Чанд вақт аст, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошту ҳабс ё ҷаримаи ҷавонон хабар медиҳанд, ки гуноҳашон дар кӯчаҳо ба духтарон гап партофтану дағалгуфторӣ кардан арзёбӣ мегардад. Зимнан, шикояти зиёди ҷавононро низ мешунавем, ки мегӯянд қонунгузорӣ ҳаққи шикоят карданро дар мавридҳои зикршуда ба онҳо надодааст.
Дар матлаб доир ба шикоятҳои духтарон, норозигии писарон, суиистифода намудан ва шантаж шудани ҷавонон аз ҷониби духтарон, надонистани қонунгузорӣ сухан меравад.
ТАЪИНИ ҶАЗО ВА СУИИСТИФОДА АЗ ҚОНУНГУЗОРӢ
Барои гаппартоӣ ва дағалгуфторӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҷазо таъин мешавад, вале боз ҳам чунин ҳолатҳои нанговарро мушоҳида кардан мумкин аст.
Дар аксар ҳолат ҷавонони дағалгуфтор тибқи моддаи 460 (майдаавбошӣ) — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин, содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин моддаи кодекси мазкур аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз ҷазо пешбинӣ намудааст.
Аз рӯи ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ шудани ҷазо барои дағалгуфторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ далели он аст, ки ин навъи ҷазо ҳам барои писарон ва ҳам барои духтарон муқаррар шудааст, вале баъзеҳо аз надонистани ин талаботи қонунгузорӣ бо шикояти худ, ки гӯё ҳаққу ҳуқуқашон поймол мешавад, шабакаҳои иҷтимоиро ба шикоятхона табдил медиҳанд. Аз ҷониби дигар, бисёранд ҷавононе, ки ин ҳолатро медонанд, вале аз болои ҷинси зан шикоят карданро раво намебинанд. Бинобар ин, расман ба мақомоти дахлдор муроҷиат намекунанд.
Дар мавриди шумораи аниқи муроҷиаткунандагон, ки соли равон бо сабабҳои гуногун ҷабрдида ҳисобида мешаванд, маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Ба иттилои маркази матбуотии ВКД, ин гуна ҳолат зиёд рух медиҳад ва аксарият на расман, балки бо нашри аксу навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамоянд.
Ҳамчунин, аз ВКД тасдиқ карданд, ки барои гаппартоӣ ва дағалгуфторӣ дар қонунгузорӣ муқаррарот нест.
сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шакурӣ аз суиистифода шудани вокунишҳои зуд ва саривақтии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба муроҷиати мардум чунин гуфт:
- Мутаассифона, шоҳиди чанд ҳолати суиистифодаи ғамхорӣ ва вокуниши саривақтӣ шудем. Санҷишҳо маълум карданд, ки чанде аз сокинон ба нафари алоҳида дар мавриди гаппартоиву дағалгуфторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ туҳмат карда, мехоҳанд бо ин роҳ қасд гиранд, вале ин гуна ҳолат ошкор ва ба туҳматгарон дар асоси қонунгузорӣ ҷазо таъин карда шуд.
ШИКОЯТ АЗ ҶОНИБИ МАРДОН ҲАМ ҲАСТ
Ба нақли ҳамсуҳбати мо, шикоятҳо аз тарафи мардон ҳам мерасанд, вале хеле кам, зеро аз як ҷониб нангу номуси мардӣ ва аз ҷониби дигар урфу одати тоҷикона намегузорад. Барои мисол, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор нашр гардид, ки дар он ҷавондухтаре ба дағалгуфторӣ роҳ дода, даъво кард, ки ҷавонписари номаълум ӯро дар ҷои ҷамъиятӣ мавриди дашному ҳақорат қарор дод. Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои баҳои ҳуқуқӣ додани ҳодиса дархост намуданд.
Дар натиҷаи таҳқиқ, нисбат ба ҳар ду иштирокчиёни ҳодиса тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) — и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
ГУНОҲИ ОИЛА ВА МАКТАБ
Вобаста ба гаппартоӣ ва дағалгуфторӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ узви ҷамъияти равоншиносони Тоҷикистон Марям Давлатова чунин андеша дорад:
- Сабаби асосии чунин ҳолатҳо надоштани малакаи муошират бо ҷинси дигар аст. Ҷавонон дар ин синну сол зери таъсири ғалаёни гормонҳоянд ва ба ҷинси дигар хеле зиёд майл доранд.
Ҳамчунин, мусоҳибамон сабаби дигари рух додани ин гуна ҳолатро набудани донишҳои муоширатӣ дар оилаву муассисаҳои таълимӣ медонад:
- Азбаски ҷомеа на дар оила, на дар мактаб донишу малакаҳои муоширатро намедиҳад, ин раванд ҳамин хел суст сурат мегирад. Оилаҳое, ки дар он ҷо муносибати зану шавҳар дар доираи меъёрҳои одоб сурат мегирад, ба фарзандон ин малакаро ҳам аз тариқи намунаи рафтор медиҳанд. Баръакс, ҷое, ки дар муносибатҳо беэҳтиромӣ ва дағалӣ меъёри муносибат аст, фарзанд бо ҳамин «захира» ба олами берун мебарояд ва онро зоҳир мекунад.
ИҚДОМИ ШАҲРДОРӢ ДАР САРГАҲ БУД
Соли 2018 гурӯҳе аз бонувони сокини Душанбе дар нома ба унвонии Раиси шаҳр хостори расидагӣ ба масъалаи озори лафзии занон дар кӯчаҳои пойтахт шуданд. Дар он муроҷиатнома 50 зану духтарони сокини пойтахт пешниҳод карданд, ки барои муҷозоти ҷавонону мардоне, ки бо бонувону духтарон луқмапартоӣ мекунанд, чораҷӯӣ шавад. Сипас, вобаста ба масъала гурӯҳи корӣ ташкил шуд.
Албатта, мардум ба ҷинси зан аз ҳар ҷиҳат эҳтироми хос зоҳир менамоянд, вале ин маънои поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои мардонро надорад.
Зимнан, агар ба гаппартоиву дағалгуфтории аҳли ҷомеа чандон аҳамият надиҳем, суиистифода кардани талаботи қонунро аз ҷониби афроди муайян пешгирӣ накунем, инчунин, ба қисме аз ҷавонон дар мавриди баробар буданашон бо ҷинси зан маълумот пешниҳод насозем, пас ин гуна ҳодисаҳо боз ҳам бештар мегарданд.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»