пояи Парчами давлатӣ 35 метр, андозаи он 12 ба 6 метр ва баландии пояи Нишони давлатӣ 22 метрро ташкил медиҳад. Саҳни майдон дар масоҳати 1600 м2 бо тахтасангҳо ва 380 м2 бо сангҳои ороишии гранит ва мармар рӯйпӯш шуда, чароғон мебошад.
Ин ҳама бунёду ободкориҳо маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту тараққиёти ин минтақаи дурдасти мамлакат ба вуқӯъ омадааст. То таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои ин минтақаи дурдаст ба таври шинохтанашаванда тағйир хоҳад ёфт.
- Мардуми мо Роҳбари давлатамонро барои эҳсоси наҷиби инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ, меҳру шафқати самимӣ, мушкилнописандӣ ва иродаи қавию устувор доштанашон зиёд дӯст медоранд. Мо ҳеҷ гоҳ он рӯзҳои тираю даҳшатноки ноумедиро фаромӯш намесозем ва агар ин ҷавонмарди ҷонфидо, инсони воқеан ҳам ҷасуру далер худро миёни обу оташ намеафканд, ҳоли мардуми мо хеле табоҳ мешуд, — мегӯяд дар суҳбат рӯзноманигор Қурбон Аламшоев.
Мо танҳо ҳақиқатро бояд ифшо намоем, ҳақиқатро ба мардум бирасонем ва охир, баъди ин қадар ободкорию бунёдкориҳо чаро мо самимонаю эҳтиромона ба Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсану офаринҳо нахонем?! Яъне, маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ ва фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро садҳо кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтанд. Бубинед, бо гузашти танҳо се даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як давлати рӯ ба тараққӣ мубаддал гардид ва имрӯз мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин неъмати рӯи дунё мебошад. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба мардуми кишвар таъкид менамоянд:
«…Мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу суботи бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона заҳмат кашем. Бори дигар таъкид менамоям, ки ба ҳамаи дастовардҳои то имрӯз ноилшудаамон маҳз истиқлолияти давлатӣ имкону шароит фароҳам овардааст».
Бале, ба андешаи мо дастоварди бузургтаринамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдату пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳист, ки ин ҳама маҳз тавассути заковату хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароямон муяссар гардид. Имрӯз азизу муқаддас доштани соҳибистиқлолӣ вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар аст, зеро истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик тағйироту гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ заминаи боэътимод гузошт.
Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»