Бахтномаи миллат ва дурнамои давлат

№132-133 (4872-4873) 07.11.2024

WhatsApp Image 2024-11-07 at 15.17.15 — копияБаъд аз барҳам хӯрдани сох­ти давлатдории шуравӣ ва аз байн рафтани робитаҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ фишангҳои давлатдорӣ дар аксар кишварҳо фалаҷ гардида, боиси нооромӣ, бесарусомонӣ ва ҷангу муноқишаҳои дохилӣ шуданд. Он ҳалқаҳои занҷире, ки ҷумҳуриҳои собиқ шуравиро бо ҳам пайвас­та, муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамуд, гусаста ва онҳо пароканда гардиданд. Дурнамои ин кишварҳо маълум набуд, ки онҳо кадом сохт ва шакли идораи давлатдориро бояд интихоб намоянд.

Беҳокимиятӣ, бесалоҳиятии сохторҳои давлатӣ ва набудани қонунҳои амалкунанда мушкилоти зиёд­ро пешорӯи сокинони ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ овард. Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ки барои як давлати абарқуд­рат таҳия гардида буданд, дигар ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, ки ҳар яке забон, урфу одат ва дину оини худро доштанд, мутобиқат намекарданд.

Мутаассифона, дар Тоҷикис­тони соҳибистиқлол то қабули Конститутсияи нав меъёрҳои куҳнашудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикис­тон, ки дар асоси Конститутсияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалис­тии соли 1977 қабул гардида буд, амал менамуд ва он на танҳо ба фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистони мустақил ва соҳибихтиёр халал ворид менамуд, балки монеаи рушди институтҳои демок­ратия дар кишвари мо гардид. Бинобар ин, дар ин давра зарурати таҳияи қонунҳои ҷавобгӯи замон, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нави кишвар, ки мебоист фарогири тамоми соҳаҳо ва самтҳои ҳаёти ҷомеа бошанд, ба миён омад. Дар чунин даврае, ки нобасомонӣ, ҷангу муноқишаҳои дохилӣ ва фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои давлатӣ кишварро фаро гирифта буд, қабули ин санади тақдирсоз ногузир буд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба муҳит ва шароите рост омад, ки хатари аз байн рафтани давлату миллат ба кишвар таҳдид менамуд. Аммо новобаста аз монеа, мушкилиҳои пешомада ва парокандагӣ бо иқдому ташаббус ва роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби олимон, ҳуқуқшиносони варзида, намояндагони илму фарҳанг, шоирону нависандагон, ҳамзамон, табақаҳои гуногуни ҷомеа созмон дода шуда, онҳо ба таҳияи ин ҳуҷҷати таърихӣ машғул гардиданд. Зимни суҳбат бо Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким вобаста ба фаъолияти гурӯҳи корӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта андешаҳои худро дар ҷараёни таҳия ва баҳс дар бобати Конститутсия иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин мутахассисон барои та­ҳияи Конститутсия ҷалб шуданд. Қабл аз ҳама, аз тарафи гурӯҳи корӣ конститутсияҳои як қатор кишварҳои мутараққии ҷаҳон мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва бартарӣ дош­тани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он зоҳир мегардад, ки зимни таҳияи он таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷӣ ба эътибор гирифта шудааст.

Дар ҷараёни таҳияи Конститутсия аз ҷумла, муайян намудани шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баҳсу мунозира ва гуногунфик­рӣ зиёд буд. Гурӯҳе ҷонибдори ҷумҳурии парламентӣ ва гурӯҳи дигар афзалиятнокии шакли идораи президентиро пешниҳод карданд. Конститутсия, ки ҳамчун қонуни асосӣ ва сарнавиштсоз барои давлату миллат ба шумор мерафт, бо назардошти вазъи душвору шароити номуътадил ва мушкилоти вақт шакли идораи президентӣ бештар мувофиқ буд ва ҳангоми раъйдиҳӣ низ он овози бештар гирифт.

Дар идомаи суҳбат Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким таъкид намуд, ки дар Конститутсияи даврони шуравӣ зикр гардида буд, ки дилхоҳ кишвар ҳуқуқ дорад ба ҳайати ИҶШС дохил ва аз он хориҷ гардад, вале дар асл чунин набуд, тамоми масъалаҳо тавассути марказ ҳаллу фасл мегардид. Номбурда, ҳамзамон, илова кард, ки дар сиё­сати хориҷӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ ҳуқуқ надош­танд бо давлатҳои хориҷӣ муносибат барқарор кунанд ва он танҳо аз марказ идора карда мешуд.

Яке аз рукнҳои давлати соҳиб­истиқлол ин доштани Артиши миллӣ мебошад, вале Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қувваҳои Мусаллаҳи худро надошт ва бо шарофати истиқлол Тоҷикистон соҳиби Артиши миллӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо талошу роҳнамоии Сарвари давлат ва ранҷу заҳмати олимону ҳуқуқдонҳо ва коршиносон ниҳоят санаи 6 ноябри соли 1994 бо иштироки дастҷамъонаи сокинони мамлакат ва раъйпурсии умумӣ ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз ҷониби мардуми тамаддунсози тоҷик бо дарки масъулияти бузург якдилона қабул шуд.

Бо мурури замон бо назардошти дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, пешрафту шукуфоӣ ва тағйирот дар сохтори давлатию ҷамъия­тӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён омад. Санаҳои 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба рушду тараққиёти минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таъмини некуаҳволӣ ва зиндагии шоиста, ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат намуд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар сартосари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантанаву шукӯҳи зиёд ва як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ таҷлил менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими муттаҳидшавӣ, ҳифзи ризояти шаҳрвандӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дарки худшиносии сокинони кишвар гардид.

Дар чунин шароити тақдирсозу сарнавиштсоз қабули Конститутсияро метавон дастоварди бузурги миллӣ номид. Зеро дар даврае, ки вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар мамлакат ниҳоят мураккабу вазнин буд, таҳияи чунин санади муҳиму тақдирсоз вақти мусоид, шароити мувофиқ ва фазои оромро талаб менамуд. Вале, ба ноҷурӣ ва мушкилиҳо нигоҳ накарда, баъд аз таҳияи чунин қонуни мукаммал аз ҷониби гурӯҳи корӣ ва қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз аз тарафи сокинони мамлакат, дар асоси он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар доираи арзишҳои миллию давлатӣ ва қонунгузории мамлакат рушду инкишоф ёфта, имрӯз Тоҷикистон дар радифи давлатҳои мутараққии дунё дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор мегузорад. Дар суханронӣ бахшида ба солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги давлат ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик арзёбӣ карданд ва ба он ҳамчун танзимкунандаи масъалаҳои ҳаёти сиё­сӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд доданд. «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо истифода аз ин санади муқаддас ва тақдирсоз, ки ҳамчун шаҳодатномаи давлат шинохта шудааст, тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро самаранок пеш мебаранд.

Конститутсия ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиати миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсияи кишвар Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ кард, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санади олии ҳуқуқӣ мебошад, аз ҷониби коршиносон ва намояндагони кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Тоҷикистон дар баробари расидан ба ҳадафҳои миллии худ, алалхусус Истиқлоли давлатӣ, барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои олӣ ва муқаддасоти давлатдорӣ бо тарзу равиши тоза назар карда, беҳтарин арзишҳо ва ормонҳоро, ки ба манфиати аҳолии мамлакат равона гардидааст, ҳифз менамояд. Конс­титутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлоли давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ормонҳои миллӣ, ҳадафҳои созандаву бунёд­корона, беҳбудӣ ва некуаҳволии рӯзгори мардум, ҳамзамон, ҳифзи манфиати сокинони кишварамон бино ёфтааст. Ин санади тақдирсоз эътибори баланди ҳуқуқӣ дош­та, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллату давлат ба ҳисоб меравад. Дар он ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода шуда, дар моддаи 5-уми он омадааст, ки «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Конститутсия аҳолии Тоҷикис­тони тозаистиқлолро ба сӯйи музаффарият ва комёбиҳои нав ба нав раҳнамоӣ карда, ормонҳои деринтизори миллати тоҷикро амалӣ менамояд. Дар муддати беш аз 33 соли даврони Истиқлоли давлатӣ ва 30 соли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, саноа­ту кишоварзӣ, иҷтимоӣ, фарҳангу варзиш аҳолии мамлакат ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ ва мутақобилан судманди худро бо як қатор давлатҳои ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монда, дар заминаи ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ дар як муддати кӯтоҳ ба рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа расид, ки ҳамаи ин пешрафту шукуфоӣ маҳз дар натиҷаи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмати шабонарӯзӣ ва дастгирию роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро муяссар шуд.

Воқеан, фароҳам омадани шароити мусоид, суботу оромӣ, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ дар миёни сокинони минтақаҳои Тоҷикис­тон барои таъмини муносибатҳои дохилӣ ва самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дурнамои кишварамон заминаи боэътимод гузошт, ки аз рисолати таърихии ин санади олии мамлакат — Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Конститутсия кафили сулҳ, якпорчагӣ, муттаҳидию ягонагӣ, ваҳдати миллӣ, пойдории арзишҳои миллату давлат, таҷассумгари давлату давлатдории тоҷикон, фарҳангу тамаддуни бостонӣ, расму оин ва анъанаҳои миллии тоҷикон мебошад.

Бо такя ба суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаз­зами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон: «Конститусия ҳамчун дас­т­оварди бузурги мардуми Тоҷикис­тон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли ифодаи ҳуқуқи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад», мавқеъ, бартарият ва аҳамияти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ва таърихӣ дар он зоҳир мегардад, ки он бори нахуст аз ҷониби сокинони Тоҷикистон бо майлу ирода ва раъй­пурсии умумӣ қабул гардидааст.

Солҳои охир вазъи сиёсию ҷамъиятӣ дар ҷаҳон дигаргун гардида, дар ин раванд муносибатҳои ҳуқуқӣ низ таҳаввул ёфта истодаанд. Бо дарназардошти тағйирот ва дигаргуниҳо нақш ва мавқеи Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ боз ҳам бештар ва қавӣ мегардад. Ҳаводиси муосири дунё ҳар як инсони ватанхоҳу ватандор ва ҳар як кишвари соҳибистиқлолро водор месозад, ки озодию оромӣ, сулҳу ваҳдат, амнияту суботи сиёсӣ, волоияти қонунро, ки аз Конститутсия сарчашма гирифта, барои пойдории истиқлол ва давлати миллӣ мусоидат мекунанд, ҳифз намоянд ва оромию осоиштагии ҷомеа ва ҳаёти инсонро дар рӯйи олам ҳамчун волотарин арзиш эътироф намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия 11 ноябри соли 2023 иброз намуданд, ки: «Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид».

Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати демокративу дунявӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва ягона, мавқеи устувор дорад.

Аламшозода Абдураҳмон Аламшо,

муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия